
Дар пайи занозании шоми 29 июли соли 2024 байни муҳоҷирон дар сохтмони меҳмонхонаҳо дар канори пули “Миллениум” дар шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия, беш аз 60 нафар – 56 зодаи Ӯзбекистон, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Алҷазоирро дастгир карда, ба шуъбаи пулиси “Ямашевский” овардаанд. Дар робита ба ин занозанӣ бар асоси қисми якуми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошӣ парванда кушода, ҳамчунин нисбат ба 12 тан аз муҳоҷирони дастгиршуда барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират протоколҳои маъмурӣ тартиб додаанд.
Бино ба иттилои Telegram-канали Mash Iptash, дар занозанӣ тақрибан 25 нафар иштирок дошта, дар ҷараёни муноқиша тарафҳо аз чӯбу арматура истифода бурдаанд.
Нашрияи маҳаллаии “БИЗНЕС Онлайн” муайян кардааст, ки муноқиша байни мардикорон аз Ӯзбекистону Тоҷикистон ба сабаби беэҳтироми ба заҳмати якдигар сар задааст. Маълум шуда, ки як коргари тоҷик болои плитаи тоза чидаи коргарони ӯзбек пой мондааст. Як муҳоҷир аз кишвари арабии Алҷазоир низ дар байни ин баҳси коргарони тоҷику ӯзбек афтода, ӯ ҳам шатта хӯрдааст.
“Бизнес Онлайн” ҷараёни ҳодисаро чунин ба риштаи тасвир кашидааст: “Муноқиша дар гузаргоҳи шишакорие, ки ду бинои меҳмонхонаро ба ҳам мепайвандад, оғоз ёфтааст. Дар ҳоле ки сохтмон ҳанӯз идома дорад, дар ошёнаҳои алакай сохташуда ба корҳои “отделка” сар кардаанд. Аз ҷумла дар гузаргоҳи байни ду бино як гуруҳи мардикорон аз Ӯзбекистон плита мечиданд ва коргарони тоҷик дар паҳлуи онҳо монолит мерехтанд. Кадоме аз монолитрезҳо беэҳтиётӣ карда, ба болои плитаҳои нав чидашуда пой гузоштааст. Плитачинҳо ба ӯ эрод гирифтаанд ва дар ин замина аввал байни ду тараф бигӯ-бигӯ сар шуда, ба занозанӣ печидааст… Муноқишаро тавонистаанд хомӯш кунанд, вале қарибиҳои шом, соатҳои 18, тарафи таҳқиршуда ҳамшаҳриҳои худро ҷамъ оварда, барои ҳисобу китоб омадаанд. Ин дафъа занозанӣ на дар даруни бино, балки дар саҳни сохтмон сурат гирифтааст. Сабти видеоии лаҳзаи занозанӣ баёнгари чӣ қадар тасфидани тарафҳост, ки аз сангу арматура ҳам истифода бурдаанд. Вале нирӯҳо баробар набуд — 25 монолитрез дар муқобили 6 плитачин… Тарафҳоро танҳо пулис аз ҳам ҷудо кардааст, чунки зӯри прорабҳо ва посбонҳо ба издиҳоми хундарҷӯш нарасидааст. “Ёрии таъҷилӣ” ҳам ба ҷои ҳодиса омада, як нафарро, ки сарашро зада, кафонда буданд, ба бемористон бурд”.
Пулис атрофи сохтмонро печонида, қариб ҳамаи он коргарони хориҷиро, ки фирор карда натавонистанд, боздошт кард. Дар натиҷа, 56 муҳоҷири ӯзбек, 4 тоҷик ва як алҷазоирӣ ба шуъбаи пулис бурда шуданд.
Ин алакай сеюмин занозании байни муҳоҷирон дар Тотористон дар рӯзҳои охир аст.
Аз ҷумла шаби 21 июл дар назд и қаҳвахонаи “1001 шаб” дар Қазон занозании оммавӣ бо иштироки тақрибан 100 нафар рух дод. Тафтиш нишон дод, ки он шаб дар ин қаҳвахон тӯй буд ва як шахси бегонаи зоҳиран маст вориди тӯйхона шуда, ба ҷараёни тӯй халал расондааст. Дар видеоҳои нашршуда дар байни иштирокчиёни занозанӣ суҳбатҳо ба забони тоҷикӣ низ шунида мешуд, вале маълум нест, ки оё ягон тоҷик дар пайи ин ҳодиса дастгир шуд ё на?
Ҳамин тавр, дар саҳни ҳавлии як бино дар шаҳри Набережние Челнии Тотористон байни муҳоҷирон ва сокинони маҳаллӣ бо иштироки дастикам 20 нафар занозанӣ сурат гирифт.
Дар робита ба ҳарду ҳодиса бо моддаи 213 (авбошӣ) парванда кушодаанд.
Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ки бо муҳоҷирбадбинии ошкораш ном баровардааст, зери назорати худ гирифтааст, талаб кардааст, ки дар бораи ҷараёни тафтиши ин занозаниҳо бо иштироки муҳоҷирон дар Тотористон ба ӯ ҳисобот бидиҳанд.
Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳо бо иштироки муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.
Дар поёни соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол (!!!) аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.
Дар пайи ин сели ихроҷҳо занозаниҳо байни муҳоҷирон ва бо иштироки онҳо дар шаҳрҳои Русия хеле коҳиш ёфт, вале ҳоло низ гоҳ гоҳ чунин занозаниҳо рух медиҳанд.