ДАРГУЗАШТИ ДОНИШНОМАНАВИСИ ТОҶИК НУРИДДИН ШАРИПОВ
Нуриддин Шарипов, донишноманависи маъруфи тоҷик, корманди Саридораи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик шаби 30 июл дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт. Хабари даргузашти Нуриддин Шариповро ба Pressa.tj пайвандонаш хабар доданд. Маросими видоъ бо Нуриддин Шарипов рӯзи 31 июл дар манзилаш дар маҳаллаи Теппаҳои шарқӣ, минтақаи 6, хонаи 142 (назди Автодроми 7-ум километр) ва маросими намози ҷанозаи марҳум рӯзи 31-уми июл, соати 13:00 дар масҷиди ҷомеи маҳаллаи 9-ум километр баргузор шудааст.
Нуриддин Шарипов тамоми умр дар Энсиклопедияи тоҷик фаъолият карда, яке аз муҳаррирон ва донишноманависони варзидаи Тоҷикистон ба шумор мерафт.
Ӯ зодаи деҳаи Зериҳисори шаҳри Панҷакент буда, факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (1978, ҳоло ДМТ)-ро хатм кардааст. Муҳаррири хурди редаксияи Луғатнома, фонди илмӣ ва истилоҳот (1978—1979), муҳаррир (1979—1980), муҳаррири калон (1980—1983), муҳаррири илмӣ (1983—1984), муҳаррири калони илмии (1984-85) редаксияи Иқтисодиёти сиёсӣ ва хоҷагии халқи СИЭСТ. Солҳои 1985-87 дар ҳайати гурӯҳҳои Қувваҳои Мусаллаҳи СССР дар Ҷумҳурии Афғонистон хидмат кардааст. Баъдан муҳаррири калони илмии редаксияи Хоҷагии кишлоқ (1987—1990) ва аз соли 1990 мудири редаксияи Назорати илмӣ ва таҳрири адабии СИЭСТ ва СИЭМТ мебошад.
Нуриддин Шарипов тӯли фаъолият дар таҳриру тадвин, таҳия ва ба чоп омода намудани 8 ҷилди «Энсиклопедияи советии тоҷик», 2 ҷилди «Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» саҳми калон дорад.
Бо саъю кӯшиш ва таҳрири махсуси ӯ 3 ҷилди энсиклопедияи «Ҳазору як корнома», китобҳои «Хотира» ва «Памят» ба табъ расидаанд. Ӯ мураттиби китобҳои хотираи ноҳияҳои Айнӣ, Балҷувон, Зафаробод, Муъминобод, Нуробод, Тавилдара, Файзобод, шаҳри Роғун (соли 2010) буда, аз силсилаи Энсиклопедияи насри форс-тоҷик «Латоиф-ут-тавоиф»-и Алии Сафӣ, «Дастуру-ул-мулук»-и Самандари Тирмизӣ ва насру назми Убайди Зокониро (соли 2010) таҳия намудааст.
Мураттиб, муҳаррир ва яке аз муаллифони 3 ҷилди «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» аст. Ҳамчун мудири редаксияи Назорати илмӣ ва таҳрири адабии СИЭМТ мақолаҳои «Энсиклопедияи рӯзғордорӣ», ҷилди 3-юми «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик», «Энсиклопедияи Душанбе» (нашри 1 ва 2), «Энсиклопедияи Кӯлоб» ва ҷилдҳои 1 ва 6-и «Энсиклопедияи миллии тоҷик»-ро аз лиҳози илмӣ ва адабӣ таҳрир кардааст. Муаллифи бисёр мақолаҳои илмӣ (беш аз 300 адад) дар нашрияҳои энсиклопедии «Энсиклопедияи советии тоҷик», «Энсиклопедияи миллии тоҷик» (ҷилдҳои 1 ва 6) ва «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (ҷилдҳои 1-4). Нуриддин Шарипов яке аз энсиклопедистони варзида ба шумор мерафт.
Манбаъ: Пресса.Тҷ