
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 29 июли соли 2024, ҳамагӣ 2 ҳафта баъди эълони 100 ҳазор сомонӣ мукофот барои кумак дар ёфтани ҷинояткоре, ки моҳи январ ронандаи такси Зиёвиддин Бекови 23-соларо маъюб кард, аз боздошти нафари муттаҳам дар ин ҷиноят хабар дод. Бо иттиҳоми содир кардани ин ҷиноят сокини 25-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Абдуҷаббор Ғозиев, ки чандин доғи судӣ дорад, дастгир шудааст.
Маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон дар иттилоияаш гуфт: “Дар натиҷаи коркарди ахбори воридгардида, аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки 15-уми январи соли 2024 дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе содир шуда, боиси ҷароҳат бардоштани ронандаи таксии ширкати “Як такси” Беков Зиёвиддин гардида буд, ошкор карда шуд. Муайян гардид, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Ғозиев Абдуҷаббор Абдуғафурович, соли таваллудаш 25.07.1999, сокини н.Рӯдакӣ содир намудааст. Қобили зикр аст, ки номбурда собиқаи ҷиноятӣ дошта, қаблан маҳбасӣ гардидааст”.
Маълум шуд, ки моҳи феврали соли 2024, алакай баъди ҳамла ба ронандаи такси, Абдуҷаббор Ғозиев барои содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дастгир гардида, айни замон дар маҳбас адои ҷазо карда истодааст.
Худи Ғозиев ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсия гуфт, “зимни пурсиш гумонбаршаванда-Ғозиев Абдуҷаббор пурра ба ҷинояти содиркардаи худ иқрор гардид. Ҳамзамон, бо далелҳои зимни коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба даст омада аз ҷониби ӯ содир гардидани ҷиноят пурра исботи худро ёфт”.
Ҷузъиёти чӣ гуна муайян шудани шахсияти нафари муттаҳам дар ҳамла ба таксирон ошкор карда нашудааст ва маълум нест, ки оё 100 ҳазор сомонӣ мукофоти ваъдагиро ба кӣ хоҳанд дод? Вале дар иттилоия бидуни бурдани номи мушаххасе таъкид шудааст, ки ”роҳбарияти РВКД ш.Душанбе ба шаҳрвандон барои эътимоду боварӣ ва ҳамкории доимӣ изҳори сипос менамояд”. Ин ҷумла метавонад ишора ба он бошад, ки мукофот соҳиби худро ёфт.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 16 июли соли 2024 бо нашри аксҳои як гумонбашаванда дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки барои мусоидат ба боздошти нафаре, ки субҳи 15 январи соли 2024 дар кӯчаи Яккачинори пойтахт ба ронандаи такси Беков Зиёвиддин ҳамла кард, 100 ҳазор сомонӣ ҷоиза муқаррар карда шудааст. Зиёвиддин Беков бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш маъюб шуд. Ширкати “Як Такси” қаблан барои ёфтани нафаре, ки ронандаи ин ширкатро маҷруҳ кард, 30 ҳазор сомонӣ ҷоиза ваъда дода буд, вале то кунун ба мақомот муяссар нашуда буд, ки ҷинояткорро боздошт карда, ин ҷиноятро бикушоянд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода моҳи феврал дар нишасти хабариаш гуфта буд, дар робита ба ин ҳодиса 8 гумонбаршавандаро дастгир карда, аксҳояшонро ба ҷабрдида нишон доданд, вале ӯ онҳоро нашинохт.
Зиёвиддин Беков, сокини 23-солаи Душанбе, ки яккаписари хонавода буда, тоза тирамоҳи соли 2023 издивоҷ карда буд ва ҳамагӣ 4 моҳ боз дар ширкати “ЯК такси” кор мекард, субҳи 15 январи соли 2024 дар маҳаллаи Яккачинори пойтахт мавриди ҳамла қарор гирифт.
Ба гуфтаи падараш Мурод Беков, ки ӯ ҳам такси меронад, як муштарӣ аз аз маҳаллаи “Ҳаёти Нав”, аз наздикии тарабхонаи “Бохтариён” ба мошини Зиёвиддин нишаста, аввал то наздикии “Ромсар” ва сипас то Яккачинор рафтааст. Роҳкиро то инҷо 37 сомонӣ шудааст ва вақте ки ронанда аз ӯ пули роҳашро тақозо мекунад, муштарӣ, ки дар курсии қафо нишаста буд, ногаҳон бо корд ҳамла карда, ба қисмати рости гардан 5 зарба ва ба ҳарду дастони Зиёиддин корд мезанад. Баъди фирори ҳамлагар, роҳгузарон мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват карда, ронандаи таксиро ба Беморхонаи “Қарияи Боло” мерасонанд. Зиёвиддин Беков 10 рӯз дар ин бемористон табобат гирифт, вале азбаски қотил раги артерия ва дигар рагҳои асабу хунгардро аз тарафи рост буридааст, чашму дасти рости Зиёвиддин аз ҳаракат бозмондаанд.
Волидони Зиёвиддин Беков барои идомаи табобати писари ягонаашон маҷбур шуданд, ки хонаи худро, ки дар қабати панҷуми як бинои панҷқабата дар маҳаллаи Зафар (“Горбаня”)-и собиқ ҷамоати Чоряякорон дар канораҳои шимолуғарбии пойтахт ба фурӯш бигузоранд.
– Барои табобату ба по хезондани писарам пул лозим аст. Мо маблағи захира надорем. Маҷбурам, ки хонаамро фурӯхта писарамро табобат кунам, – гуфта буд падари Зиёвиддин.
Ба гуфтаи падараш, онҳо бо Зиёвиддин ҳарду қаблан бо як мошин дар ширкати таксии “3333” кор мекарданд, вале баъди издивоҷаш Зиёвиддин пешниҳод кардааст, ки бо ду мошин кор кунанд, то қарзи тӯйи ӯро зудтар бикананд…
Онҳое, ки мехоҳанд ба ин хонавода кумак кунанд, метавонанд ба рақами ҳисоби бонкӣ дар Душанбе Сити кумаки худро ирсол кунанд: 9762000090146266 ё ба рақами телефони: +(992)000994799.