ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМуҳоҷирон

ЗАНОЗАНӢ БАЙНИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ ДАР МИНТАҚАИ ЛЮБЛИНОИ МАСКАВ (ВИДЕО)

Шоми 1 августи соли 2024 дар минтақаи Люблино, дар ҷанубушарқи пойтахти Русия байни муҳоҷирон боз як занозании гуруҳӣ рух додааст. Пулиси Маскав хабар дод, ки як нафарро дар пайи ин занозанӣ дар бемористон бо захми корд бистарӣ кардаанд.

Расонаҳои Русия аз қавли шоҳидон хабар доданд, ки занозании шоми панҷшанбе, 1 август, дар боғи “Татьянин парк” дар наздикии калисо дар кӯчаи Совхозная байни муҳоҷирон аз Тоҷикистону Қирғизистон сар задааст. Фурӯшгоҳи машҳури “Люблино”, макони кори садҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, низ дар ҳамин кӯчаи Совхозная ҷойгир шудааст.

Бино ба як фарзия, як ҷавони тоҷик ба мардикорони қирғиз, ки дар боғ пиво менӯшиданд, эрод гирифтааст, вале онҳо ба ҳарфи ӯ эътино накардаанд. Дар ниҳоят баҳси лафзии онҳо ба занозанӣ печида, коргарони қирғиз он ҷавони тоҷикро ҳамакаса латтукӯб кардаанд. Дар айни авҷи занозанӣ касе яке аз иштирокчиёни муноқишаро бо корд задааст.

Раҳгузарон кӯшиш кардаанд, ки дар ҷои ҳодиса ба ҷавони захмӣ ёрӣ расонанд, вале ӯ хуни зиёдашро аз даст дода буд ва ба ин далел, ӯро ба бемористон интиқол додаанд. Табибон вазъи ин ҷавони 23-соларо миёнаи вазнин арзёбӣ карда, гуфтаанд, ки ӯ аз ронаш корд хӯрдааст. Расонаҳои русӣ ҷабрдидаро Советбек ном бурдаанд, вале номи ӯ дар асл шояд Соатбек бошад. Маълум нест, ки ӯ аз Тоҷикистон аст ё Қирғизистон?

Вазъи иштирокчиёни дигари занозанӣ маълум нест, чунки ҳамаи онҳо ҳанӯз то омадани пулис аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд ва пулис то ҳол онҳоро пайдо накардааст.

“Байни тоҷикҳову қирғизҳо муноқишаи марзӣ вуҷуд дорад ва аз ин рӯ, онҳо, агар малеҳтар бигӯем, ба ҳамдигар чандон рӯи хуш нишон намедиҳанд”, – гуфтааст яке аз шореҳон. Дар воқеъ, ин бори аввал нест, ки зодагони Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳрҳои гуногуни Русия аз гиребони якдигар мегиранд.

Тоҷикистону Қирғизистон дар баробари Ӯзбекистон се манбаи асосии таъмини бозори кори Русия бо нирӯи корӣ ба шумор мераванд. Ҳар сол чанд миллион аз аҳолии қобили кори ин се ҷумҳурӣ барои мардикорӣ ба Русия мераванд ва ҳар сол онҳо аз Русия ба Ватан то 10 миллиард доллар пул мефиристанд.

Ахиран хабар омад, ки дар пайи занозании шоми 29 июли соли 2024 байни муҳоҷирон дар сохтмони меҳмонхонаҳо дар канори пули “Миллениум” дар шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия, беш аз 60 нафар  – 56 зодаи Ӯзбекистон, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Алҷазоирро дастгир кардаанд. Бино ба хабарҳо, муноқиша байни мардикорон аз Ӯзбекистону Тоҷикистон ба сабаби беэҳтиромӣ ба заҳмати якдигар сар задааст. Маълум шуда, ки як коргари тоҷик болои плитаи тоза чидаи коргарони ӯзбек пой мондааст. Як муҳоҷир аз кишвари арабии Алҷазоир низ дар байни ин баҳси коргарони тоҷику ӯзбек афтода, ӯ ҳам шатта хӯрдааст.

Ҳамчунин шаби 21 ба 22 июл дар назд и қаҳвахонаи “1001 шаб” дар Қазон занозании оммавӣ бо иштироки тақрибан 100 нафар рух дод. Тафтиш нишон дод, ки он шаб дар ин қаҳвахона тӯй буд ва як шахси бегонаи зоҳиран маст вориди тӯйхона шуда, ба ҷараёни тӯй халал расондааст. Дар видеоҳои нашршуда дар байни иштирокчиёни занозанӣ суҳбатҳо ба забони тоҷикӣ низ шунида мешуд, вале маълум нест, ки оё  ягон тоҷик дар пайи ин ҳодиса дастгир шуд ё на?

Ҳамин тавр, дар саҳни ҳавлии як бино дар шаҳри Набережние Челнии Тотористон байни муҳоҷирон ва сокинони маҳаллӣ бо иштироки дастикам 20 нафар занозанӣ сурат гирифт.

Дар робита ба ҳамаи ин ҳодисаҳо бо моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошии гуруҳӣ парванда кушодаанд.

Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳо бо иштироки муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Дар поёни соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол (!!!) аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.

Дар пайи ин сели ихроҷҳо занозаниҳо байни муҳоҷирон ва бо иштироки онҳо дар шаҳрҳои Русия хеле коҳиш ёфт, вале ҳоло низ гоҳ гоҳ чунин занозаниҳо рух медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button