ВидеоҲодисаҶомеа

МУКОФОТ СОҲИБАШРО ЁФТ! МИЛИТСИЯИ ДУШАНБЕ БА ЯК ШОҲИД 100 ҲАЗОР СОМОНӢ ТАҚДИМ КАРД

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 30 июли соли 2024, як рӯз баъди ошкор шудани нафари муттаҳам дар ҳамла ба ронандаи ҷавони такси Зиёвиддин Беков, бо нашри як акс хабар дод, ки ба шахси мусоидаткунанда 100 ҳазор сомонӣ мукофоти ваъдагӣ супорида шуд.

Милитсияи Душанбе бо нашри акси рӯи пӯшидаи ин шоҳиди муҳим иктифо карда, номи ӯро ошкор накардааст.

Дар иттилоияи РВКД пойтахти Тоҷикистон чунин гуфта мешавад:

“Ошкор кардан ва пешгирии кирдорҳои ҷиноятию ҳуқуқвайронкунӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пеш аз ҳама дар натиҷаи ҳамкорӣ ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба даст меоянд. Маҳз дар натиҷаи коркард ва санҷиши ахбороти аз ҷониби як шаҳрванд, ки тариқи суроғаҳои электронӣ ба мақомоти милитсия ворид гардид, гумонбаршаванда дар ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки беш аз 6 моҳ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, муайян карда шуд.

Роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт, ба шахси мусоидаткунанда изҳори сипос намуда, 100 ҳазор сомонӣ мукофот, ки барои ошкор сохтани ин ҷиноят эълон гардида буд, ба ҷавони мусоидаткунанда супорида шуд.

Вобаста ба ин, аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки бо милитсия ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ ҳеҷ гоҳ бетараф набошанд”.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 29 июли соли 2024, ҳамагӣ 2 ҳафта баъди эълони 100 ҳазор сомонӣ мукофот барои кумак дар ёфтани ҷинояткоре, ки моҳи январ ронандаи такси Зиёвиддин Бекови 23-соларо маъюб кард, аз боздошти нафари муттаҳам дар ин ҷиноят хабар дод ва гуфт, бо иттиҳоми содир кардани ин ҷиноят сокини 25-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Абдуҷаббор Ғозиев, ки чандин доғи судӣ дорад, дастгир шудааст.

Маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон дар иттилоияаш гуфт: “Дар натиҷаи коркарди ахбори воридгардида, аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки 15-уми январи соли 2024 дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе содир шуда, боиси ҷароҳат бардоштани ронандаи таксии ширкати “Як такси” Беков Зиёвиддин гардида буд, ошкор карда шуд. Муайян гардид, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Ғозиев Абдуҷаббор Абдуғафурович, соли таваллудаш 25.07.1999, сокини н.Рӯдакӣ содир намудааст. Қобили зикр аст, ки номбурда собиқаи ҷиноятӣ дошта, қаблан маҳбасӣ гардидааст”.

Маълум шуд, ки моҳи феврали соли 2024, алакай баъди ҳамла ба ронандаи такси, Абдуҷаббор Ғозиев барои содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дастгир гардида, айни замон дар маҳбас адои ҷазо карда истодааст.

Худи Ғозиев ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсия гуфт, “зимни пурсиш гумонбаршаванда – Ғозиев Абдуҷаббор пурра ба ҷинояти содиркардаи худ иқрор гардид. Ҳамзамон, бо далелҳои зимни коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба даст омада аз ҷониби ӯ содир гардидани ҷиноят пурра исботи худро ёфт”.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 16 июли соли 2024 бо нашри  аксҳои як гумонбашаванда дар саҳифааш дар Фейсбук эълон карда буд, ки барои мусоидат ба боздошти нафаре, ки субҳи 15 январи соли 2024 дар кӯчаи Яккачинори пойтахт ба ронандаи такси Беков Зиёвиддин ҳамла кард, 100 ҳазор сомонӣ ҷоиза муқаррар карда шудааст.  Зиёвиддин Беков бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш маъюб шуд. Ширкати “Як Такси” қаблан барои ёфтани нафаре, ки ронандаи ин ширкатро маҷруҳ кард, 30 ҳазор сомонӣ ҷоиза ваъда дода буд, вале то кунун ба мақомот муяссар нашуда буд, ки ҷинояткорро боздошт карда, ин ҷиноятро бикушоянд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода моҳи феврал дар нишасти хабариаш гуфта буд, дар робита ба ин ҳодиса 8 гумонбаршавандаро дастгир карда, аксҳояшонро ба ҷабрдида нишон доданд, вале ӯ онҳоро нашинохт.

Зиёвиддин Беков, сокини 23-солаи Душанбе, ки яккаписари хонавода буда, тоза тирамоҳи соли 2023 издивоҷ карда буд ва ҳамагӣ 4 моҳ боз дар ширкати “ЯК такси” кор мекард, субҳи 15 январи соли 2024 дар маҳаллаи Яккачинори пойтахт мавриди ҳамла қарор гирифт.

Ба гуфтаи падараш Мурод Беков, ки ӯ ҳам такси меронад, як муштарӣ аз аз маҳаллаи “Ҳаёти Нав”, аз наздикии тарабхонаи “Бохтариён” ба мошини Зиёвиддин нишаста, аввал то наздикии “Ромсар” ва сипас то Яккачинор рафтааст. Роҳкиро то инҷо 37 сомонӣ шудааст ва вақте ки ронанда аз ӯ пули роҳашро тақозо мекунад, муштарӣ, ки дар курсии қафо нишаста буд, ногаҳон бо корд ҳамла карда, ба қисмати рости гардан 5 зарба ва ба ҳарду дастони Зиёиддин корд мезанад. Баъди фирори ҳамлагар, роҳгузарон мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват карда, ронандаи таксиро ба Беморхонаи “Қарияи Боло” мерасонанд. Зиёвиддин Беков 10 рӯз дар ин бемористон табобат гирифт, вале азбаски қотил раги артерия ва дигар рагҳои асабу хунгардро аз тарафи рост буридааст, чашму дасти рости Зиёвиддин аз ҳаракат бозмондаанд.

Волидони Зиёвиддин Беков барои идомаи табобати писари ягонаашон маҷбур шуданд, ки хонаи худро, ки дар қабати панҷуми як бинои панҷқабата дар маҳаллаи Зафар (“Горбаня”)-и собиқ ҷамоати Чоряякорон дар канораҳои шимолуғарбии пойтахт ба фурӯш бигузоранд.

– Барои табобату ба по хезондани писарам пул лозим аст. Мо маблағи захира надорем. Маҷбурам, ки хонаамро фурӯхта писарамро табобат кунам, – гуфта буд падари Зиёвиддин.

Ба гуфтаи падараш, онҳо бо Зиёвиддин ҳарду қаблан бо як мошин дар ширкати таксии “3333” кор мекарданд, вале баъди издивоҷаш Зиёвиддин пешниҳод кардааст, ки бо ду мошин кор кунанд, то қарзи тӯйи ӯро зудтар бикананд…

Онҳое, ки мехоҳанд ба ин хонавода кумак кунанд, метавонанд ба рақами ҳисоби бонкӣ дар  Душанбе Сити  кумаки худро ирсол кунанд:  9762000090146266 ё ба рақами телефони: +(992)000994799. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button