ҲУШДОР АЗ АЗ ИДОМАИ ГАРМОИ ШАДИД ВА ОМАДАНИ СЕЛ ДАР ЧАНД МИНТАҚАИ ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти ҳавошиносон хабар медиҳад, ки аз 2 то 5 августи соли 2024 бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш болоравии сатҳи об пешбинӣ мешавад.
Ҳамзамон об шудани пиряхҳо бар асари гармои шадид метавонад муҷиби омадани селҳо дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ шавад.
Дар ин иртибот Кумита ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки эҳтиёт кунанд.
Барои пешгирӣ оқибатҳои сел ҷӯву заҳбуру каналҳои назди хонаҳои худро сари вақт аз ҳар гуна бодовардаҳо тоза кунанд. Дар ин рӯзҳо набояд ба ғунучини ҳезум, шикор ва моҳидорӣ рафт.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон ва дӯстдорони туризми кӯҳӣ, авто-мото ва велосипедронӣ хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар манотиқи кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, инчунин фосилаи муқарраршудаи ҳаракатро қатъиян риоя кунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қаблан ҳушдор дода буд, ки гармои шадид ва обу ҳавои хушк дар Тоҷикистон дастикам то 5 август побарҷо мемонад.
Сокинони Тоҷикистон инак чанд ҳафта боз аз гармои тоқатфарсо ранҷ мебаранд. Сокинон мегӯянд, ин гармо дар ҳолест, ки дар бархе ноҳияҳо дар давоми рӯз интиқоли нирӯи барқ қатъ карда мешаванд ва онҳо наметавонанд аз яхдону кондитсионер истифода баранд. Бебарқӣ мушкили мардумро дар шароити гармои шадид боз ҳам шадидтар кардааст.

