МАРГИ РОНАНДАИ “ТИКО” ДАР ПАЙИ БАРХӮРД БО МОШИНИ БОРКАШ ВА ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 474 ҲАЗОР СОМОНӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 2 августи соли 2024
Ҳалокати ронандаи “Тико” дар садамаи нақлиётӣ
Шаби 1-уми августи соли 2024, тахминан соати 00:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тико», Бобоев Ҷонибек, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда, ба автомашинаи боркаши тамғаи «Ченг-Ли-Вай», таҳти идораи Боқиев Абдусамеҳ, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Панҷакент бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тико», Бобоев Ҷ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Ошкор шудани кирдори қаллобии марди 45-сола
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи сентябри соли 2023 ҳангоми дар худуди шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба боварии марди 52-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 474 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.