ВидеоСиёсатТоҷикистонҲуқуқи инсон

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ХАБАРИ ҲАБСИ АКБАРШОҲ ИСКАНДАРОВРО ТАСДИҚ КАРД

Нозим Маҳмадизода, мудири Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи 1 августи соли 2024 дар нишасти хабарии Академия тасдиқ кард, ки Акбаршоҳ Искандаров қариб ду моҳ боз дар ҳабс қарор дорад. Аммо Маҳмадизода ба далели муҳри махфии парванда гуфт, ки аз ҷузъиёти он хабар надорад ва онҳо талош мекунанд, то ба раванди тафтишот халал нарасонанд.

Ин нахустин тасдиқи расмии хабари боздошти раиси собиқи Шӯрои олӣ ва собиқ иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров аст. То кунун ягон мақоми расмӣ дар бораи боздошти ӯ изҳори назар накарда буд.

Нозим Маҳмадизода. Акс аз Азия Плюс

Зодаи ноҳияи Темурмалик (собиқ Совет) Нозим Маҳмадизода 39 сол дошта, тоза 1 марти соли 2024 мудири Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ қаблан декани риштаи фалсафа дар Донишгоҳи миллӣ буд.

Акбаршоҳ Искандаров,ки иттифоқан рӯзи 1 август, дар рӯзи тасдиқи расмии хабари боздошташ, ба синни 73 расид ва чандин сол боз бознишаста шудааст, ба корҳои илмӣ идома дод ва то рӯзи боздошташ дар Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мудири шуъбаи масоили сиёсӣ ва байналмилалӣ буд.

Аввалин шуда, дар бораи боздошти Акбаршоҳ Искандаров пойгоҳи хабарии “Бомдод” бо такя ба манобеи худ хабар дода буд. Ба гуфтаи ин манобеъ, Искандаровро рӯзи 13 июн, як рӯз баъди боздошти вакили парлумон ва номзади собиқ ба президентии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода дар чорчӯби парвандаи ӯ, ки ба “ғасби ҳокимият” айбдор мешавад, ба бозпурсӣ даъват карда, дигар раҳо накарданд.

Манобеи “Бомдод” гуфта буданд, ки Искандаровро ҳамроҳи ронандаи собиқаш дастгир карданд. Ронандаи ӯро баъди чанд рӯз ҷавоб додаанд, чунки маълум шудааст, ки ӯ 5 соли охир бо Искандаров кор намекардааст, балки машғули табобаташ аз як бемории ҷиддӣ будааст.

Наздикони Искандаров хабар доданд, ки мақомот рӯзи 14 июн хонаи Искандаровро дар маҳаллаи Ҳаёти нав кофтуков кардаанд. Маълум нест, ки дар хонаи Искандаров тафтишот чӣ меҷуст ва чӣ далелҳое аз онҷо пайдо кардааст?, вале шоҳидон гуфтанд, ки “мақомот аз хонаи Искандаров он рӯз чизи зиёд бароварда, бо худ бурданд”.

Парвандаи Усмонзода пурсарусадотарин парвандаи солҳои ахир ба шумор меравад. Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзи 12 июн, вақте аз вакилони Маҷлиси намояндагон бекор кардани дахлнопазирии вакилии Усмонзода ва иҷозати ҳабси ӯро дархост мекард, гуфта буд, ки ба зидди ба зидди Усмонзода ва дигарон бо иттиҳоми ғасби ҳокимият парванда кушодаанд. Ӯ шарҳ надод, ки “ва дигарон” киҳоянд?

Юсуф Раҳмон Усмонзодаро ба он айбдор кард, ки гӯё ӯ ҳанӯз соли 2021 нақшаи ғасби ҳокимиятро бо намояндаи мухолифин Шарофиддин Гадоев маслиҳат карда, аз ӯ ваъда гирифтааст, ки дар ин кор раҳбари Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ бо пул ва ирсоли беш аз 3000 ҷангҷӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” кумакаш хоҳад кард.  Худи Усмонзода барои шарҳи иттиҳомоти ба зиддаш эълоншуда дастрас нест, вале Кабирӣ ва Гадоев иттиҳоми ваъдаи пулу нерӯ ба Усмонзода барои сарнагун кардани ҳукуматро рад мекунанд.

Иттиҳоми дигари зидди Усмонзода, ки аз забони додситони кул садо дод, ташкили гуруҳҳо барои амалӣ сохтани нақшаи ғасби ҳокимият дар дохили ҷумҳурӣ ва ахиран аз намояндаи як кишвари хориҷӣ дархост кардани 10 миллион доллар аз ҷониби Усмонзода гӯё барои анҷоми табаддулот аст. Юсуф Раҳмон номи он кишвари хориҷиро ном набурд, вале Шарофиддин Гадоев иддао дорад, ки сухан дар бораи як генерал аз ниҳодҳои амниятии Русия меравад, ки гӯё дар пайи ҳамлаи хунини моҳи март  дар толори консертҳои “Крокус” дар поёни моҳи март бо сафари махфӣ ба Тоҷикистон омада, бо чанд нафар аз шахсиятҳои шинохта ва мансабдорони дар гузашта баландпоя суҳбатҳои маҳрамона анҷом додааст ва мақомот аз ин хабар ёфта, ҳоло ҳамаи онҳоеро, ки пои суҳбати он генерал нишаста буданд, бозҷӯӣ карда истодааст.

Тафтиши ин иддао тавассути манобеи дигар имкон надорад. Аммо дар пайи Усмонзода, чандин нафари дигар, аз ҷумла Акбаршо Искандаров, вазири собиқи умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ,  муовинони раҳбарони ду ҳизби демократ ва сотсиал-демократ Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимов ва ҳамчунин чанд афсари дар гузашта баландпояи амниятӣ, аз ҷумла фармондеҳи собиқи “Алфа” полковник Нарзулло Наимов, ба ҳабс гирифта шуданд.

Акбаршо Искандаров 1 августи соли 1951 дар ноҳияи Дарвоз ба дунё омада, солҳои 1991 ва 1992,  замоне ки минҳайси раиси Шӯрои вакилони халқи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон муовини аввали раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ҳам буд ва соли 1992 раиси Шӯрои олӣ шуд, чанд маротиба иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон ҳам буд. Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 1992 маҳз ба ҷои Искандаров раиси Шӯрои олӣ ва раҳбари аввали Тоҷикистон интихоб шуда буд. Баъди барканориаш аз мақоми раҳбари аввали кишвар, Искандаров солҳои зиёд дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Туркманистон ва сипас дар Қазоқистон кор карда, солҳои охир дар Академияи илмҳо машғули фаъолияти илмӣ буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button