МУСОДИРАИ 30 ҲАЗОР ДОНА СИГОРИ ТАМҒАИ “ESSE CHANGE” АЗ ЯК ҚОЧОҚБАР ДАР ҚУБОДИЁН (4 АКС)

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 29 июли соли 2024 бо нашри чанд акс аз мусодираи 30 000 дона тамокуи тамғаи “Esse Change” аз як қочоқбар дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён хабар дод.
Бино ба иттилои маркази матбуоти милитсияи Хатлон, дар асоси ахбороти оперативӣ ва дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қубодиён дар дидбонгоҳи доимамалкунандаи ин ноҳияи воқеъ дар ҷанубуғарби Тоҷикистон мошини тамғаи БМВ-М-5, рақами қайди давлатиаш 80-70 RD 01 манъ карда шуд.
“Муайян гардид, ки мошин ба шаҳрванд Султонов Ҳасан Ҳамидҷонович, санаи таваллудаш 19.04.1993, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҷамоати деҳоти Вахдати миллӣ тааллуқ дошта, зимни азназаргузаронии бағочи автомашинаи зикршуда 150 қуттӣ (блок), яъне 30 000 дона тамокуи тамғаи “Esse Change”, ки бидуни тамғаи аксизӣ буда, бо роҳи қочоқ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, дарёфт ва мусодира карда шуд”, – хабар додааст милитсия.
Худи Султонов барои шарҳи қазия дастрас нест. Милитсияи Хатлон гуфт, дар робита ба ҳолати мазкур нисбат ба дастгиршуда маводи зарурӣ тартиб дода шуда, санҷиш идома дорад.
Милитсияи Хатлон таъкид кардааст, ки мубориза зидди қочоқ ва ошкору пешгирӣ аз воридшавии молу маҳсулоти бидуни тамғаи аксизӣ, ки ба категорияи ҷиноятҳои иқтисодӣ дохил шуда, ба манфиатҳои иқтисодии мамлакат зарари молиявӣ мерасонад, яке аз самтҳои дигари фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ маҳсуб меёбад.



