ВидеоДин ва боварҳоТоҷикистонҲуқуқи инсонҶомеа

ФАТВОИ ШӮРОИ УЛАМО: ЛИБОСИ МИЛЛИИ БОНУВОНИ ТОҶИК ҶАВОБГӮИ ШАРИАТ АСТ!

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон (собиқ муфтиёт) бо судури як фатвои вижа бо номи “Дар бораи либоси миллӣ” либоси миллии тоҷикиро “комилан ба талаботи мазҳаби ҳанафӣ ҷавобгӯ” хонда, ба занону духтарон тавсия додааст, ки “ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ либосҳои бо тарҳи миллӣ омодашударо, ки фарогири меъёрҳои ахлоқию динӣ буда, ҳаёву иффати Зан-Модарро инъикос ба бар кунанд”.

Шӯрои уламо дар фатвояш, ки рӯзи 26 июли соли 2024 нашр шуд, бо таъкид ба инки “пӯшидани либосҳои рангаи миллӣ дар мазҳаби мо ҷоиз аст”, афзудааст, ки “аммо пӯшидани либосҳои танг ва сиёҳи занона, ҳарир ва дигаре, ки узвҳои баданро намоён мекунанд, тавсия дода намешавад, зеро ранги сиёҳ аз назари мазҳаби мо ҳатмӣ набуда, бо хусусиятҳои миллӣ ва шароити ҷуғрофии мо низ созгор нест”.

Шӯрои уламо дар айни замон аз сокинон хостааст, ки “бо мақсади ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва риояи одоби динию мазҳабӣ ва миллӣ аз пӯшидани ҳар гуна либосҳои ба фарҳангу мазҳабу миллати мо бегона ва ғайриахлоқӣ, ки бо ҳадафҳои ғаразнок тарғиб мешаванд, худдорӣ кунанд”.

Ин фатвои Шӯрои уламо дар пайи баҳсҳои доманадорест, ки дар атрофи тағйиру иловаҳои ахир ба қонуни танзими расму ойин бархост. Ин қонун, ки  ҳамчун “қонуни манъи ҳиҷоб” ном баровард ва вокунишҳои зиёд ва умдатан манфиро дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ба бор овард, воридот, фурӯш, таблиғ ва дар маконҳои ҷамъиятӣ пӯшидани “либоси ба фарҳанги миллӣ бегона”-ро манъ мекунад. Мақомоти Тоҷикистон зери мафҳуми “либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” асосан сатру ҳиҷоби исломиро дар назар доранд ва силсилаи рейдҳои анҷомшуда ба зидди занону духтарони ҳиҷобпӯш низ баёнгари он буд, ки манзури мақомот маҳз манъи пӯшидани ҳиҷоб аст.

Дар зарфи дувуним моҳе, ки аз қабули иловаҳо ба қонуни танзим гузашт, танҳо вакили Маҷлиси намояндагон Мӯҷибахон Ҷавҳарӣ онро шарҳ дод ва гуфт, пӯшидани сатру ҳиҷоб ба сурати комил манъ карда намешавад, балки пӯшидани либоси сиёҳ ва абаяҳои арабӣ манъ гардида, мақомот дар айни замон иҷозат нахоҳанд дод, ки занону духтарон дар маконҳои ҷамъиятӣ бархе либосҳои нимаурёни аврупоӣ, аз ҷумла бо деколтеи аз ҳад бузург, ё барои мисол, юбкаи кӯтоҳу шимҳои ҷинси даридаро ба бар кунанд.

Ва аммо дар ҳоле ки мухолифини ҳукумат ва бархе рӯҳониёни тоҷике, ки дар берун аз кишвар қарор доранд, аз манъи ҳиҷоб ба шиддат интиқод карданд ва чанд имоми афғон ва Абдулҳамиди Хуросонӣ, як фармондеҳи панҷшерии тарафдорони Толибон дар пайи қабули ин қонун дар мавриди гӯё фарз шудани ҷиҳод ба зидди ҳукумати Тоҷикистон иддао карданд, Шӯрои уламо дар фатвояш аз сулҳу субот ва фазои осоиштаи Тоҷикистон  ва ҳам аз он шукр кардааст, ки “ба инояти Парвардигор ва хиради Роҳбари ғамхор моро шароити созгору муносиб барои тоату ибодат ва адои фароизи динӣ арзонӣ доштааст”.

Дар фатво бо такя ба яке аз оятҳои сураи “Ҳуҷурот” (“Эй мардум, ба дурустӣ ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шинос шавед! Ҳароина гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумо аст, Худо Донои Хабардор аст”) таъкид шудааст, ки “ҳар миллат урфу одат, анъана ва сарулибоси хоси худро дорад” ва аз ҷумла “халқу миллатҳои ҳавзаи тамаддуни исломӣ низ ҳар кадом либосҳои хоси худро доранд. Сарулибоси мардуми мусулмон вобаста ба шароити замону макон муайян ва тарроҳӣ шудааст.

Шӯрои уламо дар фатвояш бо иқтибос аз Қуръону ҳадис ёдовар шудааст, ки “аврати мард аз зери ноф то зери зону, зан бошад ғайр аз рӯй, пой ва даст аврат аст”.

 Дар фатво гуфта мешавад, ки “дар урфу таомули мардумӣ занону модарони тоҷик, тайи садсолаҳо либосҳое мепӯшиданд ва мепӯшанд, ки ба талаботи шариат ҷавобгӯ буда, дар онҳо одату унсурҳои маҳаллӣ ва хусусиятҳои табиату ҷуғрофӣ ба эътибор гирифта шудаанд”. 

Шӯрои уламо мегӯяд, либоси миллии бонувони тоҷик асосан аз рӯймол, курта ва пойҷома иборат аст. Ин ниҳод гуфтааст, азбаски дар атрофи чигунагии сарулибоси миллии ҷавобгӯ ба сатри мусулмонӣ дар ҷомеа фикру андешаҳои гуногун ва мулоҳизаҳои, ба ақидаи Шӯрои уламо,  беасос пайдо шудааст, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи фиқҳи ҳанафӣ чунин фатво медиҳад:

  1. Тибқи муқаррароти шариати исломӣ ва мазҳаби ҳанафӣ пӯшиши (сатри) зан бояд аз рӯймол, курта ва пойҷома иборат бошад, ки модарони тоҷик аз қадимулайём онро ба бар мекунанд.
  2. Либосҳои миллии анъанавии модарону хоҳарони тоҷик, ки аз рӯймол, курта ва пойҷома иборат аст, комилан ба талаботи мазҳаби ҳанафӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз ин хотир, пӯшидани либоси миллии мо дар фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ иҷозат буда, нисбат ба ҳар навъи либоси дигар афзалият дорад.
  3. Дини мубини Ислом вобаста ба пӯшидани либос муқаррароти хос дорад, аммо дар шакли дӯхт ё ранги либос маҳдудият муқаррар накардааст. Бинобар ин, пӯшидани либосҳои рангаи миллӣ дар мазҳаби мо ҷоиз аст. Аммо пӯшидани либосҳои танг ва сиёҳи занона, ҳарир ва дигаре, ки узвҳои баданро намоён мекунанд, тавсия дода намешавад, зеро ранги сиёҳ аз назари мазҳаби мо ҳатмӣ набуда, бо хусусиятҳои миллӣ ва шароити ҷуғрофии мо низ созгор нест.
  4. Бо дарназардошти ин нуктаҳо, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба модарону хоҳарони азиз тавсия медиҳад, ки ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ либосҳои бо тарҳи миллӣ омодашударо, ки фарогири меъёрҳои ахлоқию динӣ буда, ҳаёву иффати Зан-Модарро инъикос менамоянд ва ба ахлоқу одоби исломӣ мувофиқ мебошанд, ба бар кунанд.
  5. Бо мақсади ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва риояи одоби динию мазҳабӣ ва миллӣ сокинон аз пӯшидани ҳар гуна либосҳои ба фарҳангу мазҳабу миллати мо бегона ва ғайриахлоқӣ, ки бо ҳадафҳои ғаразнок тарғиб мешаванд, худдорӣ намоянд. Риояи одоби пӯшидани либоси миллӣ ҳамчун рукни фарҳанг, василаи муҳимми муаррифии миллат ва тақвияти мазҳаби аҷдодӣ, инчунин, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ки оромию суботро кафолат медиҳад, ба ҳисоб меравад. Дини мубини Ислом низ ҳамаи моро масъул гардонидааст, ки барои оромӣ, ободӣ, бародарӣ ва рушди ҷомеа ва миллат саҳмгузор бошем.

Матни пурраи фатвои Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон “Дар бораи либоси миллӣ”

Бисмиллоҳираҳмонир-раҳим

Ҳамду сано Худованди ягонаро ва дуруду салом бар Расули акрам (с) ва хонадону ёронаш бод.

 Шукри беҳад аз сулҳу субот ва фазои осоиштаи Ватани азизамон – Тоҷикистон менамоем, ки ба инояти Парвардигор ва хиради Роҳбари ғамхор моро шароити созгору муносиб барои тоату ибодат ва адои фароизи динӣ арзонӣ доштааст.

Худованди мутаъол башарро аз як марду зан офарида, ба қавму қабилаву халқҳои гуногун тақсим кардааст: «Эй мардум, ба дурустӣ ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шинос шавед! Ҳароина гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумо аст, Худо Донои Хабардор аст» (сураи «Ҳуҷурот», ояти 13). Ин аст, ки ҳар қавму қабила ва халқ аз қадим ва дар шароити муосир ҳар миллат урфу одат, анъана ва сарулибоси хоси худро дорад.

 Халқу миллатҳои ҳавзаи тамаддуни исломӣ низ ҳар кадом либосҳои хоси худро доранд. Сарулибоси мардуми мусулмон вобаста ба шароити замону макон муайян ва тарроҳӣ шудааст.

 Либос пўшонандаи бадани мард ва зан мебошад. Дар ин маврид дар Қуръону ҳадис омадааст: «Аврати мард аз зери ноф то зери зону, зан бошад ғайр аз рўй, пой ва даст аврат аст».

 Дар урфу таомули мардумӣ занону модарони тоҷик, тайи садсолаҳо либосҳое мепўшиданд ва мепўшанд, ки ба талаботи шариат ҷавобгў буда, дар онҳо одату унсурҳои маҳаллӣ ва хусусиятҳои табиату ҷуғрофӣ ба эътибор гирифта шудаанд. 

Агар мо ба сарулибоси маъмулии занону модарони миллати тоҷик назар андозем, огоҳӣ пайдо мекунем, ки бонувони кишвари мо аксаран либоси миллӣ мепўшанд, ки аз рўймол, курта ва пойҷома иборат аст.

Дар атрофи чигунагии сарулибоси миллии ҷавобгў ба сатри мусулмонӣ дар ҷомеа фикру андешаҳои гуногун ва мулоҳизаҳои беасос пайдо шудааст. Бинобар ин, Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи фиқҳи ҳанафӣ фатво медиҳад:

  1. Тибқи муқаррароти шариати исломӣ ва мазҳаби ҳанафӣ пўшиши (сатри) зан бояд аз рўймол, курта ва пойҷома иборат бошад, ки модарони тоҷик аз қадимулайём онро ба бар мекунанд.
  2. Либосҳои миллии анъанавии модарону хоҳарони тоҷик, ки аз рўймол, курта ва пойҷома иборат аст, комилан ба талаботи мазҳаби ҳанафӣ ҷавобгў мебошад. Аз ин хотир, пўшидани либоси миллии мо дар фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ иҷозат буда, нисбат ба ҳар навъи либоси дигар афзалият дорад.
  3. Дини мубини Ислом вобаста ба пўшидани либос муқаррароти хос дорад, аммо дар шакли дўхт ё ранги либос маҳдудият муқаррар накардааст. Бинобар ин, пўшидани либосҳои рангаи миллӣ дар мазҳаби мо ҷоиз аст. Аммо пўшидани либосҳои танг ва сиёҳи занона, ҳарир ва дигаре, ки узвҳои баданро намоён мекунанд, тавсия дода намешавад, зеро ранги сиёҳ аз назари мазҳаби мо ҳатмӣ набуда, бо хусусиятҳои миллӣ ва шароити ҷуғрофии мо низ созгор нест.
  4. Бо дарназардошти ин нуктаҳо, Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба модарону хоҳарони азиз тавсия медиҳад, ки ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ либосҳои бо тарҳи миллӣ омодашударо, ки фарогири меъёрҳои ахлоқию динӣ буда, ҳаёву иффати Зан-Модарро инъикос менамоянд ва ба ахлоқу одоби исломӣ мувофиқ мебошанд, ба бар кунанд.
  5. Бо мақсади ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва риояи одоби динию мазҳабӣ ва миллӣ сокинон аз пўшидани ҳар гуна либосҳои ба фарҳангу мазҳабу миллати мо бегона ва ғайриахлоқӣ, ки бо ҳадафҳои ғаразнок тарғиб мешаванд, худдорӣ намоянд. Риояи одоби пўшидани либоси миллӣ ҳамчун рукни фарҳанг, василаи муҳимми муаррифии миллат ва тақвияти мазҳаби аҷдодӣ, инчунин, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ки оромию суботро кафолат медиҳад, ба ҳисоб меравад. Дини мубини Ислом низ ҳамаи моро масъул гардонидааст, ки барои оромӣ, ободӣ, бародарӣ ва рушди ҷомеа ва миллат саҳмгузор бошем.

Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button