АГАР ДОНИШҶӮ НАШАВАМ, МАРО БА ШАВҲАР МЕДИҲАНД… НОМАИ ЯК ДУХТАРИ ДЕҲОТӢ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Манижаи Муродӣ, хонандаи мактаби № рақами 50-уми деҳаи Обҷувоз, як деҳаи дурдасти мартуб ба шаҳри Истаравшан рӯзи 27 июли соли 2024 дар як номаи саркушода ба номи президенти Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмон хостааст, то барои амалӣ шудани орзуи донишҷӯ шуданаш ба ӯ дасти ёрӣ ва меҳрубонии худро дареғ надорад.
Дар ин нома, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Фейсбук нашр шуд, Манижа навиштааст, ки дар як хонаводаи суннатӣ ба воя расидааст ва азбаски бародараш қаблан мухолифи таҳсили ӯ буд, вай бо як азоб наздиконашро моил кард, ки ҳадди ақал монеи то синфи 11 хонданаш нашаванд.
“Вақте дар синфи 9 мехондаму аз идома додани таҳсил лаб ба сухан мекушодам, акаам бо исрор талаб мекард, ки дигар дар бораи хондан лаб накушояму ман духтари деҳотиям.Охир бо гиряву зорӣ лоақал то синфи 11 идома додани хонданро мепурсидам”, – навиштааст Манижаи Муродӣ дар номааш ба президент.
Имсол Манижа мактаби миёнаи деҳаашонро бо баҳои хубу аъло хатм кард. Дар ин байни бародари Манижа, ки монеи таҳсили ӯ буд, ба хидмати аскарӣ даъват шуд ва аз қисми низомиаш дар Бадахшон номааш навиштааст, ки дигар идомаи таҳсили хоҳараш розӣ аст ва ҳатто ба Манижа маслиҳат ҳам додааст, ки “донишашро ҳайф накунад”.
Дуои бародар Манижаро руҳбаланд кард ва ӯ имсол синфи 11- ро бо муваффақият бо баҳои хубу аъло анҷом дода, ҳуҷҷатҳояяро ба Маркази миллии тестӣ супорид. Аммо як каме кам омадани баллҳояш Манижаро басо дилтангу нигарон кардааст.
“Мо дар оилаи оддиву сода ба камол расидаем. Кори деҳа барои мо духтаракони деҳот басандаву аммо аз ҳисоби духтарони соҳибмаълумот ниёз доштанашро пайваста эҳсос мекунам ва аз ин сабаб аҳд кардам, ки хонаму ба деҳотам омӯзгор шавам. Ҳоло ҳамагӣ камтар балли имтиҳонам камӣ мекунаду дилам аз ин басо танг гашт. Мабодо мисли дигар духтарони деҳот бо ин баҳона сабабе пайдо шуда, маро ба нафаре номзад накунанд, нома ба унвонатон навишта, илтимос мекунам, маро дастгирӣ кунед. Нома бо қатраҳои ашк навишта, умед дорам, меҳрубонии бобогии худро бароям арзонӣ медореду дасти меҳрубонии ҳамешагиатон ҷониби ман низ дароз мекунед. Маро ба орзуи олии донишҷӯӣ бирасонед, Пешвои муаззами миллати азиз. Соат ба соат муждаи хайри сарнавиштамро интизор шуда, номаамро ин ҷо хотима мебахшам”, – навиштааст Манижаи Муродӣ дар номааш ба Эмомалӣ Раҳмон.
Бисёриҳо дар зери ин нома ба Манижаи Муродӣ барои чунин ҷасорат ва азми росихаш барои идомаи таҳсил офарин хонда, аз масъулони вазорати маориф ва илм ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон хостаанд, то мунтазири амр аз боло нашуда, ба орзуи донишҷӯ шудани ин духтари шердили деҳотӣ ҷомаи амал бипӯшонанд.
Вақте баҳси атрофи ин номаи Манижа тоза авҷ мегирифт, Акмалҷон Аҳроров, як корманди соҳаи маорифи Истаравшан хабар дод, ки раёсати маорифи шаҳри Истаравшан пас аз мутолиаи ин нома бо хатмкардаи МТМУ №50 Манижаи Муродҷон дар тамос шуда, бо натиҷаи имтиҳони дохилшавии ӯ шинос шуд. Бино ба иттилои Акмалҷон Аҳроров, Манижа аз рӯи комбинатсияи 3 ихтисос – забони англисӣ, забони олмонӣ ва забонҳои муосири хориҷӣ (хитоӣ-англисӣ) намуди таҳсилашон ройгон ҳуҷҷат супорида, 229,0184 бал гирифтааст, вале азбаски аз 229 бештар будани балли гузариш аз ихтисосҳои номбурда комёб нагардидааст.
Вале, афзудааст Аҳроров, Манижа имкон дорад дар тақсимоти такрорӣ иштирок намояд. Барои ин ӯ бояд аз 12-ум то 15-уми август дар яке аз нуқтаҳои сабти ном аз нав аз қайд гузарад.
Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан ваъда додааст, ки масъалаи мазкурро пайгирӣ намуда, дар интихоби ихтисосҳо дар давраи азнавбақайдгирӣ ба Манижа кумаку мусоидат менамояд.
Аммо корбарон навиштаанд, ки хуб мешуд, агар ба Манижа имкони истисноан қабул шудан ба донишгоҳро фароҳам меоварданд, то дилшикаста нашавад.
Матни пурраи номаи Манижа чунин аст:
НОМА БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН!
Нома ба унвонатон ирсол мекунам аз он сабаб, ки ман як духтари деҳотии дури дур аз шаҳри Истаравшанам. Хонандаи мактаби рақами 50- и деҳаи Обҷувоз, Манижаи Муродӣ ҳастам. Хонандаи аълохонам ва ҳамеша дар дил орзуи хондану соҳибкасб шуданро дар дил мепарварам. Вақте дар синфи 9 мехондаму аз идома додани таҳсил лаб ба сухан мекушодам, акаам бо исрор талаб мекард, ки дигар дар бораи хондан лаб накушояму ман духтари деҳотиям.Охир бо гиряву зорӣ лоақал то синфи 11идома додани хонданро мепурсидам. Дар ин миён акаам ба хизмати Ватан даъват шуд ва ба Бадахшон ба аскарӣ рафт. Пайваста нома менавишт, ки моро пазмон шудаасту барои идомаи хондан розӣ ҳаст ва донишамро ҳайф накунам.
Ҳамин тавр, имсол синфи 11- ро бо муваффақият бо баҳои хубу аъло анҷом дода, ҳуҷҷатҳоямро ба маркази тестӣ супоридам.
Мо дар оилаи оддиву сода ба камол расидаем. Кори деҳа барои мо духтаракони деҳот басандаву аммо аз ҳисоби духтарони соҳибмаълумот ниёз доштанашро пайваста эҳсос мекунам ва аз ин сабаб аҳд кардам, ки хонаму ба деҳотам омӯзгор шавам. Ҳоло ҳамагӣ камтар балли имтиҳонам камӣ мекунаду дилам аз ин басо танг гашт. Мабодо мисли дигар духтарони деҳот бо ин баҳона сабабе пайдо шуда, маро ба нафаре номзад накунанд, нома ба унвонатон навишта, илтимос мекунам, маро дастгирӣ кунед. Нома бо қатраҳои ашк навишта, умед дорам, меҳрубонии бобогии худро бароям арзонӣ медореду дасти меҳрубонии ҳамешагиатон ҷониби ман низ дароз мекунед.
Маро ба орзуи олии донишҷӯӣ бирасоне,д Пешвои муаззами миллати азиз.
Соат ба соат муждаи хайри сарнавиштамро интизор шуда, номаамро ин ҷо хотима мебахшам.
Тел (+992) 987 14 04 10
Шарҳи Акмалджон Ахроров
Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан пас аз мутолиаи матлаби мазкур бо хатмкардаи МТМУ √50 Манижаи Муродҷон дар тамос шуда, бо натиҷаи имтиҳони дохилшавии ӯ шинос шуд. Қайд карда мешавад, ки Манижа аз рӯи комбинатсияи 3 ихтисос – Забони англисӣ, Забони англисӣ. Забони олмонӣ ва Забонҳои муосири хориҷӣ (хитоӣ-англисӣ) намуди таҳсилашон ройгон ҳуҷҷат супорида, 229,0184 бал гирифтааст. Бинобар сабаби бали гузариш аз ихтисосҳои номбурда аз 229 зиёд будан комёб нагардидааст. Манижа имкон дорад дар тақсимоти такрорӣ иштирок намояд. Барои ин бояд аз 12-ум то 15-уми август дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ аз нав аз қайд гузарад.
Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан масъалаи мазкурро пайгирӣ намуда, дар интихоби ихтисосҳо дар давраи азнавбақайдгирӣ ба Манижа кӯмаку мусоидат менамояд.