ЯК ШЕЪРИ ҲАҶВӢ ДУ СОКИНИ МАСТЧОҲРО ПАСИ ПАНҶАРА БУРД… (ВИДЕО)

Нисбат ба ду сокини ноҳияи Мастчоҳ бо иттиҳоми паҳн кардани маълумоти бадномкунанда нисбат ба аҳли як хонавода аз шаҳраки Бӯстон, маркази ин ноҳия парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.
Акбар Шарифӣ, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” бархе ҷузъиёти ин парвандаро ошкор кард. Бино ба иттилои подполковник Шарифӣ, шаҳрвандон Самиев Иброҳим Ҳусейнович, соли таваллудаш 1974, ва Шоҳсаидзода Шаҳром Иброҳим, соли таваллудаш 1998, сокинони ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ, дар шакли шеърӣ овозаеро паҳн кардаанд, ки гӯё сокини 38-солаи шаҳраки Бӯстон А. ба бачабозӣ рағбат дорад ва ин дар ҳолест, ки ба таъкиди сухангӯи милитсияи Суғд, ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд ва марди туҳматшуда дар асл тарзи ҳаёти солимро пеш бурда, дар корҳои муфиди ҷамъиятӣ низ фаъол будааст.
Бино ба фарзияи милитсия, Иброҳим Самиев ва Шаҳром Шоҳсаидзода моҳи марти соли 2024 тавассути Интернет дар бораи хислатҳои гӯё “ғайриахлоқӣ”-и марди 38-солаи сокини шаҳраки Бӯстон ва аҳли оилаи ӯ маълумот паҳн карда, ба обрӯву эътибор ва мавқеи ҷамъиятии ӯ зиён расондаанд. Аммо тафтишот нишон дод, ки ин маълумоти паҳнкардашуда асоси воқеӣ надошта, танҳо бо мақсади дилхушӣ паҳн карда шудааст.
Акбар Шарифӣ мегӯяд: “Гумонбаршуда Иброҳим Самиев дар бораи шахсият ва ҳаёти шахсии ҷабрдида шеър эҷод кардааст ва ҳаммаслаки ӯ Шаҳром Шоҳсаидзода бо истифода аз шабакаи ВатсАпп ин шеърро ба дигарон ирсол намуда, ба паҳн гаштани овоза асос мегузорад”.
Шаҳром Шоҳсаидзода дар гузориши нашршуда мегӯяд: “Телефонро худаш гирифту сабт кард. Баъд ман гирифтаму партофтам, тамом…”
Иброҳим Самиев эътироф мекунад, ки ҳангоми навиштану паҳн кардани шеър маст буд: “Ман дар ҳақиқат дар ҳолати мастӣ нисбат ба оилаи А. шеър эҷод кардам, ки гӯё онҳо ба бачабозӣ машғул мебошанд. Ман дар ҳолати мастӣ нисбат ба онҳо туҳмати бардурӯғ гуфтаам. Ман 100 бор пушаймонам ва аз онҳо узр мепурсам…”
Аммо ҳарду дар баёноти худ гуфтаанд, ки нисбат ба А. ва аҳли оилаи ӯ ягон хусумат надоранд ва дар амали онҳо низ ягон навъ қасди тамаъҷӯӣ ҷой надошт.
“Танҳо дилхушии бемаврид ва фикр накардани оқибати амал ба ин ҷиноят оварда расонда, овозаи беасос боиси тағйир ёфтани фикри сокинон дар бораи А. шудааст”, – таъкид мекунад дар гузоришаш Акбар Шарифӣ, сухангӯи милитсияи Суғд. Ӯ аз ҷумла аз беандешагии Шаҳром Шоҳсаидзодаро зикр кардааст, ки барои дар шакли аудиоӣ сабт кардани шеърхонии Иброҳим Самиев ва дар ВатсАпп паҳн кардани он ҳамагӣ 10 сомонӣ, ё камтар аз як доллар “ҳаққи кор” гирифтааст ва ҳоло барои ин пули ночиз табари ҷавобгарии ҷиноятӣ болои сараш рост шудааст.
Ба ин ду сокини Мастчоҳ бар асоси моддаи 144, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ ва паҳн кардани маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ ҳамчун ҷазо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз 120 то 180 соат, ё ҷарима ба андозаи аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне ба маблағи аз 14 ҳазору 400 сомонӣ то 36 ҳазор сомонӣ, ё аз 1300 то 3300 доллар) ваё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то як сол таҳдид мекунад.