Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони 25-солаи тоҷик рӯзи 30 июли соли 2024 дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса дар вазни то 81 кило дар мусобиқоти гуштини ҷудо (дзюдо) соҳиби медали биринҷӣ шуд. Ин нахустин медали олимпии тими Тоҷикистон дар 8 соли охир ва нахустин медали олимпии биринҷии Тоҷикистон аз гуштини ҷудо медали биринҷии Расул Боқиев буд, ки ӯ соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин ба даст оварда буд.
Роҳи Сомон Маҳмадбеков дар Порис то расидан ба медали Олимпиада чандон осон набуд.
Ӯ, ки дар вазни то 81 кило дар гуштини ҷудо размозмоӣ мекард, аз давраи аввал озод буд ва дар ду даври баъдӣ аввал Форис Бадавӣ аз Фаластин ва сипас Франк Де Вит аз Ҳолландро шикаст дод, вале дар даври чорякниҳоӣ аз қаҳрамони секаратаи ҷаҳон Тато Григалишвили аз Гурҷистон мағлуб шуд.
Дар марҳалаи размозмоиҳои тасаллобахш Сомон Маҳмадбеков аввал паҳлавони ӯзбек Шарофиддин Болтабоев ва сипас Антонио Эспозито аз Италияро шикаст дод ва нишони биринҷии Олимпиадаро Порисро ба гардан овехт.
Дар вазни то 81 кило медали тилло насиби Таканори Нагасе аз Ҷопон гардид. Ӯ дар даври ниҳоӣ Тато Григалишвилиро шикаст дод.
Рӯзи 31 июл дар вазни то 90 кило дар Бозиҳои олимпии Порис паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён ба майдон мебарояд. Ин сеюмин ва ба эҳтимоли ғолиб, охирин Олимпиада барои Комроншоҳ аст ва ӯ аҳд супурдааст, ки барои дарёфти медали олимпӣ тамоми ҷидду ҷаҳдашро ба харҷ дода, заррае аз худ дареғ надорад.
Сомон Маҳмадбеков 24 марти соли 1999 дар шаҳри Иркутски Русия дар хонаводаи зодагони ноҳияи Ванҷ Моёншоҳ Маҳмадбеков ва Ҷамила Парвонаева ба дунё омадааст. Сомон ҳамагӣ 6 сол дошт, ки дар дар толори Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ, мавсум ба “Манеж” дар назди мураббии шинохтаи гуштини самбо Муҳаммадшариф Сулаймонов ба машқи гуштин сар кард. Тирамоҳи соли 2008 амаки Сомон- Эргаш Маҳмадбеков, ки дар Русия ҳамчун мураббии гуштин кору фаъолият дошт, барои дидорбинӣ ва аёдати волидайн ба Тоҷикистон омада, дар бозгашт Сомонро барои идомаи тамрин ҳамроҳи худ ба шаҳри Иркутск бурд. Сомон Маҳмадеков баъди ин машқи гуштинро ҳамроҳи амакбачааш Маҳмадбек дар Иркутск зери назари амакҳояшон Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо идома доданд. Аммо дар ҳоле ки баъди ба воя расиданашон, Маҳмадбек Маҳмадбеков дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳти парчами Русия ҳунарнамоӣ мекард ва ҳоло ба далели таҳти таҳримоти байналмилалӣ қарор гирифтани Русия ҳамчун варзишгари бетараф майдондорӣ мекунад, Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз аввал таҳти парчами Тоҷикистон ба майдон баромад.
Сомон Маҳмадбеков аввалин паҳлавони тоҷик аст, ки дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон дар моҳи октябри соли 2017 дар шаҳри Загреби Хорватия нишони биринҷиро ба даст овард. Сомон ҳамчунин моҳи октябри соли 2019 дар Марокаш нишони тилоро ба гардан овехта, нахустин қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон аз Тоҷикистон шуд. Моҳи августи соли 2019 дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни мардон дар Токио сазовори мақоми ифтихории 5-ум шуд. 23-ноябри соли 2019 дар шаҳри Осакаи Ҷопон дар мусобиқаи бонуфузи «Тоскулоҳи бузурги Осака-2019» (Osaka Grand Slam-2019) сазовори мақоми сеюм гардид. Ҳамин тавр, Сомон Маҳмадбеков рӯзи 21 майи соли 2024 дар чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини ҷудо (дзюдо) дар шаҳри Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Араб баъди 17 сол дастоварди паҳлавони шуҳратёр Расул Боқиевро такрор кард ва соҳиби медали биринҷӣ шуд.