ВарзишВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ПАҲЛАВОНИ ХУШНОМ ТЕМУР РАҲИМОВ БАРОИ ТОҶИКИСТОН МЕДАЛИ СЕЮМИ ОЛИМПӢ ОВАРД

Паҳлавони хушноми 27-солаи тоҷик ва парчамбардори тими олимпии Тоҷикистон Темур Раҳимов дар Бозиҳои тобистони олимпӣ дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса дар мусобиқоти гуштини ҷудо (дзюдо) дар вазни аз ҳама гарон, яъне беш аз 100 кило, сазовори нишони биринҷӣ шуд. Ин алакай сеюмин медали тими Тоҷикистон дар Олимпиадаи Порис аст. Чунин комёбиро тими олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ бори аввал ба даст овард.

Темур Раҳимов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Эрик Абрамов аз Олмонро ва дар марҳалаи чорякниҳоӣ Алишер Юсупов аз Ӯзбекистонро шикаст дода, ба марҳалаи ниманиҳоӣ роҳ ёфт, вале дар ин марҳала аз Тери Ринер, паҳлавони 35-солаи шуҳратёр аз Фаронса, ки ӯро “шоҳи ҷудои ҷаҳон” меноманд, бо “иппон” шикаст хӯрд. Ин сеюмин рақобати Темур Раҳимов бо “шоҳи ҷудо” буд, вале мутаассифона, паҳлавони тоҷик ҳарсе рақобатро ба Ринер бохт.

Бо вуҷуди шикасташ аз “шоҳи ҷудо”, Темур Раҳимов рӯҳафтода нашуд ва дар рақобат барои медали биринҷӣ қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2022 Энди Гранда аз Кубаро мағлуб кард ва нишони биринҷии Олимпиадаи Порисро ба гардан овехт.

Нишони дуюми биринҷӣ дар вазни беш аз 100 кило дар пайи пирӯзиаш бар Татсуру Саитои 22-сола аз Ҷопон насиби Алишер Юсупови 25-сола аз Ӯзбекистон, ҳамон паҳлавоне шуд, ки дар даври чорякниҳоӣ Темур Раҳимов шикасташ дода буд.

Медали тилло ва унвони қаҳрамони олимпиро Тедди Ринер, ки дар финал бар Минҷонг Ким, паҳлавони ҷавони ҳамагӣ 23-сола аз Кореяи ҷанубӣ ғолиб омад, ба даст овард. Гуфтанист, ки Тедди Ринер нахустин паҳлавоне шуд, ки 4 маротиба дар риштаи ҷудо қаҳрамони олимпӣ шуд. Ким ин навбат бо нишони нуқра  иктифо кард, вале ӯ ва Татсуру Саиторо ба далели синни ҷавонашон ситораҳои ояндаи ҷудо дар вазни аз ҳама гарон ном мебаранд ва ба эҳтимоли ғолиб, барои пирӯзӣ дар мусобиқоти солҳои оянда Темур Раҳимов пеш аз ҳама бо ҳамин ду паҳлавон аз Осиёи шарқӣ ва албатта, бо Алишер Юсупов аз Ӯзбекистон дасту панҷа нарм хоҳад кард.

Нишони биринҷии Темур Раҳимов дуюмин нишони биринҷии паҳлавонони тоҷик дар гуштини ҷудо дар Олимпиадаи Порис ва дар умум сеюмин нишони тими олимпии Тоҷикистон дар ин Олимпиада шуд. Ду рӯз пеш Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило дар гуштини ҷудо сазовори нишони биринҷӣ шуд ва муштзани тоҷикистонӣ Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта, алакай нишони биринҷиро барои худ таъмин кард. Давлат Болтаев ҳоло муборизаро барои нишонҳои биринҷӣ ва тиллои Олимпиадаи Порис идома медиҳад. Рӯзи 4 август ӯ дар даври ниманиҳоӣ бо Лазизбек Муллоҷонов аз Ӯзбекистон вориди рақобат хоҳад шуд.

Бино ба иттилои шореҳи варзиш Нарзуллоҳи Латиф, то имрӯз аз 14 узви тими олимпии Тоҷикистон алакай 9 нафар ҳунарнамоии худро дар Бозиҳои олимпии Порис пурра анҷом доданд.

Аз ин шумор Темур Раҳимов ва Сомон Маҳмадбеков сазовори нишонҳои биринҷӣ шуданд, вале 7 варзишгари тоҷик – муштзанҳо Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5 кило ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило; ҷудокорон Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило; ва Фахриддин Мадкамов дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр миёни мардон – аз Порис бидуни медал бармегарданд.

Екатерина Бордачёва дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон рӯзи 3-юми август ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Фаворис Музрапов дар Олимпиадаи Порис дар риштаи варзиши сабук низ аввалин рақобаташро дар давидан ба масофаи 100 метр 3-юми август доир мекунад.

Давлат Болтаев, тавре гуфтем, рӯзи 4 август дар даври ниманиҳоӣ бо Лазизбек Муллоҷонов аз Ӯзбекистон барои роҳ ёфтан ба финал қувваозмоӣ мекунад.

Виктор Рассадин аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Порис дар риштаи гуштини озод дар вазни то 74 кило 9-уми август доир мекунад ва Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо 10-уми август аввалин рақобаташро дар вазни беш аз 67 кило миёни занон анҷом медиҳад.

Олимпиадаи тобистона дар пойтахти Фаронса, ки 26 июл оғоз ёфт, то 11 август давом мекунад.

Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Темур Раҳимов 6 июли соли 1997 дар ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) ба дунё омада, аз шашсолагӣ бо ҳидояти бобояш Рустам Абдураҳмонов ба машқи гуштин оғоз кардаст. Худаш нақл кардааст, ки “хеле хурд будам, ки бобоям Рустам Абдураҳмонов маро барои тамрин ташвиқ кард. Бобоям дар ташаккули маснади варзишии ман саҳми зиёд дорад”.

Темур Раҳимов аз паҳлавонҳои хушном ва серҷоизаи тоҷик дониста шуда, солҳои 2019 ва 2021 нишонҳои нуқра ва биринҷии қаҳрамонии ҷудои Осиё ва соли 2022 барандаи нишони тиллоии мусобиқаи “Тоскӯлоҳи бузурги Боку” шудааст.  Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов барои пирӯзӣ дар ин мусобиқаи муътабар хонаи дуҳуҷрагӣ дар пойтахт бо тамоми шароити рӯзгор туҳфа карда буд.

Темур Раҳимов ҳамин тавр, дар чандин мусобиқоти дигар аз силсилаи “Тоскӯлоҳи бузург” сазовори нишонҳои нуқраву биринҷӣ шуда, ҳам дар Олимпиадаи қаблӣ дар Токио ва ҳам дар Олимпиадаи кунунӣ дар Порис парчамбардори тими Тоҷикистон буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button