Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 23 июли соли 2024 аз анҷоми тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Панҷакент Ғолиб Муродзода хабар дод. Муродзода ва шариконаш ба гирифтани беш аз 58 ҳазор сомонӣ пора дар ивази ваъдаи ҷудо кардани қитъаҳои замин айбдор мешаванд. Хабари боздошти Ғолиб Муродзода ва сардори собиқи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон Қурбон Усмоновро аввалин шуда, ҳанӯз дар аввали моҳи майи соли ҷорӣ пойгоҳи хабарии “Бомдод” нашр карда буд.
Худи Муродзода ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба гузориши маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия, “тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Панҷакент Муродзода Ғ.М. нишон дод, ки номбурда аз 25 июли соли 2023 дар ин вазифа кору фаъолият намуда, ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар давраи фаъолияти кориаш бо сӯиистифода аз ваколатҳои мансабиаш дар давоми солҳои 2023 ва 2024 дар 4 ҳолат аз шаҳрвандон барои омода кардан ва тартиб додани пешниҳод ба унвони раиси шаҳри Панҷакент ва мусоидат намудан ҷиҳати гирифтани қарори раиси шаҳр оид ба ҷудо кардани қитъаи замин ҷамъ маблағи 18 000 сомониро ғайриқонунӣ гирифта, онро тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст”.
Ғайр аз ин, гуфта мешавад дар иттилоияи Агентӣ, “Муродзода Ғ.М. кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, давоми моҳҳои феврал-апрели соли 2024 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо роҳбари кооперативи тиҷоратии “Ҳаёти нав” Зиёвидинов У.Ҳ. амал карда, барои ба фурӯш баровардани 0,20 гектар (яъне 20 сотих) қитъаи замин аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент аз шаҳрванд А.А. ҷамъ маблағи 40 ҳазору 047,5 сомониро гирифтанд, ки дар натиҷа дар ҷойи ҳодиса аз тарафи кормандони Агентӣ дастгир карда шуданд”.
Оид ба ин ҳолатҳо нисбат ба Ғолиб Муродзода ва дигарон бар асоси моддаҳои 247, қисми 2, бандҳои “в,г”, 314, қисми 1 ва 319, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ, сӯиистифода аз мансаб ва гирифтани пора аз ҷониби мансабдор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ин парванда баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол карда шудааст. Ба Муродзода ва шариконаш барои қаллобӣ бо истифода аз мансаб бар асоси қисми дуюми моддаи 247 ҷарима ваё аз 2 то 5 соли зиндон, барои сӯиистифода аз мансаб бар асоси қисми якуми моддаи 314 ҷарима ваё то 3 соли зиндон ва барои гирифтани пора бар асоси қисми якуми моддаи 319 ҷаримаи ҳангуфт ба маблағи аз 262 ҳазору 800 то 657 ҳазор сомонӣ ваё то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Ёдовар мешавем, манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар шаҳри Панҷакент ҳанӯз дар аввали моҳи майи соли 2024 хабар доданд, ки кормандони Агентии мубориза бо коррупсия ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли ҷорӣ ду мансабдори баландпояву бонуфуз дар ин минтақаро бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ дастгир кардаанд. Як манбаи огоҳ аз ҷараёни қазия ба “Бомдод” гуфта буд, раиси кумитаи замини шаҳри Панҷакент Ғолиб Муродзода ва раиси идораи беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон Қурбон Усмонов ҳарду дар СИЗО, ё боздоштгоҳи шаҳри Истаравшан нигоҳ дошта мешаванд.
Як манбаи наздик ба шаҳрдории Панҷакент бо тасдиқи ин хабар гуфта буд: “Ягон 20 рӯз гузашт аз дастгир шудани Ғолиб Муродзода ва Қурбон Усмонов. Ҳоло дар СИЗОи Истаравшан қарор доранд ҳардуяшон. Инҳоро коррупсия ва амният қапидааст”.
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 29 июни соли 2024 боздошти Қурбон Усмоновро тасдиқ кард. Маркази матбуоти агентӣ гуфт, “вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Саразм”, №29 – Усмонов Қ.И. аз 19 сентябри соли 2019, то инҷониб дар вазифаи сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон (минбаъд – ИДБЗ ва ОҲДЗ) фаъолият намуда, қасдан ва бо мақсади тасарруфи маблағҳои буҷетӣ зимни иҷроиши корҳои сохтмонӣ дар иншооти “Сохтмони пойгоҳи обкашӣ дар мавзеи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент” қубурҳои қаблан истифодашударо бо нархи нисбатан арзон харидорӣ намуда, дар як маврид фарқияти маблағи 1 миллиону 068 ҳазору 650 сомонии ба ин мақсад пешбинишударо, ки ба ў бовар карда супорида шуда, дар ихтиёраш қарор дошт, бо роҳи азонихудкунӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ тасарруф намуд”.
Оиди ин ҳолат нисбати Усмонов Қ.И. бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: 245, қисми 4, банди «б» (тасарруфи маблағҳо ба миқдори махсусан бузург) ва 323 (сохтакории хидматӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушода, баъди анҷоми тафтиш ин парвандаро ба додгоҳ супурдаанд.
Ба Қурбон Усмонов барои сохтакорӣ бо истифода аз мақом ҷарима ё то 2 соли зиндон ва барои тасарруфи маблағҳо ҷарима ё аз 10 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Кумитаҳои замин яке аз фасодзадатарин идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистони аҳолиаш дар ҳоли афзоиш дониста мешаванд. Танҳо дар моҳи апрели соли 2024 раисони Кумитаҳои замини ду шаҳри Кӯлобу Панҷакент ва ноҳияи Хуросон бо иттиҳоми гирифтани пора дар ивази ваъдаи ҷудо кардани қитъаҳои замин дастгир карда шуданд.

