ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЛАТТУКӮБИ ЯК НАВРАС ДАР НОШИЯИ АШТ ВА ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 20 ҲАЗОР ДОЛЛАР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 24 июли соли 2024

Лату кӯби ноболиғи 16-сола аз ҷониби ҳамсоли худ

1667

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Ашт бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда шаби 11-уми июли соли 2024, тахминан соати 22:30-дақиқа, бо ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Ашт вохӯрда, дар аснои муносибати оштинопазирии ба миёномада ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро лату кӯб намудааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Бо роҳи фиреб гирифтани 20 ҳазор доллари амрикоӣ

04

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Истаравшан бо роҳи фиреб ба боварии марди 61-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо ваъдаи аз Русия дастрас намудани маҳсулоти полезӣ аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button