СОКИНИ 120-СОЛАИ ХОВАЛИНГ БАСИМО ТӮРАЕВА 496 СОМОНӢ НАФАҚА МЕГИРИФТААСТ

Мақомоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб хабар доданд, ки калонсолтарин нафақахӯр дар ҷануби Тоҷикистон Басимо Тӯраева 120 сол дорад.
Бино ба иттилои масъулони раёсати агентии нафақа дар минтақаи Кӯлоб, Басимо Тӯраева, сокини деҳаи Чашмаи Бедаки ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Ховалинг, соли таваллудаш 6 майи соли 1904, то як моҳи пеш ҳамагӣ 381 сомонию 85 дирам (тақрибан 35 доллар) нафақа мегирифт ва аз 1 июли соли 2024 дар пайи 30 фоиз боло бурдани ҳаҷми нафақа дар ҷумҳурӣ, нафақаи ин зани солхӯрда ба 496 сомонию 41 дирам, яъне ба ҳудуди 45 доллар баробар шудааст.
Ба ҳисоби масъулони Агентӣ, дар умум дар вилояти Хатлон 107 нафақахӯри синнашон аз 100 боло ба сар мебаранд. 43 нафари онҳо дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб зиндагӣ мекунанд.
Шумораи умумии нафақахӯрон дар вилояти Хатлон то 1 июли соли 2024 дуруст 290 ҳазору 387 нафарро ташкил медиҳад, ки 119 ҳазору 520 нафари онҳо дар минтақаи Кӯлоб ба сар мебаранд.
Дар як соли охир шумораи нафақагирон дар ҷануби Тоҷикистон қариб 12 ҳазор нафар афзуда, дар нимаи аввали соли ҷорӣ барои пардохти нафақаи онҳо аз буҷа қариб 647 миллион сомонӣ, ё наздики 60 миллион доллар масраф шудааст.
Шумораи умумии нафақахӯрон дар Тоҷикистон ҳудуди 800 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Соли 2023 шумораи нафақагирон дар кишвар 32 ҳазор нафар бештар шуда буд.
Ба ҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҳукумати Тоҷикистон, тайи соли 2023 сокинони ҷумшурӣ шамчун андози иҷтимоӣ ба будҷа беш аз 4 миллиарду 86 миллион сомонӣ, ё тақрибан 373 миллион доллар пардохт карданд, ки назар ба як соли қабл 550 миллион сомонӣ, ё 14,5 фоиз бештар аст.
Ҳаҷми миёнаи нафақа дар Тоҷикистон дар соли 2023 чизе бештар аз 375 сомониро ташкил медод. Имсол бо дарназардошти аз 1 июл 30 фоиз боло бурдани ҳаҷми нафақа ҳаҷми нафақаи миёна низ метавонад тақрибан ба 110 сомонӣ биафзояд ва наздики 500 сомониро ташкил диҳад.
Бо ин вуҷуд, ҳаҷми нафақа дар Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқ СССР аз ҳама паст боқӣ мемонад ва барои таъмини зиндагии нафақахӯрон намерасад. Маъмулан аксари кӯҳансолон дар Тоҷикистон аз ҳисоби кумаки фарзандон ва дигар хешу табор ваё аз ҳисоби деҳқонӣ ё соҳибкории хурду реза, аз ҷумла савдо, зиндагии худро пеш мебаранд.