
Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 31 июли соли 2024 аз боздошти ду гумонбаршаванда ва таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифтани якеи дигар дар чорчӯби парвандаи ҳамла ба роҳгузарон барои намуди зоҳирии онҳо дар минтақаи Митиши дар канори шаҳри Маскав хабар дод.
Кумитаи тафтишот гуфт, шахсияти се узви ин даста муайян гардидааст ва ҳамаи онҳо шаҳрвандон ё зодагони Тоҷикистон ва солҳои таваллудашон 2004 ва 2005 будааст.
“Бо ду нафари онҳо амалҳои тафтишотӣ анҷом дода шуда истодаанд, барои боздошти се нафар дар қаламрави Русия чорабиниҳои фаврӣ сурат дода мешаванд”, – хабар дод хадамоти матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия дар каналаш дар шабакаи Телеграм. Дар робита ба ин қазия рӯзи 28 июл бар асоси моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, ҷараёни тафтишотро раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ки бо мавқеи ошкоро муҳоҷирбадбинонааш ном баровардааст, зери назорати худ гирифтааст.
Сарраёсати тафтишоти вилояти Маскав хабар дод, ки “гуруҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 2004 ва 2005 бе ягон асос наврасонро латтукӯб карда, видеоҳои ин ҳамлаҳои худро дар Интернет нашр мекард”.
Ахиран расонаҳои Русия дар бораи як “дастаи тоҷикҳо” хабар доданд, ки дар шаҳри Митишии вилояти Маскав “патрули шариатӣ” ташкил дода, раҳгузаронеро, ки сару либос ва намуди зоҳириашон ба назари онҳо “ҷавобгӯи меъёрҳои шариатӣ” нест, латтукӯб мекардаанд.
Расонаҳои Русия, аз ҷумла Telegram-канали Readovka рӯзи 28 июл чанд видеои ин гуруҳро нашр карданд. Дар яке аз ин видео саркардаи “дастаи тоҷикҳо” аз “калҳои айнакдор” талаб мекард, ки макони худро бигӯянд. Дар видеои дуюм ӯ чанд нафар аз шарикони худро ба навор гирифта, номҳояшонро ба забон меорад ва мегӯяд: “Вақте бародарон дар паҳлуи моянд, мо ҳатто дар дӯзах ҳам тартибот ҷорӣ мекунем”.

Каналҳои русӣ ҳамчунин видеоҳои латтукӯби раҳгузаронро нашр карданд. Readovka навиштааст, ки ин ҷавонони тоҷки писаронро барои мӯйсари дарозу холкӯбии баданашон латтукӯб мекарданд ва духтаронро — барои “пӯшидани либоси номуносиб”.
Каналҳои русӣ нафаре бо номи Давлаталӣ Зоировро “саркардаи патрули шариатӣ” дар Митиши меноманд. Маҳз ӯ муаллифи ибораи “мо ҳатто дар дӯзах ҳам тартибот ҷорӣ мекунем” будааст.
Хабаргузории “Регнум” хабар дод, ки Давлаталӣ Зоиров 18 сол дошта, як сол пеш шаҳрванди Русия шудааст. Аммо дар ҳоле ки ӯ дар вилояти Маскав ба сар мебарад, шаҳрвандии Русияро дар кишвари Краснодар ба даст овардааст.
Баъди сарусадое, ки хабари ташкили “патрули шариатӣ” ба по кард, Давлаталӣ Зоиров бо нашри як видеои дигар “аз мардуми Русия” барои рафтораш узр пурсид.
Рӯзи 30 июл сомонаи миллатгароёнаи “Царьград” бо нашри акси нави Давлаталӣ Зоиров бо қуттии сигор дар дасташ хабар дод, ки замон ва макони сабти ин акс баёнгари он аст, ки саркардаи “патрули шариатӣ” алакай Русияро тарк карда, дар Тоҷикистон пинҳон шудааст.
Худи ҷавонони тоҷике, ки барои ташкили “патрули шариатӣ” дар вилояти Маскав айбдор мешаванд, ва наздикони онҳо барои шарҳи ин қазия дастрас нестанд.