АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

АЗ АВВАЛИ СОЛ ДАР РУСИЯ 502 ТОҶИКИСТОНӢ  БАРОИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАСТГИР ШУДААНД

Дар нимаи аввали соли 2024 дар Русия беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир шудаанд.

Зафар Самад, мудири Агентии мубориза бо маводи нашъадори Тоҷикистон рӯзи 29 июли соли 2024 дар нишасти хабариаш гуфт: “Дар 6 моҳи аввали соли 2024 дар кишварҳои хориҷӣ 528 шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони қочоқи маводи мухаддир дастгир шудаанд. Аз ҳама бештар – 502 нафар – дар Федератсия Русия, 23 шаҳрванди мо дар Ӯзбекистон ва 3 нафар дар Қазоқистон ба даст афтодаанд. Аз онҳо дар умум 96 кило маводи нашъадор мусодира кардаанд”.

Бино ба омори агентӣ, шумораи тоҷикҳои дар хориҷ дастгиршуда назар ба як соли пеш имсол  82 нафар камтар аст. Дар нимаи аввали соли 2023 дар кишварҳои хориҷӣ 610 шаҳрванди Тоҷикистон бо чунин иттиҳом ба даст афтода будаанд.

Дар айни замон дар нимаи аввали соли 2024 дар худи Тоҷикистон ҳамагӣ 10 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 5 шаҳрванди Афғонистон, 3 шаҳрванди Ӯзбекистон ва якнафарӣ аз Қазоқистону Қирғизистон бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шуда, аз онҳо дар умум 235 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира кардаанд. Дар нимаи аввали соли гузашта дар Тоҷикистон ҳамагӣ 5 хориҷа барои қочоқи маводи нашъадор дастгир шуда буд.

Бино ба маълумоти Агентии мубориза бо маводи нашъадори Тоҷикистон, дар моҳҳои январ – июни соли 2024 дар Тоҷикистон аз ҷониби ҳамаи ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар маҷмӯъ беш аз 3 тонна, дақиқтараш 3 тоннаву 96,6 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шудааст, ки ин назар ба нимаи аввали соли гузашта 619 кило, ё 25% бештар аст.  Аз ҳама бештар – 1 тоннаву 381 кило, ё 44,6% аз ҷамъи маводи мухаддири дар ҷумҳурӣ мусодирашударо мақомот дар вилояти бо Афғонистон ҳаммарзи Хатлон аз дасти қочоқбарон мусодира кардаанд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1370 км марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ”  ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русияву Қазоқистон табдил ёфтааст.

Аз тақрибан 7 ҳазор тоҷикистоние, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, тақрибан чорякаш барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button