ДАВЛАТ БОЛТАЕВ БА НИМФИНАЛ БАРОМАД ВА БАРОИ ТОҶИКИСТОН МЕДАЛИ ДУЮМИ ОЛИМПӢ ОВАРД!

Муштзани 25-сола аз Тоҷикистон Давлат Болтаев шаби 1 августи соли 2024, ки дар Тоҷикистон алакай 2 август фаро расида буд, дар даври чорякниҳоии мусобиқоти бокс дар вазни то 92 кило дар Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ дар Порис рақибаш аз Ирландия Ҷек Марлиро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод ва ба марҳалаи ниманиҳоии ин мусобиқот роҳ ёфт. Давлат Болтаев аз ин қабл дар даври ҳаштякниҳоӣ Георгий Кушиташвили аз Гурҷистонро шикаст дода буд ва акнун, рӯзи 4 август дар даври ниманиҳоӣ бо Лазизбек Муллоҷонов аз Ӯзбекистон вориди рақобат хоҳад шуд.
Дар сурати пирӯзӣ Давлат Болтаев роҳашро ба сӯи унвони қаҳрамони олимпӣ ва медали тиллои Олимпиадаи Порис ҳамвор хоҳад кард, вале ӯ алакай дастикам медали биринҷии олимпиро моли худ кардааст.
Ва ин медал медали алакай дуюми тими олимпии Тоҷикистон дар Порис хоҳад шуд. Медали аввалро барои Тоҷикистон паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков овард. Сомон дар мусобиқоти гуштини ҷудо дар вазни то 81 кило сазовори ҷои сеюм ва медали биринҷӣ шуд. Медали Сомон Маҳмадбеков нахустин медали паҳлавонони тоҷик дар риштаи гуштини ҷудо дар 16 соли охир буд. Медали қаблӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар гуштини ҷудоро паҳлавони шуҳратёри тоҷик Расул Боқиев соли 2008 дар Олимпиадаи Пекин ба даст оварда буд.
Давлат Болтаев 13 январи соли 1999 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Баъди машқи навъҳои мухталифи варзишҳои муҳорибавӣ Давлат Болтаев билохира рӯи муштзанӣ қарор гирифт ва ояндаи карераи варзишиашро ба ҳамин навъи варзиш пойбанд кард. Давлат Болтаев бори аввал дар арсаи байналмилалӣ аз худ ба гунаи ҷиддӣ соли 2022 дар пайи ба даст овардани унвони қаҳрамони бокси Осиё дар байни ҷавонони синнашон то 22 дарак дод.
Ӯ моҳи майи соли 2023 дар чемпионати бокси ҷаҳон то даври чорякниҳоӣ расид ва моҳи октябри соли 2023 дар Бозиҳои Осиё дар Ханчжоуи Хитой соҳиби ҷои аввал ва унвони қаҳрамонӣ дар вазни то 92 кило гардида, аз байни варзишгарони тоҷик яке аз нахустинҳо шуда, роҳхат ба Олимпиадаи Порисро ба даст овард.
Давлат Болтаев аз соли 2021 дар майдони бокси касбӣ низ ҳунарнамозӣ мекунад ва то имрӯз 4 маротиба вориди майдони бокси касбӣ шуда, ҳамаи 4 рақобаташро бурдааст ва ягон бор шикаст нахӯрдааст.