Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 27 июли соли 2024 аз ошкор шудани як ҳолати даст ба қаллобӣ задани як корманди масъули комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав хабар дод.
Маркази матбуоти Агентӣ гуфт, Раҷабзода И.С. аз 16 январи соли 2023 дар вазифаи сардори бахши коргузории зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав кор карда, “бо мақсади ба даст овардани даромади муфт” даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст.
Дар робита ба ҳолати мазкур нисбат ба Раҷабзода И.С. ва Ёров И.Р. бар асоси моддаи 247, қисми 3, банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе ирсол гардид. Ба Раҷабзода ва шарикаш ҷарима ваё то 8 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аксари мансабдорони бо пора ба даст афтода дар ниҳоят бо пардохти ягон ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.
Комиссариатҳои ҳарбӣ яке аз ниҳодҳои давлатии аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор мераванд. Дар ҳар мавсими даъвати баҳорӣ ё тирамоҳӣ чандин корманди комиссариат барои гирифтани пора ба даст меафтанд. Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.
Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирифт. “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава”-шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.
Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват кардаанд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.
Соли 2021 ба қонунгузории Тоҷикистон тағйироте ворид карда шуд, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, бо пардохти маблағи муодили 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (барои соли 2022 ин маблағ 26 ҳазору 880 сомониро ташкил медод) ҳамагӣ як моҳ хидмат карда, аз хидмати ҳарбии дусола озод шаванд. Мақомот низ бар ин бовар буданд, ки ин дасти фасодро дар арсаи даъват ба артиш хеле кӯтоҳтар карда, имкон медиҳад, ки маблағҳои аз ин ҳисоб бадастомада барои беҳтар кардани шароити хидмати аскарони боқимонда сарф карда шавад.
Аммо аз 1 сентябри соли 2023 маблағи хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистон қариб 2 маротиба боло бурда шуда, имсол то 54 ҳазор сомонӣ расид, ки ба бовари аксар, хеле зиёду миёншикан буда, шумораи талабгорони хидмати алтернативиро кам ва дигарбора деги коррупсияро дар комиссариатҳои ҳарбӣ гарм мекунад.