ТАСМИМ ГИРИФТА ШУД: ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ” ВА ТЕАТРИ ЛОҲУТИРО ВАЙРОН МЕКУНАНД

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, рӯзи 29 июли соли 2024 дар нишасти хабариаш тасдиқ кард, ки биноҳои чойхонаи машҳури “Роҳат” ва театри ба номи Лоҳутӣ, ки дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе, дар паҳлуи бинои нави ҳукумат ҷойгир шудаанд, вайрон карда шуда, ба ҷои онҳо биноҳои муосир сохта мешаванд. мешаванд. Баҳси тахриби ин биноҳо тақрибан 10 сол боз идома дошт ва дар ин байн фикри мақомот дар бораи сарнавишти ин ду бино чандин бор иваз шуд.
Низом Мирзозода гуфтааст, ки чойхонаи “Роҳат” дар замонаш бо ғизоҳои лазизи худ, ба вижа бо лағмонаш шуҳрат дошт, вале ҳоло он шуҳрати қаблиро комилан аз даст додааст.
Мирзозода афзуд: “Беҳтар он нест, ки мо бинои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо номи чойхонаи “Роҳат” бунёд созем? Муҳим он аст, ки бренди чойхонаи “Роҳат” гум нашавад, моҳият ва аҳамияти бино бо аз нав сохтани он гум намешавад”.
Ӯ ҳамин тавр, таъкид кард, ки бинои театри Лоҳутӣ хеле фарсуда шудааст ва беҳтар ин аст, ки барои аҳли ин театр як бинои нави замонавӣ сохта шавад. Баъид нест, ки баъди анҷоми сохтмони тӯлкашидаи бинои театри миллӣ, аҳли театри Лоҳутӣ ба ин бино кӯчонда шаванд.
Раиси Кумитаи сохтмон нагуфт, ки ин ду бино кай хароб карда мешаванд? Як қисми чойхонаи “Роҳат” дар ҷараёни бунёди бинои нави ҳукумати Тоҷикистон алакай вайрон карда шуда буд, вале бинои асосиаш асосан ба далели маъракасозиҳои равшанфикрони тоҷик побарҷо боқӣ монда буд.
Биноҳои нави ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон дар хиёбони марказии Душанбе бар пояи беш аз 200 миллион доллар кумаки билоивази Хитой (Чин) ва асосан бо дасти ширкатҳои хитоӣ сохта шуданд ва маросими гушоиши ҳарду бино рӯзи 7 июли соли ҷорӣ дар ҳузури раҳбарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Сӣ Ҷинпинг баргузор шуд.
Нақшаи бунёди биноҳои нави ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон сари чандин биноҳои дар хиёбони марказӣ ҷойгиршуда, аз ҷумла биноҳои шаҳрдории Душанбе, вазорати кишоварзӣ, театри русии ба номи Маяковский, чандин бинои истиқомативу маъмурии воқеъ дар маркази пойтахт ва ҳатто бинои қаблии Кохи президентро, ки дар замони Шӯравӣ қароргоҳи Кумитаи марказии ҳизби он замони яккатози коммунист ва бархе идораҳои ҳукумати Тоҷикистон буд, хӯрд.
Табари тахриб болои сари биноҳои театри Лоҳутӣ ва чойхонаи “Роҳат” низ қарор гирифт. Вазорати фарҳанг билофосила аз тахриби ин биноҳо пуштибонӣ карда, исрор меварзид, ки ин ду бино ягон арзиши таърихӣ надоранд. Аммо равшанфикрон тахриби биноҳоеро, ки бозгӯи таърихи начандон тӯлонӣ, вале боз ҳам таърихи Тоҷикистон буданд, ба боди танқид кашиданд ва мақомот маҷбур шуданд, ки дар ин масъала ақибнишинӣ кунанд.
Ду сол пеш, моҳи июли соли 2022, марҳум Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси вақти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар нишасти хабариаш ҳамаро итминони хотир дод, ки бинои асосии чойхонаи “Роҳат” ва ҳамчунин биноҳои Театри ба номи Лоҳутӣ, Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Академияи илмҳоро дар хиёбони марказии пойтахт, шаҳри Душанбе вайрон намекунанд.
Зувайдзода гуфта буд: “Дар паси чойхона иморати нави вазорати адлияи Тоҷикистон сохта мешавад. Атрофи онро гулзор мекунанд. Чойхона мемонад. Танҳо биноҳои гирду атрофи он, ки ба чойхона часпидаанд, вайрон карда мешавад. Ин биноҳо арзиши таърихиву фарҳангӣ надоранд. Дар ҷойи онҳо бинои нави вазорати адлия ва гулгашт сохта мешавад”.
Раиси вақти кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҳамчунин хабар дода буд, ки “дар бораи тахриби бинои Театри ба номи Лоҳутӣ, Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Академияи илмҳо, ки дар кӯчаи марказӣ ҷойгир шудаанд, супориш нашудааст. Аз ин рӯ онҳо ҳам вайрон карда намешаванд”.
Зувайдзода гуфта буд, дар нақшаи барои ҷомиа ҳамчунон махфии Генплани Душанбе низ тахриби ин биноҳо пешбинӣ нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси Генплан дар солҳои охир алакай як силсила биноҳои таърихии пойтахти Тоҷикистон, аз ҷумла биноҳои бозори “Баракат”, синагогаи яҳудиён, Почтамт, шаҳрдории Душанбе, театри русии ба номи Маяковский ва ҳатто бинои Кохи президент, ки дар паҳлуи чойхонаи “Роҳат” ҷойгир шуда буд, ҳамчунин чандин биноҳои истиқомативу маъмурии дар асри гузашта дар хиёбони марказии Душанбе бунёдшуда вайрон карда шуданд.
Равшанфикрон мегӯянд, мақомот ба хотири бунёди Душанбеи асри 21 Душанбеи асри 20-ро хароб карда истодаанд ва бо чунин шева пойтахти Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ соҳиби биноҳои таърихӣ нахоҳад шуд. Тарафдорони бозсозии Душанбе баракс мегӯянд, хуб шуд, ки ба ҷои он биноҳои назарногир дар маркази пойтахт биноҳои муосири осмонбӯс қомат афрохтанд ва Душанбе ҳарчӣ бештар ба Дубай шабоҳат пайдо карда истодааст.
Чойхонаи “Роҳат” соли 1958 бунёд шудааст. Ин бино маҳсули дасти меъмор Константин Терлетский, муҳандис Даниил Гендлин ва устои машҳури чӯбкор Мирзораҳмат Олимов аст. Соли 2017 шабакаи телевизионии CNN дар як раддабандӣ аз байни 11 чойхонаи машҳуртарини ҷаҳон чойхонаи “Роҳат”-и Душанберо дар ҷои аввал гузошта буд.
Театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ, ки саҳнаи театрии №1 дар ҷумҳурӣ дониста мешавад, соли 1929 таъсис ёфта, соли 1957 ба бинои кунуниаш кӯчид.
