94 ФОИЗИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН АЛАКАЙ МУШАХХАС ШУДААСТ. ПАС МАРЗИ БАЙНИ ДУ КИШВАР КАЙ БОЗ ХОҲАД ШУД?
Мансабдорони баландпояи Тоҷикистон мегӯянд, ки 94 фоиз, ё 928 километр аз 987 километр тӯли марзи Тоҷикистону Қирғизистон алакай мушаххас карда шуда, музокираҳо барои таъйин ва аломатгузории қисматҳои боқимонда идома дорад.
Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замини Тоҷикистон рӯзи 29 июли соли 2024 дар нишасти хабариаш ба далели, ба гуфтаи ӯ, “пеш наомадани нофаҳмӣ”аз ироаи ҷузъиёти музокироти марзӣ ва инки оё кадом қисматҳои марз ташхисношуда боқӣ мондааст, худдорӣ кард, вале гуфт, музокирот фаъолона идома дорад.
“Гурӯҳҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаш моҳи аввали соли 2024 дувоздаҳ бор мулоқот карданд. Пешравии чашмрас ҳосил шуд. Дар ин муддат 82,3 километр хатти сарҳад муайян карда шуд”, – хабар дод Ориф Хоҷазода.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хабар дод, ки даври навбатии музокироти марзӣ аз 11 то 17 августи соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон доир хоҳад шуд. Ӯ хушбинона гуфт, “комиссия бисёр фаъол аст, Худо хоҳад, моҳҳои наздик санадҳо ба имзо расонида мешавад” ва марзи байни ду кишвар боз хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, Ориф Хоҷазода эътироф кард, ки раванди музокирот холӣ аз мушкил нест: “Баъзе аз минтақаҳои баҳснок ҳастанд, ки дар бораи онҳо гуфтушунид идома дорад. Барои ёфтани роҳҳои ҳалли барои ҳарду тараф қобили қабул ва пешгирӣ аз ихтилоф кор карда истодаем. Ҳарду тараф барои бо роҳи осоишта ҳал кардани маъсала кӯшиш доранд”.
Дар ҳоле ки мансабдорони баландпоя аз гуфтани ҷузъиёт худдорӣ мекунанд, манобеи огоҳ аз ҷараёни музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон мегӯянд, 58 километри боқимондаи марзи ин ду кишвар мушкилтарин қитъаҳои ин марзи аз ҳама пурмушкил ва низоъбарангез дар Осиёи Марказист ва ҷонибҳо ба ин далел дар тӯли қариб 4 моҳи охир дар музокироти марзӣ дигар ягон қадам пеш рафта натавонистанд.
Онҳо ёдовар шуданд, ки 928 километри марзи Тоҷикистону Қирғизистону Тоҷикистон ҳанӯз дар аввалҳои баҳори соли ҷорӣ муайян шуда буд ва баъди он бо вуҷуди баргузории чанд даври музокираҳо, ки ҳар кадомаш то як ҳафта давом мекард, Душанбеву Бишкек дигар дар бораи пешрафт дар масъалаи таъйину аломатгузории марзҳояшон ягон хабар надодаанд.
Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳанӯз моҳи декабри соли 2023 хушбинона изҳор дошта буд, ки Бишкек ва Душанбе алакай дар баҳори соли 2024 музокироти марзиро ба поён хоҳанд расонд. Моҳи январи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидон дар Душанбе дар пайи мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хабар дода буд, ки созишномаи ниҳоии марзи Тоҷикистону Қирғизистон алакай моҳи марти соли 2024 ба имзо мерасад.
Вале ҷараёни музокироти баъдӣ ва то ҳол мушаххасношуда боқӣ мондани 58 километри марз нишони дод, ки Душанбеву Бишкек нафақат дар баҳор, балки дар тобистони соли 2024 низ натавонистанд раванди музокироти марзиро ниҳоӣ кунанд.
Музокироти марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баъди чандин соли рукуд тоза аз моҳи октябри соли 2023 якбора суръат гирифт ва дар байни чанд моҳи аввал ду ҷониб тавонистанд беш аз 230 километр қитъаҳои баҳсии марзашонро мушаххас кунанд.
Ҳарду ҷониб аз гуфтани ҷузъиёти музокироти марзӣ ва инки пешрафтҳои ахир дар амри таъйин ва аломатгузории ин мушкилтарин марз дар Осиёи Марказӣ дар асоси чӣ гузаштҳое аз тарафи ҷонибҳо ба даст омадааст?, худдорӣ мекунанд. Махфӣ гузаштани музокироти марзӣ мардумро, ба хусус сокинони манотиқи наздимарзиро дар ҳоли нигаронӣ нигоҳ медорад.
Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то як соли пеш танҳо чизе бештар аз 600 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шуда буд. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.
Дар солҳои 2021 ва 2022 дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар наздики 200 нафар кушта шуда, беш аз 700 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд. Аз ҷумла дар муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 450 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин даргирӣдар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.
Қирғизистон аз моҳи майи соли 2021 марзашро бо Тоҷикистон пурра баста аст. Дар аввал “мубориза бо коронавирус” ҳамчун баҳонаи расмии бастани марз гуфта мешуд, вале баъде ки хатари коронавирус аз байн рафту вале марз ҳамунон баста боқӣ монд, роҳбарони Қирғизистон чандин бор гуфтанд, ки марз бо Тоҷикистон танҳо баъди пурра ҳал шудани мушкилоти марзӣ бо ин кишвар кушода хоҳад шуд.

