
Муҳаммадҷон О., ҷавони 23-солаи зодаи Тоҷикистон, ки дар ширкати “Яндекс Лавки” дар Маскав ба ғайси ғизорасон (курьер по доставке продуктов) кор мекунад, як тифли навзодро аз дасти як марди кӯдакдузд наҷот дод. Дар ин бора чанд расонаи русӣ, аз ҷумла хабаргузории Регнум ва пойгоҳи хабарии “Мэш” бо нашри мусоҳибаҳои ихтисосӣ бо ин курери оддӣ аз Тоҷикистон, ки ба бо шарофати ҷасораташ ба қаҳрамони рӯз табдил ёфт, хабар доданд.
Бино ба хабарҳо, ҳодиса рӯзи 24 июли соли 2024 дар гузаргоҳи Фарғона (Ферганский проезд) дар ноҳияи Вихино-Жулебино дар ҷанубуғарби пойтахти Русия рӯй дод.
Бино ба нақли Муҳаммадҷон, ӯ ҳангоми кашондани фармоишҳои “Яндекс Лавки”, вақте ки аз назди майдончаи бозии кӯдакон дар гузаргоҳи Фарғона мегузашт, мардеро дид, ки ба як зани кӯдакдор ҳамла оварда, кӯдакашро аз дасташ кашида гирифт ва бидуни ягон фикр билофосила ба кумаки он зан шитофт ва ба таъқиби марди кӯдакдузд пардохт.
Ин лаҳза дар дурбини видеокамераҳои назоратӣ низ афтодааст. Дар сабт дида мешавад, ки як мард дар даруни боғ ба зани кӯдакдор ҳамла оварда, ӯро зада, аз пой меафтонад ва кӯдакашро аз дасташ кашида мегирад. Дар сабт ҳамчунин курери савори скутер дида мешавад, ки бо дидани ин ҳолат бошитоб аз скутераш пиёда шуда, марди кӯдакдуздро таъқиб мекунад.
Муҳаммадҷон дар суҳбаташ бо журналистон ҳодисаро чунин нақл кард: “Ман ин мардро пеш аз ин ҳодиса дар назди нуқтаи фармоишҳои “Яндекс Лавки” дида будам, ки ин сӯ, он сӯ мегашт. Ман фармоишро гирифта, барои бурдану расондани он ба роҳ баромадам. Ногаҳон дида м, ки ин мард ба зан дарафтод. Вақте ки ӯ кӯдаки занро кашида гирифт, ман аз пасаш давидам. Ман мехостам, кӯдакро баргардонам, чунки маълум набуд, ки ӯ кӯдакро куҷо бурданӣ аст? Вақте ман таъқибаш кардам, ӯ кӯдакро ба замин партофт ва гуфт, ки “маро бубахшед, ман дигар ин корро намекунам”. Ман он мардро дарёб карда, чанд шаттааш задам. Ӯ афтид ва ман ӯро барои он кӯдак ду зарбаи дигар задам. Мехостам дастгираш кунам, вале ӯ халос хӯрд ва гурехт. Маен бошам кӯдакро гирифта, ба пеши модараш рафтам. Онҷо духтари калонии он зан ҳам буд. Ӯ ба ман ташаккур гуфт. Мо то омадани мошини “Ёрии таъҷилӣ” мунтазир истодем ва сипас ман аз паси корам рафтам”.
Пулис баъди чанде марди кӯдакдуздро дастгир кард. Ӯ Алексей Кириченкои 27-сола буда, қаблан барои қаллобӣ ва ба садамаи нақлиётие, ки боиси осеби вазнин ба саломатӣ шудааст, зиндонӣ шуда буд. Маълум шуд, ки ӯ ба як зани ношинос ҳамла оварда, тифли навзоди соли таваллудаш 2024-ро аз дасти ин зан рабудааст.
Бино ба натиҷаҳои ташхиси табибон, бар асари кӯдакро бо шаст ба замин партофтани кӯдакдузд, тифли навзод осеби косахонаву мағзи сар ва ҳамчунин аз қисмати қафчаи сина ва аъзои дигари бадан осебу ҷароҳат бардошта, майнаи сараш ҳам ҷунбидааст.
Ин парвандаро додситонии шаҳри Маскав таҳти назорат гирифтааст. Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскав хабар дод, ки дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми дуюми моддаи 126 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми одамрабоӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.
“Нафари муттаҳам боздошт шуд. Ӯ марди соли таваллудаш 1997 аст. Ба зудӣ ба зидди ӯ айбнома эълон шуда, чораи пешгирӣ нисбат ба ӯ интихоб карда мешавад”, — хабар додааст тафтишот. Ба Кириченко барои дуздидани кӯдак аз 5 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Бино ба фарзияи тафтишот, кӯдакдузд бо истифода аз зӯроварӣ кӯдаки навзодаи як зани ношиносро кашида гирифта, “кӯшиш кардааст, ки фирор кунад, вале як шоҳиди ҳодиса ӯро таъқиб кардааст. Дар натиҷа гумонбаршаванда тифли навзодаро ба замин партофт, ки боиси ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ бардоштани кӯдак шуд”. Вале Сарраёсати тафтишоти Маскав номи ҷавони тоҷикро, ки кӯдакро аз дасти кӯдакдузд наҷот дод, зикр накарда, ӯро танҳо ҳамчун “шоҳиди ҳодиса” ном бурдааст.