ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

САФОРАТИ ТУРКИЯ ДАР ДУШАНБЕ АЗ 5 АВГУСТ ДИГАР ВИЗА НАМЕДИҲАД. ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ВИЖАИ ВИЗА

Сафорати Туркия дар Душанбе рӯзи 29 июли соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки аз 5 августи соли ҷорӣ дар худи сафорат қабули дархостҳо барои гирифтани виза, ё раводиди сафар ба Туркия пурра қатъ карда мешаванд ва сафорат аз 5 август дигар ба таври мустақим дархостҳо барои дарёфти раводидро қабул намекунад.
Аз ҳамаи хоҳишмандони дарёфти визаи Туркия хоста шудааст, ки аз 5 август барои дарёфти виза як маркази вижаи визагирӣ муроҷиат кунанд. Ҳамин тавр, онҳое, ки барои дарёфти виза дар сафорат барои рӯзи 5 август ва баъди он вақт гирифта буданд, бояд аз нав ба Маркази виза муроҷиат кунанд.


Сафорат дар эълонаш гуфт: “Дархостҳо оид ба гирифтани ҳама намуди раводиди Туркия аз 5 августи соли 2024 тавассути маркази дархости раводид дар Тоҷикистон оғоз мегардад.
Сафорат аз санаи номбурда дархостҳои раводидро ба таври мустақим намепазирад.
Маълумот ва ҳуҷҷатҳои лозимаеро, ки барои дархости раводид ба маркази зикршуда лозиманд, метавонед тавассути тамос бо марказ дастрас намоед.
Барои дархости раводид аз қабл таъйиноти вақт барои вохӯрӣ шарт нест. Дархостҳо барои раводидро метавонед дар давоми соатҳои кории муайяншуда пешниҳод намоед.
Дар ҳоли ҳозир нафароне, ки барои санаи 5 августи соли 2024 ва баъдтар аз он таъйиноти вақт барои вохӯрӣ доранд, метавонанд аз 5 август ба маркази дархости раводид бо ҳуҷҷатҳои омодакардаашон бидуни таъйиноти вақт барои вохӯрӣ муроҷиат намоянд”.


Аз 5 август масъулияти таҳияи раводиди Туркия ба ширкати ABC Ltd вогузор карда мешавад.
Суроға: Маркази тиҷоратии ”Созидание” воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, 48, бинои Б, ошёнаи 2-юм.
Реҷаи кории Маркази дархости раводид: душанбе – ҷумъа аз 9:00 то 17:00.
Телефон: +(992) 991 23 99 99

Почтаи электронӣ: dushanbe@abcvisa.net

Сомонаи
интернетӣ
: https://abcvisa.net/

Instagram: abc.visa.tj

Whatsapp: +992 991 23 99 99

Нархи виза барои шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафари яккарата ба Туркия 60 доллар ва барои сафарҳои бисёркарата (мулти-виза) 190 доллар муқаррар карда шудааст.

Ёдовар мешавем, Туркия аз 20 апрели соли 2024 режими бидуни раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор кард. 6 апрели соли 2024 дар нашрияи расмии ҳукумати Туркия Resmi gazete фармони президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон нашр шуд, ки дар он  чунин гуфта мешуд:  “Қарор карда шуд, ки режими бидуни раводид барои сафар ба Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаҳои хориҷии оддӣ доранд, бекор карда шавад”.

Дар бораи сабаби чунин қарори ҳукумати Туркия низ то кунун шарҳе нашр нашудааст. Вале тасмими Туркия дар мавриди бекор кардани низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи силсилаи ҳамлаҳои террористии аз номи созмони террористии ДОИШ дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла дар Туркия, бо иштироки зодагони Тоҷикистон суратгирифта эълон шуд.

Аз ҷумла барои ҳамлаи мусаллаҳонаи моҳи январи соли 2024 ба калисои католикӣ дар шаҳри Истанбул, ки боиси ҳалокати як шаҳрванди Туркия шуд, ду нафар дастгир шуданд, ки якеаш аз Русия ва дуюмаш зодаи Тоҷикистон Амирҷон Холиқов буд.

Ҳамин тавр,  дастикам ду нафар аз омилони ҳамлаи хунини рӯзи 22 март дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, ки онҳо ҳам аз Тоҷикистонанд, қабл аз ин ҳамла ба Туркия сафар карда будаанд. Гумон меравад, ки онҳоро барои машқ додан ба пойгоҳҳои махфии гуруҳҳои террористӣ бурдаанд.

Дар поёни моҳи март дар асоси баёноти Фаридуни Шамсиддин, ки ӯро саркардаи террористҳои Красногорск мешуморанд, дар Туркия 51 нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ дастгир карданд. Ҳамин тавр, шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Фозилҷон А. ва шарики 41-солаи ӯ аз Қирғизистон бо номи Зулфия С. бо иттиҳоми омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар Туркия дастгир шуданд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз Анкара гила кард, ки бар хилофи урфи дипломатӣ, Душанберо аз қабл дар бораи ин тасмимаш хабардор накардааст. Душанбе дар посух ба Анкара низ аз 20 апрел ҳамчун иқдоми мутақобила барои шаҳрвандони Туркия низоми раводид ҷорӣ кард.

https://www.facebook.com/TCDusanbeBE/posts/pfbid02uJpVZbaFFLq8A5Pv3RYaYANANbndu4ZsCCbvQzs4wGFgmcVJfd5Bg8gAV4rgLRZol

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button