ВарзишВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ДАВЛАТ БОЛТАЕВ ДАР НИМФИНАЛ ШИКАСТ ХӮРД ВА СОҲИБИ НИШОНИ БИРИНҶИИ ОЛИМПИДАИ ПОРИС ШУД

Муштзани 25-сола аз Тоҷикистон Давлат Болтаев шоми 4 августи соли 2024, дар даври ниманиҳоии мусобиқоти бокс дар вазни то 92 кило дар Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ дар Порис аз рақибаш Лазизбек Муллоҷонов аз Ӯзбекистон шикаст хӯрд ва бо нишони биринҷии олимпӣ иктифо кард.  Давлат Болтаев ҳунарнамоии арзанда нишон дод ва бар Муллоҷонов бартарӣ ҳам дошт, вале як иштибоҳ дар даври дуюм, ки боиси ба нокдаун афтодани ӯ шуд, тақдири бозиро ба фоидаи рақибаш ҳал кард.

Ин медали алакай сеюми тими олимпии Тоҷикистон дар Порис буд. Бояд гуфт, Тоҷикистон бори аввал дар таърихаш дар Бозиҳои олимпӣ соҳиби се медал шуд.

Медали Давлат Болтаев нахустин медали олимпии Тоҷикистон дар риштаи бокс дар 12 соли охир баъди медали биринҷие буд, ки Мавзуна Чориева соли 2012 дар Олимпиадаи Лондон ба даст овард.

Лазизбек Муллоҷонов акнун дар финал барои унвони қаҳрамони олимпӣ бо Олександр Хижняк аз Украина, ки дар даври нимфиналӣ чемпиони 2 Олимпиадаи қаблии солҳои 2016 ва 2020 Арлен Лопес аз Кубаро шикаст дод, вориди рақобат мешавад.

Давлат Болтаев 13 январи соли 1999  дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Баъди машқи навъҳои мухталифи варзишҳои муҳорибавӣ Давлат Болтаев билохира рӯи муштзанӣ қарор гирифт ва ояндаи карераи варзишиашро ба ҳамин навъи варзиш пойбанд кард. Давлат Болтаев бори аввал дар арсаи байналмилалӣ аз худ ба гунаи ҷиддӣ соли 2022 дар пайи ба даст овардани унвони қаҳрамони бокси Осиё дар байни ҷавонони синнашон то 22 дарак дод.

Ӯ моҳи майи соли 2023 дар чемпионати бокси ҷаҳон то даври чорякниҳоӣ расид ва моҳи октябри соли 2023 дар Бозиҳои Осиё дар Ханчжоуи Хитой соҳиби ҷои аввал ва унвони қаҳрамонӣ дар вазни то 92 кило гардида, аз байни варзишгарони тоҷик яке аз нахустинҳо шуда, роҳхат ба Олимпиадаи Порисро ба даст овард. Давлат Болтаев аз соли 2021 дар майдони бокси касбӣ низ ҳунарнамоӣ мекунад ва то имрӯз 4 маротиба вориди майдони бокси касбӣ шуда, ҳамаи 4 рақобаташро бурдааст ва ягон бор шикаст нахӯрдааст.

То имрӯз алакай 12 узви тими олимпии Тоҷикистон ба ҳунарнамоҳои худ дар Бозиҳои олимпии Порис поён доданд. Аз байни онҳо се нафар: гуштингирон Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов дар гуштини дзюдо ва Давлат Болтаев дар муштзанӣ (бокс) соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.

Ба ин тартиб, аз 14 узви тими олимпии Тоҷикистон танҳо ду нафари дигар ҳанӯз дар Олимпиадаи Порис ҳунарнамоӣ накардаанд.

Виктор Рассадин аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Порис дар риштаи гуштини озод дар вазни то 74 кило 9-уми август доир мекунад ва Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо 10-уми август аввалин рақобаташро дар вазни беш аз 67 кило миёни занон анҷом медиҳад.

Олимпиадаи тобистона дар пойтахти Фаронса, ки 26 июл оғоз ёфт, то 11 август давом мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button