ВидеоФарҳанг

МОҶАРОИ ТӮЙИ АРӮСИИ ФАРАҲНОЗ: ДАЪВОИ ЧАНД ЗАН  ВА ПОСУХИ ОВОЗХОН: МАН ШӮЙ Ё “КАВАЛЕР”-И ЯГОН КАСРО КАШИДА НАГИРИФТААМ! (ВИДЕО)

Инак чанд рӯз боз як мавзӯи аввали вирди забонҳо дар Тоҷикистон тӯйи арӯсии овозхони ҷавони ҳамагӣ 21-сола, вале алакай шинохтаи тоҷик Фараҳноз Шарафова аст. Тӯйи арӯсии Фараҳноз шоми 22 июли соли 2024 дар пойтахт дар тарабхонаи машҳури “Яккасарой” бо ҳузури иддаи бузурге аз овозхонҳои машҳури тоҷик, аз ҷумла Фарзонаи Хуршед, Шабнами Тоҷиддин, Мино, Ситораи Кароматулло ва Зайнураву Сафаргул ва шумори зиёде аз ровиёни маъруф баргузор шуд.

Дар бораи шахсияти ҷавоне, ки ба Фараҳноз издивоҷ кардааст, маълумоте дар даст нест.  Дар ҳар сурат, ӯ як нафари дар олами шоубизнеси тоҷикӣ ношинос ба назар мерасад. Дар видеоҳои нашршуда аз маросими арӯсӣ ӯ як ҷавони қадбаланду хушсимо ба назар мерасад ва дар як видео дида мешавад, ки Фарзонаи Хуршед домодро ба рақс мекашад ва ҳарду дар назди арӯс як каме мерақсанд. Дар навори дигар ӯ дар канори падари Фараҳноз намудор мешавад ва дар як навори дигар дида мешавад, ки домоду арӯс барои арҷгузорӣ ба назди модари Фараҳноз мераванд.

Бархе корбарон бо ишора ба ин ки дар наворҳо дӯстони шаҳ ва хешу табори ӯ, аз ҷумла падару модараш дида намешаванд, ҳадс задаанд, ки шояд ӯ домоди “фейк” бошад ва интихобкардаи Фараҳноз шояд дар асл ягон марди пии оиладор бошад, ки ё нахостааст “реклама” шаваду ҳамсари қаблиаш аз ин моҷаро хабардор шавад, ваё Фараҳноз нахостааст имиҷаш хароб шавад, чунки ӯ дар як таронааш бо итминон месуруд, ки “рақами 2 намешам!”

Фараҳноз кӣ будани домодро ошкор накард, вале дар арафаи тӯяш дар як матлаб дар Инстаграм ҳамаро итминони хотир дод, ки шавҳараш ҷавон асту бори якум хонадор мешавад ва ӯ, яъне Фараҳноз шавҳари касеро кашида нагирифтааст.

Фараҳноз гуфт, рӯзҳои охири қабл аз тӯяш чандин зан ба ӯ зангу нома зада, даъво кардаанд, ки гӯё ин овозхон шавҳари онҳоро гирифта бошад ё гирифтанӣ аст. Ӯ гуфт, ки бархе занҳо ба ӯ занг зада, ҳатто дар мавриди гӯё “кавалер”-ашонро аз дасти онҳо кашида гирифтани Фараҳноз изҳори ташвиш  ва бо ӯ даъво кардаанд.

 “Шавҳаратон ба худатон насиб кунад. Ман шавҳари худамро дорам. Натарсед! Шавҳар кардан ҳам “проблема” шуд. Баъзеатон мегӯед, ки ман гӯё кадом як марди калонсолро гирифта истодаам. Ман то имрӯз бо ягон мӯйсафед гап назадаам. Худоро шукр, меҳнат мекунам. Фараҳноз пеши ягон кас сар хам намекунад. Фараҳноз дили мардона дорад. Худоро шукр, ман хушбахт ҳастам. Шавҳари ман зан надорад”,- гуфт Фараҳноз дар паёмаш.

Фараҳноз Шарафова 1 январи соли 2003 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омада, дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил мекунад. Фараҳноз дар мусоҳибааш бо Орзу Исоев дар барномаи “Ногуфтаҳо” гуфта буд, ки падару бародаронаш дар оғоз мухолифи овозхон шудани ӯ буданд.  Фараҳноз бо вуҷуди ин мухолифатҳо ба саҳна омад ва дар як муддати хеле кӯтоҳ маъруфияти зиёде ба даст овард. Таронаҳои ӯ дар Ютуб чандмиллионӣ тамошобин ҷамъ меоранд.  Чанде аз таронаҳои ӯ, аз ҷумла “Рақами 2 намешам”, “Айяйяй, уф, уф, уф”, “Ишқи ту”, “Куҷоӣ?”,  “Булҳавас”ва “То кай” дар Ютуб то имрӯз аз 10 то 12 миллион тамошобин гирд овардаанд.

Фараҳноз дар мусоҳибааш бо Орзу Исоев ҳамчунин мутмаинан гуфта буд, ки баъди издивоҷ тарки саҳна мекунад, чунки барояш оила ва тарбияи фарзандон муҳимтар аз шуҳрат аст.  Чунин мавридҳои баъди издивоҷ дар айни авҷи шуҳрат тарки саҳна ва ҳунарнамоӣ кардани бонувони тоҷики овозхон  кам нест. Ҳоло маълум нест, ки акнун, баъди ба шавҳар баромадан ӯ ба ҳунарнамоияш идома хоҳад дод ё хонашин мешавад?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button