СЕ ТОҶИК ДАР ДАРУНИ ТАРБУЗҲО ПИНҲОН ШУДА, МЕХОСТАНД АЗ МАРЗИ РУСИЯ ГУЗАРАНД (АКС)
Додгоҳи ноҳияи Оқболоқи вилояти Оренбурги Русия рӯзи 23 июли соли 2023 се шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Русия муттаҳам мешаванд, барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.
Бино ба иттилои расмӣ ин се зодаи Тоҷикистон қаблан дар Русия бо ҷурми даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин ва миёна маҳкум ба зиндон шуда, баъди адои ҷазояшон аз Русия ихроҷ ва аз ҳаққи убури марзи ин кишвар маҳрум шуда буданд. Аммо онҳо бо вуҷуди онки аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум будани худро медонистанд, талош кардаанд, ки ба ҳар роҳу васила худро то ба Русия бирасонанд.
Онҳо дар ин бобат тавонистаанд бо як ронандаи сокини вилояти Оренбург бо фурааш аз Осиёи Марказӣ ба Русия тарбуз мебурд, муомила кунанд. Ин ронанда ба эҳтимоли ғолиб дар ивази пул розӣ шудааст, ки се шаҳрванди Тоҷикистонро дар дохили тарбузҳо пинҳон карда, аз марз гузаронад. Се муҳоҷир бо ин мошин бо гузаргоҳи “Жайсан” омада, дар ин ҷо аз мошин фаромадаанд ва пои пиёда марзи Қазоқистонро гузаштаанд.
Баъди наздик шудан ба гузаргоҳи “Сағарчин”, ки дар хатти марзи Русия қарор дорад, се муҳоҷири тоҷик дубора дохили фура даромада, дар байни қуттиҳои тарбуз пинҳон шудаанд.
Аммо ҳилаи онҳо кор надод ва марзбонони рус дар гузаргоҳи “Сағарчин” ин се муҳоҷирро аз байни тарбузҳо пайдо ва дастгир кардаанд.
Ҳарсеро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта, нисбат ба онҳо бар асоси қисми сеюми моддаи 322 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи Русия аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба онҳо бар асоси ин банди қонуни Русия то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Ронандаи фура низ барои худ дарди сари ҷиддӣ “харид”. Нисбат ба вай бар асоси асоси қисми якуми моддаи 322.1 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунб парванда кушодаанд ва ба ӯ ҳам то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Мошини фура низ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст. Дар бораи сарнавишти тарбузҳои дохили ин фура ягон маълумот дода нашудааст.
Ҳар сол мақомоти Русия даҳҳо ҳазор муҳоҷирро азӣ ҳаққи убури марзҳои ин кишвар маҳрум мекунанд. Хориҷиҳое, ки дар Русия бо ягон ҷурм зиндонӣ мешаванд, низ дар пайи адои ҳукмашон аз Русия ихроҷ ва аз ҳаққи бозгашт ба ин кишвар барои муддати тӯлонӣ маҳрум карда мешаванд.
Бино ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ аз Русия беш аз 3400 шаҳрванди тоҷикро ихроҷ кардаанд. Аксари онҳо ба муҳлати аз 3 то 5 сол ва бархеаш ба муҳлати аз ин ҳам бештар аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карда шудаанд.
Дар шароити Тоҷикистон, ки манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳояш пулҳои фиристодаи фарзандони муҳоҷирашон ба шумор меравад, ихроҷу аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум шудани ҳар муҳоҷир ба маънои аз манбаи асосии таъмини зиндагиаш маҳрум шудани дастикам як хонавода мебошад.
Аксҳо аз Раёсати марзбонии ФСБ Русия дар вилояти Оренбург