БОЗДОШТИ 6 НАВРАС ДАР ПАЙИ ЗАНОЗАНӢ ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ ВА ҲАБСИ ЯК ҶАВОН БАЪДИ ҶАНҶОЛАШ БО ЯК ҶАВОНЗАН
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 26 июли соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук аз боздошти 6 наврас дар пайи як занозанӣ дар маркази пойтахти Тоҷикистон ва боздошти як ҷавони дигар дар пайи муноқишаи шабона бо як ҷавонзан дар кӯчаи Якуми май хабар дод.
Бино ба гузориши маркази матбуоти милитсияи пойтахт, санаи 17-уми июли соли ҷорӣ, дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ як гурӯҳ наврасон байни ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд. Дар вақти муноқиша гумонбаршаванда Муминов А. бо корд якчанд маротиба ба узвҳои Солиев А. зарба зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Ҳамчун гумонбар аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи И.Сомонӣ 6-нафар дастгир карда шуданд.
Вобаста ба ҳолати мазкур, тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Тафсилоти дигари ин занозанӣ оварда нашудааст. Худи дастгиршудагон ваё наздикони онҳо барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд. Аммо бисёре аз корбарон ба мақомот пешниҳод кардаанд, ки ҳамаи иштирокчиёни ин занозаниро барои ду сол ба хидмати ҳарбӣ бифиристанд, то ки дар артиш ақлашон бидарояд.
Бино ба гузориши дигари милитсияи пойтахти Тоҷикистон, дар асоси муроҷиати электронии як нафар сокини пойтахт, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Саидматов Исломиддин соли таваллудаш 1998, сокини н.Рӯдакӣ дастгир карда шуд. Номбурда шаби 20-уми июли соли ҷорӣ, тақрибан соати 3:10 дақиқа дар кӯчаи Якуми Майи ноҳияи Шоҳмансур бо як ҷавонзани 26-сола муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.
Милитсия гуфт, ҳодисаи мазкур мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Тафсилоти дигари ин муноқишаи соати сеи шаб рухдода нашр нашудааст. Худи Исломиддин Саидматов ва зани ҷабрдида барои шарҳи ҷанҷолашон дастрас нестанд