Дар ин авохир нархи як кило гӯшти гов дар шаҳри Душанбе ҳудуди 20 дарсади дигар боло рафт. Агар то идиӣ Қурбон як кило гӯшт ҳудуди 70 сомонӣ нарх дошт, ҳоло аз 85 то 88 сомонӣ шудааст. Дар ноҳияҳои атрофи пойтахт низ нархи гӯшт боло рафта, ҳоло аз 80 сомонӣ болост.
Табиист, ки рӯзи 24 июли соли 2024 дар нишасти хабарии вазорати кишоварзии Тоҷикистон мавзӯи нархи гӯшт яке аз мавзӯъҳои асосӣ шуд. Бино ба гузориши “Азия Плюс”, Нигина Анварӣ, муовини вазири кишоварзӣ гуфт, саршумори чорвои калон дар кишвар дар як соли охир 100 ҳазор сар, ё қариб 4 фоиз афзуда, ба миллиону 706 ҳазор сар наздик шудааст.
Аммо дар посух ба ин суол, ки пас чаро бо вуҷуди афзоиши саршумори чорво нархи гӯшт дар бозорҳои ҷумҳурӣ ҳамчунон боло меравад?, Нигина Анварӣ посух дод, ки ҳоло аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар гӯшт содирот гамешавад ва ҳамин тавр аз хориҷ низ ба Тоҷикистон гӯшт ворид карда намешавад.
“Мо 99,9 дарсад аҳолиро бо гӯшт таъмин мекунем, вале сабаби поён наомадани нархи он зиёд шудани талаботи аҳолӣ ва воридоти хӯроки чорво аз хориҷа аст”, – иброз доштааст Анварӣ.
Аммо хонум Анварӣ шарҳ надодааст, ки кадом хӯроки чорво ва аз кадом кишвар ба Тоҷикистон ворид мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар саросари кишвар барои хӯроки чорво асосан алаф, ҷуворӣ ва коҳ захира мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Машокир Назарзода, муовини дигари вазири кишоварзӣ гуфт, сол ба сол теъдоди аҳолӣ дар Тоҷикикистон зиёд мешавад ва талаботи аҳолӣ ба гӯшт афзоиш меёбад, вале имконоти мавҷуда талаботи ҷомеаро ҳамоно таъмин карда наметавонанд.
Назарзода барои мисол гуфт, ки тибқи сабади истеъмолӣ ба ҳар як шаҳрванди кишвар дар як сол 18 кило гӯшти мурғ рост меояд, вале дар кишвар ҳоло 5,5 кг гӯшти мурғ истеҳсол мегардад.
Ӯ афзуд, ки имрӯз дар шаҳрҳои кишвар бештар гӯшт истеъмол мешавад, зеро сокинон дастикам ду маротиба дар ошхонаҳо таом мехӯранд, ки бегӯшт нест. Ба гуфтаи масъулони вазорат, ҳоло бархе сокинон ҳатто хӯроки наҳории худро дар тарабхонаву ошхонаҳо фармоиш медиҳанд.
Ғайр аз ин, Назарзода сабаби дигари афзоиш ёфтани талаботи сокинон ба гӯштро ба баргузории тӯю маъракаҳо иртибот дод.
Аммо ин гуфтаи муовини вазири кишоварзӣ дар ҳолест, ки қонуни танзим таоми тӯю маъракаҳоро ба танзим медарорад ва нафарони қонунро поймолкунанда ҷарима мешаванд. Ба болои ин, Кумитаи дин пайваста ҳисобот медиҳад, ки гӯё бо шарофати қонуни танзим забҳи чорво барои тӯю маъракаҳо дар Тоҷикистон солбасол камтару камтар мешавад.
Иддаои масъулони вазорати кишоварзӣ дар бораи бештар гӯштхӯр шудани аҳолии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин ҷумҳурӣ аз лиҳози истеъмоли гӯшт ба ҳар сари аҳолӣ дар байни кишварҳои собиқ СССР зинаи аз ҳама охирро ишғол мекунад.
Ба ҳисоби Барномаи хӯроквории Созмони Милал, соли 2021 дар сабати истеъмолии сокинони Тоҷикистон истеъмоли гӯшт ҳамагӣ 14,9 килоро ташкил медод ва ин дар ҳолест ки меъёри ҳадди ақали истеъмоли гӯшт дар дунё ба ҳар сари аҳолӣ дар як сол дастикам 40 кило баровард шудааст. Мутахассисон мегӯянд, ҳаҷми воқеии истеъмоли гӯшт ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон 25 килоро ташкил медиҳад, вале ин ҳам аз меъёри ҷаҳонӣ хеле камтар аст. Барои муқоиса, ба ҳисоби нашрияи англисии “The Telegraph”, ҳар сокини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико солона то 120 кило гӯшт истеъмол мекунад. Ин нишондиҳанда дар Кувайт 119,5 кило, дар Австралия 111,5 кило ва дар Люксембург қариб 108 килоро ташкил дода, дар Русия ҳар сокинонаш солона беш аз 70 кило гӯштро нӯши ҷон мекардааст.
Дар айни замон, ҳаҷми солонаи истеъмоли гӯшт ба ҳар сари аҳолӣ дар Бангладеш ҳамагӣ 4 кило, дар Ҳиндустон 4,4 кило, дар Бурунди чизе бештар аз 5 кило, дар Шри-Ланка 6,3 кило ва дар Руанда 6,5 килоро ташкил медиҳад.