ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО ВА АКСҲО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ 7 НАФАР, АЗ ҶУМЛА 5 УЗВИ ЯК ОИЛА, ДАР ЯК САДАМА ДАР МАСТЧОҲ

Рӯзи 24 июли соли 2024, тақрибан соати 10:30 дар роҳи Мастчоҳ Хуҷанд, дар даромадгоҳи ноҳияи Мастчоҳ дар натиҷаи ба ҳам бархӯрдани ду мошин садамаи вазнин рух дода, боиси ҳалокати 7 нафар, аз ҷумла 5 узви як хонавода шудааст.  “Азия Плюс” хабар дод, ин 5 узви як оила ба пешвози фарзанди муҳоҷиронашон ба фурудгоҳи Хуҷанд рафта, баъди пешвоз гирифтани фарзандашон ҳамроҳ ба хона бармегаштанд.

Муаллифи ин хабар Фарзона Муродӣ афзудааст, ки ду тан аз қурбониёни ин садамаи вазнин кӯдакони ноболиғанд.

Як масъули ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ хабар додааст,  ки 5 нафар аз ҳалокшудагон аъзои як оила аз ҷамоати деҳоти Фотеҳободи ин ноҳия буда, субҳи 24 июл барои пешвоз гирифтани фарзандашон ба Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд рафтаанд.

“Баъди пешвози муҳоҷир, падари хонадон ва дигар аҳли оила ба самти ноҳия ҳаракат карданд. Дар роҳи даромадгоҳи ноҳия нақлиёти сабукрави кироякаш (таксӣ), ки самти ҳаракаташ Ойбек – Душанбе буд, бо мошини ҳомили 5 узви як оила бармехӯрад”, – гуфтааст ин масъул ба Фарзона Муродӣ.

Мақомот то ҳол расман дар ин бора маълумот надодаанд.

Сабаби рух додани ҳодиса ҳам дақиқ нест.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Муттаассифона, даҳҳо тан аз қурбониёни ин садамаҳо кӯдакону наврасонанд.

Аксҳо аз Фарзона Муродӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button