ДАРГУЗАШТИ МАВЛАВӢ МУҲАММАДАЛӢ ФАЙЗМУҲАММАД ДАР ЗИНДОН

Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, яке аз собиқадорон ва раҳбарони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ), рӯзи 26 июли соли 2024 дар синни 65 дар маҳбас вафот кардааст. Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, қабл аз вафоташ ҳарду пои Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ба далели хуруҷи бемории қандаш аз кор монда буд.
Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад моҳи сентябри соли 2015 ҳамроҳ 12 тан аз раҳбарон ва фаъолони дигари ҲНИТ дастгир ва ба 23 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ чанд соли аввали ҳукмашро дар маҳбаси №1 дар канори боздоштгоҳи №1 шаҳри Душанбе сипарӣ карда, баъди бунёди маҳбаси нав дар канори шаҳри Ваҳдат ба онҷо кӯчонда шуд.
Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад аз бемории қанд азият мекашид ва дар баҳори соли 2023 ба ин далел ӯро як муддат барои табобат аз бемористони зиндон ба пойтахт, ба Маркази тиббии “Шифобахш” (бемористони Қарияи Боло) интиқол дода буданд.
Баъди анҷоми табобат Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад дигарбора ба маҳбаси нави Ваҳдат оварда шуд ва дар бемористони маҳбас таҳти муоинаи табибон қарор дошт.
Раҳбарони ҲНИТ, ки ҳоло дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъолият доранд, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ва боқӣ аъзои зиндонишудаи ҳизби наҳзатро маҳбусони сиёсӣ унвон карда, мегӯянд, ки онҳоро беасос ва бо далелҳои сирф сиёсӣ маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон кардаанд. ҲНИТ ва дигар ташаккулҳои мухолифини тоҷик ҳамин тавр, чандин бор аз маҳрум будани маҳбусони сиёсӣ, бо шумули Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, аз дастрасӣ ба нигоҳубини тиббии лозим изҳори нигаронӣ карда, аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ тақозо мекарданд, то нисбат ба сарнавишти ин маҳбусон бетаваҷҷуҳ набошанд, зеро ба ҳаёт ва саломатии онҳо, бино ба таъкиди ҳамсафонаш, ба далели набуди нигоҳубини тиббӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон хатари ҷиддӣ, аз ҷумла хатари марг таҳдид мекунад.
Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад соли 1959 дар ноҳияи Ховалинг дар оилаи рӯҳонӣ таваллуд шудааст. Ӯ маълумоти ибтидоии диниро назди падараш ва сипас дар назди дигар донишмандони давр, аз ҷумла Мавлавӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ гирифтааст.
Дар аввали солҳои 90-ум имом-хатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Панҷ буд. Дар ҳамон оғози солҳои 90 буд, ки Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ба саффи ҲНИТ пайваст ва ба яке аз ёрони наздики асосгузор ин ҳизб ва раҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ табдил ёфт. Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад узви Комиссияи оштии миллӣ ва аз соли 1999 то замони боздошташ дар соли 2015 раиси комиссияи ҳисоботии ҲНИТ буд. Ӯ ҳамчунин узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии ҲНИТ буд.
Ӯ оиладор ва падари 7 фарзанд буд. Як духтари Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ба Қорӣ Муҳаммадҷони Нурӣ, фарзанди Саид Абдуллоҳи Нурӣ издивоҷ кардааст. Муҳаммадҷони Нурӣ ҳамроҳи аҳли хонаводааш чандин сол боз дар Аврупо ба сар мебарад.


