ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҶАЙҲУНУ ХУРОСОН ВА ЗАМИНФУРӮШӢ ДАР ПАНҶАКЕНТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 31 июли соли 2024

Садамаҳои нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Хуросон

Шаби 30-юми июли соли 2024, тахминан соати 01:05-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Бобоқулов Муҳаммадюсуф Саторович, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллии ноҳияи Ҷайҳун аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори мағозаи хӯрокворӣ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Муқимов Мансурбек, соли таваллудаш 1999, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Худи ронанда, Бобоқулов М.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Боз ҳам шаби 30-юми июли соли 2024, тахминан соати 01:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Усмонов Исломҷон Комилҷонович, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дучархаи тамғаи “Скутер” таҳти идораи Расулов Маҳмадтоҳир, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Хуросон бархӯрдааст. 
Дар натиҷа ронандаи дучархаи тамғаи “Скутер” Расулов М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.  
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.           

Ошкор шудани қаллобӣ вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замин

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 57-солаи сокини шаҳри Панҷакент соли 2012 бо роҳи фиреб ба боварии марди 54-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо баҳонаи ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button