ДОДАРИ САРДАБИРИ КАНАЛИ ОППОЗИТСИОНИИ “ПАЁМ ТВ” БА 12 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Аслиддин Шарипов, сокини 37-солаи деҳаи Хиштхонаи ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт ва бародари хурдии Шавкати Муҳаммад, сардабири канали оппозитсионии “Паём ТВ” баъди истирдодаш ба Тоҷикистон ба 12 сол зиндон маҳкум шудааст.
Ҳукми ӯ ҳанӯз дар моҳи марти соли 2024 содир шуда, хабараш рӯзи 29-уми июл дастраси радиои зану шӯ Аюбовҳо гардидааст. Мақомот дар ин бора иттилоъ надодаанд. Дар ҳамин ҳол, баъзе аз наздикони Аслиддин Шарипов гуфтаанд, аз ҳукми додгоҳ хабар надоранд, вале медонанд, ки мурофиаи парвандаи ӯ дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҷараён дошт.
Яке аз дӯстони Аслиддин Шарипов ба шарти фош нашудани номаш гуфтааст, ки ӯро алакай аз боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд барои адои ҳукм ба яке аз зиндонҳои Душанбе бурдаанд.
Ба иттилои манбаъ, “Аслидин Шарипов ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ва ё таблиғи онҳо дар Интернет гунаҳкор дониста шудааст.” Маълум нест худи ӯ дар мурофиа чӣ гуфтааст?, чунки баррасии парвандааш бидуни ҳузури хабарнигорону пайвандонаш гузаштааст.
Мурофиаи парвандаи Аслиддин Шарипов аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Ашт аз 26 декабри соли 2023 то моҳи март дар боздоштгоҳи Хуҷанд идома дошт, вале маълум нест, ки оё наздиконаш тавонистанд барои Аслиддин Шарипов ягон адвокати мустақил бигиранд ваё аз ҳаққи ӯ дар додгоҳ адвокати аз тарафи давлат таъйиншуда ҳимоят кардааст?
Дар Тоҷикистон адвокатҳо аксар вақт аз тарси онҳоро “чап” гирифтани мақомот ҳадалимкон аз бар ӯҳда гирифтани парвандаҳое, ки ангезаҳои сиёсӣ доранд, худдорӣ мекунанд. Дар натиҷа, ҳимояти чунин афродро мақомот худ ба адвокатҳои давлатӣ, ки аз хатти кашидаи мақомот берун намебароянд, месупоранд. Адвокатҳои давлатӣ дар асл дар ин парвандаҳо на барои ҳимоят аз манфиати боздоштшуда, балки сирф барои намоиши инки ӯ адвокат дошт, иштирок мекунанд.
Мақомот то ҳол ягон бор парвандаи Аслиддин Шариповро расман шарҳ надодаанд.
Аслиддин Шарипов, ки 37 сол ва 3 фарзанд дорад, аз соли 2016 дар Русия дар як сохтмон кор мекард. Ӯ ҳанӯз 22 сентябри соли 2022 дар шаҳри Нижний Тагили Русия бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шуд ва баъди беш аз як соли боздошташ, дар аввали моҳи октябри соли 2023 ба дасти мақомоти Тоҷикистон супурда шуд.
Бар асоси маводи парвандаи истирдодаш, дар Тоҷикистон Аслиддин Шарипов бар асоси қисми дуюми моддаи машҳури 307, иловаи 3 ба ҳамкорӣ бо созмони мамнӯъ, яъне ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки бародари ӯ Шавкати Муҳаммад дар Аврупо аз фаъолони ҳамин гуруҳи оппозитсионист, айбдор мешуд. Моддаи 307 дар Тоҷикистон барои таъқиби мухолифону дигарандешон ва наздикони онҳо истифода мешавад.
Наздикони Аслиддин Шарипов иттиҳоми ҳамкории ӯ бо созмонҳои мамнӯъро ро рад мекарданд ва мегуфтанд, ки ӯ ягон фаъолияти сиёсӣ надошт ва дар Русия дар сохтмон кор мекард. Ба бовари наздиконаш, сабаби аслии таъқиби Аслиддин Шарипов бародари Шавкати Муҳаммад, сардабири шабакаи телевизионии оппозитсионии “Паём ТВ” будани ӯст.
Шавкати Муҳаммад, ки чанд соли охир дар Аврупо ба сар мебарад, дар пайи аз Русия истирдод шудани бародараш дар як номаи саркушода ба додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон навишта буд, ки бародараш узви ягон гуруҳ ё созмони сиёсӣ ҳеҷ гоҳ набуд ва ягон фаъолияти сиёсӣ надошт. “Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ низ фаъолияти сиёсӣ ва ё ҳамкорӣ бо аҳли сиёсат надошт.. ҳеҷ гоҳ узви ягон ҳизбе набуд ва мадори сиёсӣ ҳам надошт. Ҳамеша дур аз сиёсат буд. Бо ман, акояш Шарипов Шавкатҷон Мамадҷонович, ки паноҳандаи сиёсӣ дар Австрия ҳастам, камтарин тамос надошт. Ягон маротиба, дар шабакаҳои иҷтимоъӣ фаъолияти сиёсӣ набурдааст. Баракс сиёсатро бад медид”, – таъкид карда буд Шавкати Муҳаммад дар номааш ба додситонӣ.
Шавкати Муҳаммад айбномаи зидди Аслиддин Шарипов: гӯё узви ҳам ҳизби наҳзат ва ҳам “Гуруҳи 24” будани ӯро “ҷурмҳои сохтаву бофта” номида, аз Додситонии кул хоста буд, ки нисбат ба додараш аз рӯи қонун муносибат кунанд. Мақомоти Тоҷикистон ба ин номаи Шавкати Муҳаммад ягон посух надоданд.

