ВидеоСиёсатТоҷикистон

ВАЗИРИ СОБИҚИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ АЗ ҲАБС ОЗОД ШУДААСТ

Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” рӯзи 25 июли соли 2024 аз Душанбе хабар доданд, ки вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафири собиқи ин кишвар дар Амрико ва Япония Ҳамрохон Зарифӣ баъди қариб як моҳи дар ҳабс ба сар бурданаш аз ҳабс озод шудааст. Ин манобеъ дар бораи таҳти чӣ гуна шарту шурут озод шудани Ҳамрохон Зарифӣ изҳори бехабарӣ карданд ва маълум нест, ки оё ӯро шартан озод кардаанд ваё таҳти ҳабси хонагӣ қарор додаанд?

Ҳамрохон Зарифӣ баъди бознишаста шуданаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бавижа дар Фейсбук хеле фаъол буд, вале саҳифааш дар Фейсбук аз 29 май ба ин тараф нав нашудааст ва месенҷери ин шабака низ менависад, ки Зарифӣ феълан ба чат дастрасӣ надорад.

Манобеи “Бомдод” мегӯянд, ки Зарифиро рӯзи 12 июл, дуруст як моҳ баъди боздошташ ҷавоб додаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун хабари боздошт ва инак раҳоии раҳбари собиқи идораи сиёсати хориҷии ин кишварро ба ягон наҳв шарҳ надодаанд.

Манобеи ғайрирасмӣ қаблан хабар дода буданд, ки Ҳамрохон Зарифӣ рӯзи 12 июни соли 2024, дар рӯзи бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” боздошт шудани вакили парлумон ва номзади собиқ ба президентии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода ва билофосила баъди ӯ дастгир шуда буд. Ҳамон рӯз, ба гуфтаи манобеи ғайрирасмӣ, собиқ иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон ва раиси собиқи Шӯрои олӣ Акбаршо Искандаров низ ба ҳабс гирифта шуд.

Манобеъ боздошти ин ду мансабдори дар гузашта баландпоя ва боз чанд нафари дигари дар ҷомиа шинохта, аз ҷумла чанд афсари собиқи ниҳодҳои амниятӣ, муовинони раисони ду ҳизби демократ ва сотсиал демократ Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимовро низ ба парвандаи пурсарусадои Усмонзода рабт медоданд. Комилзода моҳи июн ва Ҳакимов 12 июл дастгир шуданд.

Мақомот то кунун дар бораи боздошти афроди дигар дар парвандаи Усмонзода, ки ба “ғасби ҳокимият” ва дархости 10 миллион доллар аз намояндаи як кишвари хориҷӣ барои амалӣ сохтани ин нақша айбдор мешавад, ягон иттилоъ надодаанд, ҳарчанд додситони кул рӯзи 12 июн, вақте аз парлумон бекор кардани дахлнопазирии вакилии Усмонзода ва иҷозати ҳабси ӯро дархост мекард, гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода “ва дигарон” кушода шудааст. Ӯ он вақт ифшо накард, ки “ва дигарон” киҳоянд?

Ҳамрохон Зарифӣ 75 сол дошта, чанд сол боз бознишаста шуда буд. Бархе манобеъ мегӯянд, гӯё Саидҷаъфар Усмонзода баъди мулоқоти махфиаш бо як генерали рус бо чанд нафар, аз ҷумла бо Зарифӣ, мулоқот доштааст ва ҳоло ҳамаи онҳоеро, ки бо Усмонзода тамос доштанд, бозҷӯӣ карда истодаанд. Сарусадоҳое ҳам вуҷуд дорад, ки гӯё он генерали рус зимни сафари махфиаш ба Тоҷикистон нафақат бо Усмонзода, балки боз бо чанд нафари дигари бонуфуз суҳбатҳо доштааст ва ҳоло ҳамаи онҳое, ки пои суҳбати он гумоштаи мақомоти ҷосусии Русия нишаста буданд, зери заррабини мақомот қарор гирифтаанд. Тасдиқи ин иддао тавассути манобеи мустақил дар ҳозир ҳозир ғайримумкин ба назар мерасад.

Дар робита ба боздошти Ҳамрохон Зарифӣ фарзияи дигаре низ вуҷуд дошт, ки гӯё парвандаи ӯ  “ба ҷинояти иқтисодӣ ва ба кораш дар сохтмони бинои вазорати корҳои хориҷӣ рабт дорад.” Бинои 8-қабатаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар маркази Душанбе, дар наздикии Қасри миллат ва милаи Парчам дар замони вазирии Зарифӣ бо харҷи 73 миллион сомонӣ (тақрибан 15 миллион доллар бо қурби он солҳо) сохта шуда, 15 марти соли 2013 ба истифода дода шуда буд.

Ҳамрохон Зарифӣ 25 декабри соли 1948 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, соли 1971 риштаи физика ва математикаи Донишкадаи омӯзгории Кӯлобро хатм кардааст. Ӯ аз соли 1974 то 1993 дар сохторҳои КГБ кор карда, аз соли 1993 ба кори дипломатӣ гузашт. Зарифӣ аз соли 1996 то 2002 сафири Тоҷикистон дар Австрияву Маҷористону Словакия ва САҲА, аз 2002 то 2006 сафири Тоҷикистон дар Амрико, аз 2006 то 2013 вазири корҳои хориҷӣ ва баъдан то замони бознишаста шуданаш сафири Тоҷикистон дар Япония буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button