ВидеоКоррупсия

МУДИРИ ШУЪБАИ ШАҲДОРИИ ИСФАРАРО БАРОИ ПОРАГИРӢ ҶАРИМА БАСТА, АЗ МАНСАБ РОНДАНД

Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, рӯзи 22 июли соли 2024 дар нишасти хабариаш бо ҷурми тасарруфи маблағҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашонида шудани як мансабдори баландпояи шаҳрдориро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, Искандар Шафеиён, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара ҳам ҷарима баста шуд ва аз ҳам аз мансаби худ маҳрум гардид.

“Кораш то суд  рафт, суд ҷазои худро татбиқ кард, яъне ҷарима таъин кард ва Шафеиён аз вазифа озод карда шуд”, – хабар дод шаҳрдори Исфара. Аммо Баҳодурзода дар ин бора, ки ҳукми Шафеиён кай ва аз ҷониби кадом додгоҳ содир шуд ва оё ӯ ба кадом маблағ ҷарима баста шуд?, ягон иттилои дигар надодааст.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 29 апрели соли 2024 аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва ба додгоҳ супурдани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди Искандар Шафеиён, як мансабдори баландпояи шаҳрдории Исфара бо иттиҳоми гирифтани пора ба маблағи хеле бузурги 180 ҳазор сомонӣ (беш аз 16 ҳазор доллар) дар ивази ҷудо кардани қитъаҳои замин хабар дода буд. Искандар Шафеиён, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара, яке аз ду мансабдоре буд, ки моҳи январи соли 2022 дар ҷараёни муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон тир хӯрда буданд. Шафеиён он вақт беш аз 5 моҳро дар бемористонҳо барои табобат сарф карда, танҳо 1 июли соли 2022 тавонист ба сари кор баргардад.

Худи Шафеиён ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия гуфта буд,  ҷиноятҳое, ки ин мансабдор ба содир кардани онҳо айбдор мешавад, соли 2021, ҳанӯз то тир хӯрдани ӯ дар марз бо Қирғизистон содир шудаанд.

Маркази матбуоти агентӣ он вақт гуфта буд: “Зимни баррасии аризаи дастаҷамъонаи сокинони шаҳри Исфара муайян карда шуд, ки Шафеиён И.С. аз 1 марти соли 2021 дар вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара кор карда истода, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст. Чунончи, Шафеиён И.С. моҳи майи соли 2021 бо мақсади ба даст овардани даромади муфт бо истифода аз мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд А.Б. ва якчанд сокинони шаҳри Исфара даромада, бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ аз номбурдагон барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди маҳаллаҳои Сомониён ва Моҳпарии шаҳри Исфара барои сохтмони манзили истиқоматӣ маблағи 255 000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ дар якчанд маврид ҷамъ 180 000 сомониро гирифт. Шафеиён И.С. баъди гирифтани маблағи зикршуда ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, онро тасарруф намуда ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кард, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба шаҳрванд А.Б. ва дигарон зарари махсусан калони моддӣ расонид”.

Дар робита ба ҳолати мазкур нисбат ба Искандар Шафеиён парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247, қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи махсусан зиёд оғоз карда буданд. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 105 ҳазору 200 сомонӣ то 157 ҳазору 480 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то 12 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он пешбинӣ мекунад.  Вале таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аксари мансабдорони бо пора ба даст афтода дар ниҳоят бо пардохти ягон ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Ҷудо кардани қитъаҳои замин дар Тоҷикистони аҳолиаш рӯзафзун ба яке аз арсаҳои аз ҳама фасодзада табдил ёфтааст ва қариб ҳар моҳ дар бораи боздошти чандин мансабдори маҳаллӣ бо ҷурми гирифтани пора дар ивази ваъдаи ҷудо кардани замин хабарҳо ба даст мерасанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button