ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ҲАМЛАИ МУШАКӢ ДАР СОАТИ ДУИ ШАБ: ТАФСИЛОТИ ҚАТЛИ РАҲБАРИ ҲАМОС ИСМОИЛ ҲАНИЯ ДАР ТЕҲРОН

Раҳбари дафтари сиёсии гуруҳи фаластинии ҲАМОС Исмоил Ҳания ва муҳофизи ӯ шаби 31 июли соли 2024 дар натиҷаи як амалиёти вижаи Исроил дар Теҳрон кушта шуданд. Ҳания барои иштирок дар маросими адои савганди раисиҷумҳури нави Эрон Масъуди Пизишкиён ба пойтахти Ҷумҳурии исломӣ омада буд.

Раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ гуфт, азбаски Исроил Исмоил Ҳанияро дар хоки Эрон ва вақте кушт, ки ӯ меҳмони Эрон буд, Ҷумҳурии исломӣ хунхоҳии ӯро вазифаи худ медонад. Хоманаӣ гуфт, Исроил бо ин амалаш “заминаи муҷозоте сахтеро барои худ фароҳам сохт”.

Хабаргузории эронии Меҳр хабар дод, ки Исмоил Ҳанияро шаби чоршанбе, 31 июл куштанд. Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар изҳороташ гуфт, Ҳания ва яке аз муҳофизонаш дар натиҷаи ҳамлаи артиши Исроил ба қароргоҳи онҳо дар Теҳрон ҷон бохтанд. Сипоҳи посдорон гуфт, “ин ҳодиса” таҳти таҳқиқ қарор дорад ва натиҷаҳои таҳқиқ баъдан эълон хоҳад шуд.

Гуруҳи ҲАМОС, ки аз соли 2007 назорати навори Ғаза, як қисмати сарзаминҳои фаластиниро дар даст дорад, марги раҳбари сиёсиашро тасдиқ кард ва изҳор дошт, ки Исмоил Ҳания “дар натиҷаи ҳамлаи аҳдшиканонаи саҳюнистҳо ба қароргоҳаш дар Теҳрон” ба ҳалокат расид.

Дар ҳамин ҳол, шабакаи телевизионии Al-Arabiya бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки Исмоил Ҳания дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ ба манзиле дар Теҳрон ки ӯ дар ҷараёни сафараш ба Эрон дар он хона қарор дошт, кушта шудааст.

 “Исмоил Ҳания соати 02:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 03:30 ба вақти Душанбе — “Бомдод”) дар натиҷаи мустақиман ба макони зисти раҳбари дафтари сиёсии ҲАМОС асобат кардани мушак кушта шуд”, — гуфта мешавад дар гузориши “Ал-Арабия”.

Сӯиқасд ба ҷони Ҳания дар пайи иштироки ӯ дар маросими адои савганди раисиҷумҳури нави Эрон Масъуди Пизишкиён сурат гирифт. Дар мулоқоте, ки чанд соат қабл аз қатли раҳбари сиёсии ҲАМОС сурат гирифт, Пизишкиён изҳори итминон кард, ки ҷанги ҲАМОС бо Исроил бо нобудии Исроил ба анҷом хоҳад расид. Пизишкиён бо таъкид ба ин ки “Эрон ҳамеша зидди ҷиноятҳо ва таҷовузи режими саҳюнистист”,  аз муқовимати фаластиниҳо пуштибонӣ кард ва гуфт: “Мо мутмаинем, ки ин мубориза бо пирӯзии ниҳоии мардуми Фаластин ва озодии сарзаминҳои фаластинӣ ва бо нобудии режими саҳюнистӣ ба анҷом хоҳад расид”.

Дар ТСАХАЛ (артиши Исроил) ба шабакаи телевизионии CNN дар робита ба амалиёти қатли Ҳания дар Теҳрон гуфтаанд, ки “хабарҳои расонаҳои хориҷиро шарҳ намедиҳанд”. Аммо вазири умури Байтулмуқаддас ва мероси Исроил Амихай Элияҳу гуфтааст, ки қатли Исмоил Ҳания “як шеваи дурусти тоза кардани дунёст”.  Суханони ӯро нашрияи The Times of Israel нақли қавл кардааст.

“Марги Ҳания ҷаҳонро беҳтар мекунад” — таъкид кардааст ин вазири исроилӣ.

Исмоил Ҳания  аз соли 2017 раҳбарии дафтари сиёсии ҲАМОСро дар даст дошт ва аз ҳамон вақт дар Қатар ба сар мебурд.

Моҳи апрели соли 2024 дар натиҷаи ҳамлаи Исроил ба навори Ғаза 3 писар ва 4 набераи Исмоил Ҳания кушта шуданд. Вале Ҳания дар вокуниш ба марги пайвандонаш гуфт, ки ин мусибат ӯро аз роҳи муборизааш мунсариф нахоҳад кард.

Чанд соат қабл аз қатли Ҳания, дар натиҷаи ҳамлаи Исроил ба шаҳри Бейрут, пойтахти Лубнон, Фуод Шукр, як фармондеҳи аршади “Ҳизбулллоҳ” кушта шуд. Фуод Шукр раҳбари умури ҳарбии ин гуруҳи шиъаҳои Лубнон ва амалан мушовири дасти рости Ҳасан Насруллоҳ ва раҳбари аз лиҳози аҳамияташ дуюми “Ҳизбуллоҳ” ба шумор мерафт.

Вазъи Ховари Миёна аз 7 октябри соли 2023, дар пайи ҳамлаи нирӯҳои ҲАМОС аз навори Ғаза ба хоки Исроил ва гаравгон гирифтани беш аз 200 нафар муташанниҷ гардид. Дар посух Исроил ба навори Ғаза ҳамла овард ва то имрӯз, бино ба ҳисобҳо, даҳҳо ҳазор фаластинӣ, аз ҷумла шумори зиёди занону кӯдакон, кушта шуданд.

Қатли Исмоил Ҳания дар ҳоле сурат гирифт, ки талошҳо барои расидан ба оташбас дар Ховари Миёна идома доштанд.

Муовини вазири хориҷаи Русия Михаил Богданов қатли Исмоил Ҳанияро куштори сиёсӣ ва мутлақо ғайри қобили қабул номидааст.

Як намояндаи Кохи Сафед бидуни бурдани ном ба CNN гуфтааст, ки дар маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз кушта шудани Ҳания хабар доранд. Аммо ин манбаъ аз ҳар навъ шарҳи дигари ин ҳодиса худдорӣ кардааст.

Бар асоси маводи “Газета.Ру”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button