МАСТӢ БА ПАСТӢ МЕБАРАД: 15 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ САРХАТИБИ ВИЛОЯТИ ҚУСТАНАЙ

Идораи мусулмонон, ё муфтиёти Қазоқистон рӯзи 25 июли соли 2024 бо нашри як изҳорот дар Фейсбук барои рафтори шармовари сархатиби вилояти Қустанай Бахитбек Тоҷимбет узр пурсид ва ӯро аз ин мақом барканор кард. Бахитбек Тоҷимбет соати қариб сеи шаби 23 июл дар назди клуби шабонаи “Регион 3” дар шаҳраки курортии Бӯробой (Боровое) дар ҳудуди вилояти Оқмола дар ҳоле ба даст афтод, ки дар ҳолати мастӣ сари фармони мошини тамғаи “Toyota Highlander” қарор дошт. Рӯшан нест, ки сархатиби вилояти Қустанай дар назди ин клуби воқеъ дар соҳили кӯли Бӯрабой дар фосилаи 500 километр аз Қустанай чӣ кор мекард?
Рӯзи дигар дар ҷараёни баррасии парвандааш дар додгоҳи ноҳияи Бӯрабой Бахитбек Тоҷимбет гуноҳашро ба гардан нагирифт ва дар тавҷеҳи аъмрли худ гуфт, ки гӯё “қумис нӯшида буд, на машрубот”. Вале натиҷаҳои ташхис ҳолати бараксро нишон медиҳад. Дар қарори додгоҳ гуфта шудааст, ки бар асоси натиҷаҳои ташхис, сархатиби Қустанай дар ҳолати мастӣ қарор дошт. Ба болои ин, дар додгоҳи сабти видеоии замони боздошти Бахитбек Тоҷимбетро намоиш доданд. Дар ин навор дар посух ба суоли кормандони пулис сархатиб иқтрор мекунад, ки пиво нӯшидааст.
Дар натиҷа, додгоҳ сархатибро бар асоси моддаи 608 Кодекси ҷиноятии Қазоқистон дар рондани мошин дар ҳолати мастӣ гунаҳкор шинохт ва ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Бо қарори додгоҳи, Бахитбек Тоҷимбет ҳамчунин барои 7 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум карда шуд.
Аммо ин ҳанӯз поёни кор набуд. Муфтиёти Қазоқистон дар изҳороташ гуфт: “Афроде, ки меъёрҳои қонун ва ахлоқи ходими динро дағалона вайрон мекунанд, ҳаққи маънавӣ барои кор кардани дар соҳаи динро надоранд. Бахитбек Тоҷимбет… аз мақоми сархатиби вилояти Қустанай барканор карда шуд”.
Муфтиёт ҳамчунин барои рафтори корманди баландпояш аз мусулмонон узр пурсид: “Идораи мусалмонони Қазоқистон ин ҳодисаро бо таассуфи бузург қабул кард ва аз ҷомиаи мусалмонии кишвар маъзарат мехоҳад”.
Маълумот дар бораи Бахитбек Тоҷимбет алакай субҳи 25 июл аз сомонаи расмии муфтиёт пок карда шуд. Аммо дар сомонаи масҷиди ҷомеи вилоятии Қустанай (масҷиди “Марал Эшон”) Тоҷимбет ҳанӯз ҳамчун сархатиб зикр мешуд. Дар тарҷумаи ҳолаш гуфта мешавад, ки Бахитбек Тоҷимбет соли 1983 дар ноҳияи Жанақӯрғони вилояти Қизилӯрда ба дунё омада, дар мадрасаҳои Туркистон, Шимкент ва АлмаАто ва баъдан дар муфтиёти шаҳри Истанбули Туркия таҳсил кардааст. 12 ноябри соли 2015 Тоҷимбет сархатиби масҷиди марказии вилояти Қустанай (масҷиди “Марал Эшон”) ва ҳамзамон намояндаи муфтиёт дар ин вилоят таъйин шуд.

