ИМСОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ ЯК “АФВИ ТИЛЛОӢ” ЭЪЛОН МЕШАВАД

Қарор аст, дар арафаи солгарди 30-юми қабули Қонуни асосии Тоҷикистон дар ин ҷумҳурӣ боз як қонуни афви саросарӣ қабул шавад. Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар доираҳои ҳукуматӣ мегӯянд, ин қонун шояд алакай дар аввали моҳи октябри соли 2024, ғолибан рӯзи 5 октябр, дар зодрӯзи президент Эмомалӣ Раҳмон қабул шавад, токи маҳбусони афвшуда битавонанд аз маҳбасҳо раҳо ёфта, солгарди 30-юми қабули Қонуни асосиро, ки 6 ноябр таҷлил мешавад, дар озодӣ, дар канори наздикони худ ҷашн бигиранд.
Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, ҳоло идораҳои вазоратҳои марбута пешниҳодҳои худро барои тарҳи қонуни афв баррасӣ доранд. Ба гуфтаи мусоҳибони пойгоҳи хабарии “Бомдод”, ин қонуни афвро метавон “афви тиллоӣ” ҳам ном бурд, чунки бино ба бархе ҳисобҳо, афви нав метавонад аз 15 то 20 ҳазор нафар, аз ҷумла бахши аъзаме аз беш аз 11 ҳазор маҳбуси мавҷуда дар маҳбасҳои Тоҷикистонро фаро бигирад.
Қабули қонуни афвро бахусус маҳбусоне, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд, онҳое, ки парвандаҳояшон ҳанӯз дар дасти тафтиш ё баррасии додгоҳҳо қарор дорад, ва ҳамин тавр, наздикону пайвандони онҳо бесаброна мунтазиранд.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, қонуни нави афв асосан онҳоеро фаро мегирад, ки бо ҷиноятҳои сабук, барои мисол, бо ҷурми дуздиву авбошӣ, ё расондани осеб ба саломатӣ, ваё барои садамаҳои нақлиётӣ, ҳамчунин барои ҷиноятҳои сабуки иқтисодӣ маҳкум ба зиндон шудаанд ваё таҳти тафтишу бозҷӯӣ қарор доранд, фаро бигирад. Аммо онҳое, ки барои ҷиноятҳои сангин ва барои ҷомиа хатарнок зиндонӣ шудаанд, аз ҷумла барои таҷовуз ба номус, қочоқи маводи мухаддир ба миқдори бузург, куштор, роҳзанӣ (бандитизм), мавриди афв қарор нахоҳанд гирифт.
Ҳамчунин маҳбусоне, ки гирифтори бемории сил ва дигар бемориҳои вазнинанд, ва қариб ҳамаи маҳбусони зан аз ягона зиндони занонаи ҷумҳурӣ дар Норак афв мешаванд.
Манобеи “Бомдод” мегӯянд, ба эҳтимоли ғолиб, имсол шуморе аз онҳоеро, ки бо иттиҳомоти сиёсӣ равонаи зиндон шудаанд, ваё таҳти тафтиш ё ҷустуҷӯ қарор доранд, низ метавонанд афв бикунанд. Аз ҷумла интизор меравад, ки шуморе афроди маҳкумшуда дар парвандаи Рӯшон, ки имсол афви онҳоро ду маротиба ба қафо партофтанд, ин дафъа метавонанд озод шаванд.
Пешниҳоди афви шуморе аз зодагони дигари Бадахшон ҳам, ки дар робита ба эътирозҳои солҳои ахир зиндонӣ шуда буданд, дар дасти баррасӣ қарор доштааст. Вале манобеи “Бомдод” мегӯянд, лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон ва он зодагони Бадахшон, ки бо ҷурми даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин зиндонӣ шудаанд, афв нахоҳанд шуд.

Ҳамин тавр, манобеи “Бомдод” аз эҳтимоли қавии афв шудани тарафдорони қатории мухолифон ва онҳое, ки барои ягон лайк гузоштан ё шарҳ навиштан дар сомонаҳову каналҳои мухолифин маҳкум шудаанд, хабар медиҳанд, вале мегӯянд, раҳбарон ва фаъолони умдаи оппозитсия, ба хусус раҳбарони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, мавриди афв қарор намегиранд.
“Дар масъалаи бахшидани роҳбарони ҳизби наҳзат ва “Гуруҳи 24” то ҳол тасмими сиёсӣ дар сатҳи олӣ гирифта нашудааст. То чунин тасмим гирифта нашавад, табиист ки таҳиягарони қонуни афв барои шомил кардани раҳбарони сиёсии оппозитсия ба рӯйхатти афвшудагон ҷуръат намекунанд”, – гуфт яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод”.
Ин манбаи огоҳ аз ҷараёни таҳаввулот афзуд, ки ҳамин тавр, дар мавриди афви шахсиятҳои маъруфе, чун вазири собиқи саноат Зайд Саидов, раиси собиқи ширкати “Тоҷикгаз” ва Ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ё ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Иззат Амон бояд аввал дар сатҳи раҳбарияти сиёсии ҷумҳурӣ тасмим гирифта шавад.
“Агар чунин тасмими сиёсӣ ба даст биояд, афви онҳо он тараф дигар ду карат ду аст”, – гуфт ин ҳамсуҳбати “Бомдод”.
“Аз журналистону блогерҳои зиндонӣ Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ ва шояд як ё ду нафар аз блогерҳои бадахшонӣ шонси хуби расидан ба озодиро дар чорчӯби ин қонуни афв доранд. Албатта, агар он мансабдорони пурнуфузе, ки ин 4 журналистро зиндонӣ карданд, монеа эҷод накунанд. Вале барои мисол, Улфатхоним Мамадшоева, баъид аст, ки мавриди афв қарор бигирад”, – гуфт як манбаи дигари “Бомдод” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Афве, ки имсол ба муносибати солгарди сиюми қабули Қонуни асосӣ қабул карда мешавад, алакай қонуни 19-уми афв дар зарфи 33 соли истиқлоли Тоҷикистон аст. Дар чорчӯби 18 афви қаблӣ, ба гуфтаи мақомот, наздики 290 ҳазор нафар мавриди афв қарор гирифтаанд. Қонуни нави афв дар сурати амалӣ шуданаш метавонад шумораи афвшудагон дар замони истиқлоли Тоҷикистонро аз 300 ҳазор нафар бештар кунад.
Бори охирин қонуни афв дар Тоҷикистон соли 2021 ба муносибати солгарди сиюми истиқлоли ин ҷумҳурӣ қабул шуда, тақрибан 18 ҳазор нафарро фаро гирифта буд.
