ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

4 САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ЁВОНУ ҲИСОР ВА СПИТАМЕНУ КӮШОНИЁН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки аз 26 то 28 июли соли 2024 дар 4 садама дар Ёвону Ҳисор ва Спитамену Кӯшониён дастикам 4 нафар ҷон бохта, чанд тани дигар захмӣ шуданд.

Бино ба иттилои ВКД, аз ҷумла шаби 26-уми июли соли 2024, тахминан соати 22:20-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, Усмонзода Шаҳром Шавкат, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз маркази шаҳри Ҳисор ба шаҳри Душанбе дар роҳи мошингарди деҳаи Боғистони ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.  Дар натиҷа, худи ронанда Усмонзода Ш.Ш. ва мусофиронаш Муродзода Сайридин Сайфиддин, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Ҳоҷии Хурсандмурод, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Ҳисор, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Мусофири дигари мошини мазкур Давлатов Хуршедҷон Сангинмуродович, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Варзоб, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин 27-уми июли соли 2024, тахминан соати 15:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Ҷӯраев Иброҳим Пардаевич, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи А.Ҷомӣ ба самти ноҳияи Ёвон, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Қулбоди ноҳияи Ёвон аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба девори иҳотавии лаби роҳ бархӯрда, ба ҷӯйбори обгузар чаппа шудааст.  Дар натиҷа, мусофири мошини мазкур Темуров Шодмон Худойқулович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Шаби 28-уми июли соли 2024, тахминан соати 02:00, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», Назиров Воҳидҷон Норалиевич, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди «Душанбе-Хуҷанд» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҳамзаев Рустамҷон Нуруллоевич, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Истаравшанро, ки аз канори роҳ мегузашт, пахш намудааст.  Дар натиҷа, пиёдагард Ҳамзаев Р. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ва нимаи дуюми рӯзи 28-уми июли соли 2024, тахминан соати 15:50, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Камри”, Раҷабов Абдуалим Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Левакант, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Левакант дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Ҳалимов Бахтиёр Маҳмадуллоевич, с.т. 1979, сокини шаҳри Бохтар, бархӯрдааст. Дар натиҷа, Ҳалимов Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мусофири мошини тамғаи “Опел-Астра”, ҷинсаш мард, шахсияташ номаълум, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Муттаассифона, даҳҳо тан аз қурбониёни ин садамаҳо кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button