ВидеоСиёсатТоҷикистонҲуқуқи инсон

ШИКОЯТ БА СОЗМОНИ МИЛАЛ АЗ ТАЪҚИБУ ҲУКМИ ЗИНДОНИ БЕШ АЗ 20 ТАН АЗ ХЕШОВАНДОНИ ФАЪОЛОНИ СИЁСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Бунёди Бузургмеҳр, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, дар як номаи саркушода ба созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ба Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милал, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, дар бораи  аз сӯи додгоҳҳои Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шудани беш аз 20 тан аз хешовандони фаъолони мухолифини тоҷик хабар дода, ҳукумати Тоҷикистонро айбдор кардаанд, ки бо истифодаи “ҳарчӣ бештар” аз шеваи ҷазоҳои дастаҷамъона (коллективӣ) уҳдадориҳои байналмилалии худро дар мавриди риояи ҳуқуқи инсон зери по мекунад.

Созмонҳои муаллифи нома, ки ҳарду берун аз Тоҷикистон, дар Аврупо фаъолият доранд,  навиштаанд, “новобаста аз онки ҳукумат ва мақомоти қудратии Тоҷикистонро ҳамавақта шадидан аз тарафи мухолифин ва созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ барои поймол намудани ҳуқуқи инсон танқид карда мешаванд, нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон дар Тоҷикистон на танҳо давом дорад балки рушду тақвият меебад ва инчунин як амали оддӣ ва маъмулӣ шудааст”.

Муаллифон таъкид кардаанд, ки ҷавобгарии инфиродӣ яке аз аслҳои асосии қонунгузории ҷиноятӣ ҳисобида шуда, ин нукта дар чандин паймони байналмилалӣ ва ҳамчунин дар моддаи 7 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон низ зикр шудааст, ки ҳеҷ кас таҳти ҷавобгарии ҷиноятӣ қарор гирифта наметавонад ба ҷуз аз барои кирдори шахсии худ.

Аммо, таъкид шудааст дар номаи саркушода, ҳукумати Тоҷикистон баҳри мубориза ба муқобили мухолифини сиёсиашон аз василаҳои гуногуни ҷазои дастаҷамъӣ, мисли  аз кор рондан, манъ кардани ҳама гуна муомилоти молиявӣ, набаромадан аз минтақаи зист, манъи муошират бо наздикон ва рӯзноманигорон ва болотар аз ин то ҳабси наздикони мухолифин бо парвандаҳои бофта, ба сурати фаровон истифода мебарад.

“Барои фишор овардани болои мухолифин ва шахсони таҳти ҳабс буда мақомотҳои қудратии Тоҷикистон нисбати хешу табор ва наздикони ин шахсон парвандаҳои бофта омода намуда онҳоро таҳти шиканҷа ва ҷазо қарор медиҳанд, дар ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо, бо пешниҳоди далелу санадҳо қалбаки писарону бародарон ва наздикони мухолифинро аз кишварҳои гуногун ба Тоҷикистон истирдод намуда барои амалу кирдори нокардаашон ва маҳз ба хотири фаъолияти сиёсии наздиконашон ҷазо медиҳанд”, – гуфта мешавад дар нома.

Бунёди Бузургмеҳр ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ аз ҷумла қазияи ахири Аслиддин Шарипов, бародари Шавкати Муҳаммад, сардабири канали оппозитсионии “Паём ТВ”ро зикр кардаанд, ки аз Русия ба Тоҷикистон истирдод гардида, ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳамин тавр, Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз раҳбарони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ  Шамсиддин Саидов зикр шудааст, ки соли 2023 аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ гардида, ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Муаллифон афзудаанд, ки мақомот ба дунбол Саидумар Саидов, хоҳарзодаи Шамсиддин Саидовро барои як шарҳаш дар Фейсбук дар бораи Абдуллоҳи Шамсиддин бар асоси моддаи 307  ба 5 соли зиндон маҳкум карданд.

Қазияи дигари зикршуда Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов, мутахаллис ба “Абдураҳмон 09”, аст, ки соли 2022 ба 6 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳамин тавр, муаллифон ба 18 сол маҳкум шудани Муслим Шерзамонов, бародари сиёсатмадори мухолиф Алим Шерзамонов, зиндонӣ шудани Хурсанд Мамадшоев, бародари Улфатхоним Мамадшоева ва чанд тан аз хешовандони генерали зиндонӣ Холбаш Холбашов, бо ҷурми дарёфти пул аз хориҷ зиндонӣ шудани 5 тан аз хешовандони раҳбари фақиди Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ, дар ғайбашон маҳкум ба зиндон шудани Очахон ва Мунира  Ёқубова, модар ва хоҳари раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ Илҳомҷон Ёқубов ва соли 2016 ба таври мармуз дар синни 43 дар назди гаражҳо дар маҳаллаи 18уми шаҳри Хуҷанд ёфтани ҷасади бародари ӯ  Ёқубов Фаррухро ёдовар шудаанд.

Маҳкум ба зиндон шудани Мубориз ва Дилмурод Шералиевҳо, бародар ва писарамаки фаъоли мухолифин Абдуманнон Шералиев, дар маҳбас ба таври мармуз фавтидани Комилов РаҷабалӣЮ бародари Ҷанатуллоҳ Комилов, яке аз раҳбарони ҳизби наҳзат, бо ҷурми лайку шарҳ бо моддаи 307 ба 10 соли зиндон маҳкум шудани Бегмурод Холов, аз хешовандони фаъоли сиёсӣ Муҳаммадраҷаб Шоҳимӣ аз дигар мавридҳоест, ки Бунёди Бузургмеҳр ва Анҷумани муҳоҷирон дар номаашон ба созмонҳои байналмилалӣ зикр кардаанд.

Онҳо аз ин созмонзо хостаанд, то ҳукумати Тоҷикистонро ба иҷрои бучунучарои уҳдадориҳои байналмилалиаш ва озод кардани ҳамаи онҳое, ки ноодилона зиндонӣ шудаанд, водор карда, ба зудтарин фурсат аз зиндони сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон аёдат кунанд ва бо вазъи маҳбусон аз наздик ошно шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button