ВидеоФарҳанг

 МАН МАСТУ Ӯ ДЕВОНА… ОВОЗХОНИ ТОҶИК ОСИЯ МОҶАРОИ МАСТИАШРО ШАРҲ ДОД

Овозхони 28-солаи тоҷик Ҳабиба Бозорова, ки бо тахаллуси Осия ҳунарнамоӣ мекунад, рӯзи 24 июли соли 2024 дар мусоҳиба бо нашрияи “Оила”аз ҷониби кормандони БДА  ҷарима шуданаш ба маблағи 21 ҳазору 600 сомониро тасдиқ кард ва гуфт, маблағи ҷаримаро алакай пурра пардохт кардааст. Осия гуфт, ҳодиса рӯзи 19 июл дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Ҳабиба Бозорова шарҳ дод, ки чаро рондани мошинашро ба каси дигар бовар кард?

“Азбаски ман маст будам, нахостам, ки қонунро вайрон кунам. Бино бар ин, идораи воситаи нақлиётамро ба ихтиёри дӯстам гузоштам, вале намедонистам, ки ӯ ҳам дар ҳолати мастӣ қарор доштааст”, – гуфтааст Осия.

Бисёриҳо навиштаанд, ки ин қазия ҳамон мисраи машҳури “Ман масту ту девона, моро кӣ барад хона?”-ро ба ёд меорад.

Ҳабиба Бозорова 29 майи соли 1996 дар шаҳри Бохтар ба дунё омада, баъди ҷудо шудан аз шавҳар се духтари хурдсолашро ба танҳоӣ тарбия мекунад.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 24 июли соли 2024 хабар дод, аз ҷониби кормандони БДА дар пойтахти Тоҷикистон воситаи нақлиёти тамғаи “Рейнҷ Ровер”, рақамҳои қайди давлатиаш 53 28 МН 01 боздошт карда шуд. Дар натиҷаи санҷиш муайян гардидааст, ки воситаи нақлиёт ба шаҳрванд Бозорова Ҳабиба тааллуқ дошта, ӯ дидаву дониста идораи воситаи нақлиётро ба шаҳрванд Баракати Салим вогузор кардааст. Ва он ҳам дар ҳоле ки ҳарду дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Ҳабиба Бозорова тибқи талаботи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Нисбат ба Бозорова Ҳабиба барои ба одами маст додани ҳаққи рондани мошинаш ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 21 ҳазору 600 сомонӣ, ё қариб 2 ҳазор доллар таъйин гардида, Баракати Салим барои дар ҳолати мастӣ рондани мошин ба 15  шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд.

“Дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт дағалтарин қоидавайронкунӣ ба шумор меравад. Чунин ронанда дидаву дониста ҷони худ ва дигаронро зери хатар мегузорад”, – таъкид шудааст дар иттилоияи милитсияи пойтахти Тоҷикистон.

Номи Баракати Салим соли 2019 ба рӯйхатти сиёҳи ВКД дар байни ронандагоне, ки ҷаримаҳои барномаи “Шаҳри бехатар”-ро пардохт накардаанд афтода буд. ВКД он вақт хабар дод, ки сокини кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоев Баракати Салим бо мошини тамғаи “Тойота Королла”, рақамҳои қайди давлатиаш 55 33 АН 01, камаш 6 маротиба барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар дурбини “Шаҳри бехатар” афтодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Шармандагии зани точик ки аракхур бошад умед дорам.ки ина а телевизор нишон наметили.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button