ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БАРОДАРИ ХУДАШРО КОРД ЗАДАНИ НАВРАС, 2 АВБОШӢ ВА ДУЗДИИ 2 ҶАВОНЗАН ДАР ДУШАНБЕВУ КӮЛОБ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 30 июли соли 2024

Расонидани зарари вазнин ба саломатии бародар 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумон қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.  Гумонбаршаванда нимашаби 29-уми июли соли 2024, тахминан соати 02:00, ҳангоми дар манзили истиқоматиашон қарор доштанаш бо бародараш ҷавони 21-сола муноқиша намуда, бо корди ошхонагӣ 2 маротиба ба шикамаш задааст.  Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ду ҳолати авбошӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шоми 28-уми июли соли 2024, тахминан соатҳои 20:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Ҳисори пойтахт дар назди маркази савдои “Арзон” қарор доштанаш марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ  бо корд 2 маротиба дар пушташ задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда шаби 25-уми июли соли 2024, тахминан соати 22:00, дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 37-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2 маротиба ба дасти чапаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани ду ҷавонзан бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб аризаи марди 35-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 29-уми июли соли 2024, тахминан соатҳои 12:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди дукони фурӯши либосҳои занона, воқеъ дар маҳаллаи И.Сомонии шаҳри Кӯлоб шуда, аз онҷо зиёда аз 40 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи сокини шаҳри мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 47-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гаридааст, ки шаби 11-уми июли соли 2024, тахминан соати 00:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо як адад телефони мобилии тамғаи “Поко”-ро, ки дар дохилаш барномаи “Душанбе Сити Бонк” пайваст шуда буд ва дар ҳисобаш 42 ҳазору 363 сомонӣ маблағи пулӣ дошт, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.  Зарари расонидашуда, 43 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 22-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button