ВидеоМуҳоҷирон

АЗ АВВАЛИ СОЛИ ҶОРӢ 1000 НАФАРРО АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ КАРДААНД. НИМИ ОНҲОРО  – БАРОИ ҚОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР

Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод, ки дар нимаи аввали соли 2024 қариб 1000 нафарро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардаанд. Беш аз нисфи онҳо ба далели даст доштан дар ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир шаҳрвандии русиашонро аз даст додаанд. Қарори маълум, моҳи апрели соли 2024 ба қонуни федералӣ “Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия” як силсила тағйирот ворид карда шуд, ки барои даст доштан беш аз 40 навъи ҷиноят аз шаҳрвандии Русия маҳрум сохтани  хориҷиёни шаҳрвандони тоза ин кишвар шударо иҷозат медиҳад.

Намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк дар Телеграм-каналаш навишт: “Вазорати корҳои дохилии Русия дар нимсолаи аввали соли 2024 шаҳрвандии қариб 1000 нафари шаҳрвандии Русияро ба даст овардаро барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашонда шуданашон қатъ кард. Беш аз нисфи қарорҳо дар мавриди қатъи шаҳрвандӣ барои содир кардани ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қабул карда шудаанд”.

Ирина Волк зикр кардааст, ки дар сурати даст ба ҷиноят задани онҳое, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, шаҳрвандии онҳо қатъ карда мешавад. Дар модддаҳои 24, 25 ва 26 қонуни шаҳрвандии Русия аз 28 апрели соли 2023 рӯйхатти ҷиноятҳое, ки содир кардани онҳо метавонад сабаби аз шаҳрвандии Русия маҳрум шудани муҳоҷирон шавад, оварда шудааст. Аз ҷумла барои чунин ҷиноятҳо метавонанд аз шаҳрвандии Русия маҳрум бисозанд:

  1. фаъолияти ифротӣ ё террористӣ ё ҳамлаи террористӣ
  2. даст задан ба амали терроризми байналмилалӣ
  3. маблағгузорӣ ё мусоидат ба фаъолияти ифротӣ ё террористӣ
  4. содир кардани амал ба зидди амнияти миллии Русия
  5. таҷовуз ба номуси ноболиғон, ё таҷовуз бо оқибатҳои вазнин
  6. алоқаи ҷинсӣ (бачабозӣ ё луттигарӣ) бо ноболиғони зери синни 16
  7. аъмоли бадахлоқонаи гуруҳӣ ё ба муқобили кӯдакон
  8. ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ
  9. гаравгонгирӣ
  10. ташкили гуруҳи мусаллаҳ ваё иштирок дар ҷанг ба зидди манфиатҳои Русия
  11. паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Русия
  12. узвият дар созмонҳои муташаккилонаи ҷиноятӣ
  13. мақоми “дузди қонунӣ” (“вор в законе”) доштан дар олами ҷиноӣ
  14. рабудани ҳавопаймо ё чархбол
  15. ташкили бетартибиҳои оммавӣ
  16. иштироки батакрор дар митингу раҳпаймоиҳои ғайриқонунӣ
  17. дуздӣ, сохтан ва қочоқи силоҳу маводи тарканда
  18. қочоқи маводи заҳрдору радиоактивӣ
  19. қочоқи маводи мухаддир ва васоили психотропӣ
  20. ба истеъмоли маводи мухаддир моил кардани дигарон, бахусус ноболиғон
  21. даъвати мардум ба сарпечӣ аз итоат ба мақомот
  22. хиёнат ба давлат
  23. ҷосусӣ
  24. фош кардани сирри давлатӣ
  25. сӯиқасд ба ҷони ходими давлатӣ
  26. сӯиқасд ба ҷони судяҳо
  27. сӯиқасд ба ҷони кормандони ҳифзи ҳуқуқ
  28. ғасби ҳокимият
  29. шӯриши мусаллаҳона
  30. вайрон кардани якпорчагии Русия ё даъват ба он
  31. фаъолияти диверсионӣ
  32. барангехтани кинаву адоват
  33. иштирок дар фаъолияти созмонҳои хориҷие, ки Русия “номақбул” эълонашон кардааст
  34. саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, аз ҷумла бо роҳи худро бардурӯғ бемор нишон додан
  35. фирор аз хидмати ҳарбӣ
  36. саркашӣ аз иҷрои талаботи қонун дар бораи “агентҳои хориҷӣ”
  37. таҳқири нишон ва парчами давлатии Русия
  38. даъват ба ҷанг
  39. сафед кардани фашизм
  40. ироаи маълумоти бардурӯғ ё асноди қалбакӣ ҳангоми дарёфти шаҳрвандии Русия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button