ВКД: ДАР САДАМАИ ДАҲШАТБОР ДАР МАСТЧОҲ 8 НАФАР ҶОН ДОДА, ДУ КАСИ ДИГАР ЗАХМӢ ШУД
ВКД Тоҷикистон бархе ҷузъиёти садамаи пурқурбонӣ дар километри 333-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқро нашр кард. Дар он садамаи субҳи 24 июли соли 2024 бар асари бархӯрди ду “Опел” 8 нафар, аз ҷумла 5 узви оилаи Ҳасанзодаҳо аз ноҳияи Мастчоҳ ба ҳалокат расиданд. Қаблан гузориш шуда буд, ки он субҳи наҳс 5 узви оилаи Ҳасанзодаҳо аз ҷамоати Фотеҳобод барои пешвоз гирифтани фарзандашон, ки аз муҳоҷирати корӣ бармегашт, ба фурудгоҳи Хуҷанд рафта, баъди гирифтани фарзандашон ба хона бармегаштанд. Бехабар аз онки ба истиқболи марги худ рафта истодаанд.
Бино ба гузориши маркази матбуоти ВКД, 24-уми июли соли 2024, тахминан соати 09:40, ронандаи мошини тамғаи «Opel Astra j» Ҳасанзода Фозил, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар километри 333-юми шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар ҳудуди роҳи мошингарди ноҳияи Б.Ғафуров ва ноҳияи Мастчоҳ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи «Opel Astra H» таҳти идораи Сангинов Зоҳир, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи «Opel Astra G» Ҳасанзода Ф. ва мусофирони мошини мазкур Ҳасанзода Зуҳро, соли таваллудаш 1985, Ҳасанзода Абумуслим, соли таваллудаш 2002, Ҳасанзода Абдулазиз, соли таваллудаш 2004, Ҳасанзода Муслима, соли таваллудаш 2014, сокинони ноҳияи Мастчоҳ ва ронандаи мошини тамғаи «Opel Astra H» Сангинов З. ва мусофири мошини мазкур Хидиров Шариф, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Гулистон, Исроилова Гулноза, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Мастчоҳ аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирон Исроилова Маҳлиё, соли таваллудаш 2003 ва Раҳматзода Бобоҳасан, соли таваллудаш 2007, сокинони ноҳияи Мастчоҳ, бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамчунин, нимаи дуюми рӯзи 23-юми июли соли 2024, тахминан соати 18:51, ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Версо», Ғаниев Ҳамзалӣ Абдувалиевич, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд тавассути шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии канори роҳ ба масофаи 18 метр сарозер шудааст. Дар натиҷа, мусофирони ин мошин Раҳмонова Шаҳодат, соли таваллудаш 1971 ва Иброҳимова Моҳиниссо, соли таваллудаш 1982, сокинони ноҳияи Б.Ғафуров, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Муттаассифона, даҳҳо тан аз қурбониёни ин садамаҳо кӯдакону наврасонанд.