ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатҶанг дар Украина

РУСИЯ ВА КИШВАРҲОИ ҒАРБ 24 МАҲБУСРО БО ҲАМ ИВАЗ КАРДАНД (ВИДЕО)

Рӯзи 1 августи соли 2024 Русия бо Олмону Амрико ва дигар кишварҳои Ғарб маҳбусонро иваз кард. Табодули маҳбусон дар фурудгоҳи Анкара сурат гирифт ва 10 нафар аз онҷо ба Маскав, 4 нафар ба Амрико ва 9 нафар ба Кёлни Олмон парвоз карданд.

 Русия 16 нафар, аз ҷумла  сиёсатмадорони мухолиф Иля Яшин ва Владимир Кара-Мурза, ҳомии ҳуқуқ Олег Орлов,  журналисти нашрияи амрикоии “The Wall Street Journal ” Эван Гершкович ва хабарнигори бахши тоторию бошқирдии радиои Озодӣ Алсу Қурмашева, шаҳрванди Амрико Пол Уилан ва боз чанд тан аз фаъолони мухолифинро раҳо кард.

Кишварҳои Ғарб ба навбати худ 10 шаҳрванди Русия, аз ҷумла Вадим Красиковро, ки дар Олмон барои қатли як чеченитабори зодаи Гурҷистон ба ҳабси умрбод маҳкум шуда буд, озод кард.

Президенти Русия Владимир Путин худаш шахсан дар фурудгоҳи “Внуково 2” маҳбусони озодшударо пешвоз гирифт ва ваъда дод, ки онҳоро бо орденҳои давлатӣ сарфароз хоҳанд кард.

Мехоҳам ба шумо барои садоқат ба савганду қарзи худ ва ба Ватани худ изҳори сипос кунам. Ватани шумо ягон лаҳза шуморо фаромӯш накардааст ва инак шумо ба хона баргаштед ”, – гуфт Путин хитоб ба баргаштагон.

Президенти Амрико Ҷо Байден ва ноибаш Камола Ҳаррис низ озодшудагонро шахсан дар пойгоҳи ҳавоии Эндрюс, воқеъ дар шаҳри Кэмп-Спрингси аёлати Мэриленд, дар 24-километрии ҷанубушарқи Вашингтон истиқбол гирифтанд. Байден гуфт, дар масъалаи табодули зиндониён бо Путин ягон бор суҳбат накардааст.

Табодуле, ки озодии инҳоро таъмин кард, як корнамоии дипломатӣ буд” – изҳор дошт Байден.

Мушовири президенти Амрико дар масоили амнияти миллӣ Ҷейк Салливан гуфт, қарор буд, дар чорчӯби ин табодул раҳбари мухолифини Русия Алексей Навалний низ озод карда шавад. Вале Навалний то ин рӯз нарасид –  ӯ 16 феврали соли 2024 дар маҳбаси Русия ба таври мармуз ҷон дод. Ёрони Навалний мақомоти Русияро дар куштори ӯ айбдор карданд ва гуфтанд, ки бо қатли Навалний, президент Путин аз табодули ногузири ӯ “пешгирӣ кард”.

Рӯйхатти маҳбусони ивазшуда:

Онҳое, ки аз маҳбасҳои Русия озод карда шуданд:

  1. Журналисти нашрияи The Wall Street Journal Эван Гершкович, ки бо ҷурми ҷосусӣ дар Русия маҳкум шуда буд
  2. Журналисти бахши тоторию бошқирдии радиои Озодӣ Алсу Қурмашева, ки барои паҳн кардани иттилооти бардурӯғ дар бораи артиши Русия зиндонӣ шуда буд 
  3. Шаҳрванди Амрико Пол Уилан, ки бо ҷурми ҷосусӣ маҳкум шуда буд.
  4. Сиёсатмадори рус Владимир Карамурза
  5. Сиёсатмадор Иля Яшин,
  6. Андрей Пивоваров аз созмони “Открытая Россия”,
  7. Олег Орлов, ҳомии ҳуқуқ аз сомони  “Мемориал”,
  8. рассом Александра Скочиленко,
  9. раҳбари собиқи ситоди Навалний дар Уфа Лилия Чанышева,
  10. раҳбари собиқи ситоди Навалний дар Томск Ксения Фадеева,
  11. ноболиғ Кевин Лик, шаҳрванди Русия ва Олмон, ки бо ҷурми ҷосусӣ маҳкум шуда буд.
  12. Демури Воронин, яке аз муттаҳамон дар парвандаи Иван Сафронов
  13. раҳбари собиқи ситоди Навалний дар Барнаул Вадим Останин,
  14. велоактивист Герман Мойжес,  шаҳрванди Русия ва Олмон
  15. шаҳрванди Олмон Патрик Шебел, ки барои қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда буд
  16. шаҳрванди Олмон Рико Кригер, ки дар Беларус ба ҳукми қатл маҳкум шуд, вале баъдан мавриди бахшоиши қарор гирифт.

Рӯйхатти нафароне, ки ба Русия дода шуданд:

  1. Афсари ФСБ Вадим Красиков, ки дар Олмон бо ҷурми куштор ба ҳабси умрбод маҳкум шуда буд
  2. Барномасоз Владислав Клюшин, ки дар Амрико бо ҷурми шикастани шабакаҳои компютерии ин кишвар маҳкум шуда буд
  3. Роман Селезнёв, писари вакили Думаи давлатӣ аз ЛДПР Валерий Селезнёв, ки дар Амрико барои ҷиноятҳои кибернетикӣ ба 27 соли зиндон маҳкум шуда буд
  4. Вадим Коношёнок, афсари ФСБ, ки дар Амрико ба харидани фаннованиҳои муҳим ва шустушӯи пул “барои мақомоти Русия” айбдор мешуд
  5. Артём Дултсев
  6.  Анна Дултсева — зану шавҳар. Дар Словения онҳоро ҳамчун афсарони Хадамоти ҷосусии Русия (СВР), ки худро соҳибкор вонамуд карда, дар асл ба ҷосусӣ барои Русия машғул буданд, зиндонӣ кардаанд.
  7. Михаил Микушин дар Норвегия ба ҷосусӣ барои Русия айбдор мешуд. Ӯ моҳи октябри соли 202 бо асноди сохта ба номи шаҳрванди Бразилия Хосе Ассис Ҷаммария дастгир шуд.
  8. Павел Рубтсов, ки дар Полша ба ҷосусӣ барои Русия айбдор мешуд. Ӯро моҳи марти соли 2022 бо асноди сохта ба номи журналисти испанӣ Пабло Гонсалес дастгир карданд.

Ду нафари дигар, бино ба хабарҳо, фарзандони ноболиғи Артём ва Анна Дултсевҳоянд, ки ҳамроҳи волидонашон ба Маскав баргаштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button