ҶАВОНЕРО, КИ ШАМЪҲОРО ДАР КАЛИСО ХОМӮШ КАРД, БА БЕМОРХОНАИ РӮҲӢ ФИРИСТОДАНД
Додситонии шаҳри Маскав рӯзи 23 июли соли 2024 хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Зюзинои пойтахти Русия ҳукми худро дар қиболи як ҷавони 20-солаи зодаи Тоҷикистон, ки ба хомӯш кардани шамъҳо дар калисои православӣ айбдор мешуд, содир кард.
Ин ҳодиса 18 июни соли 2024 рух дода буд. Коршиносон ба хулоса омаданд, ки ин ҷавон гирифтори бемории руҳӣ буда, масъули амали худ нест ва барои ҷамъият хатар доштани амалҳои анҷомдодаашро дарк намекард. Бино ба хулосаи коршиносон, ин ҷавон бояд барои табобат ба бемористони махсус фиристода шавад.
Бино ба иттилои додситонии Маскав, “додгоҳ бо дарназардошти мавқеи додститонии минтақаи Зюзино, муттаҳамро ба табобати маҷбурӣ дар муассисаи тиббии махсус маҳкум кард”.
Додситонии Маскав номи ин ҷавонро наовард, вале қаблан гузориш шуда буд, ки ӯ Аскар Бутаев ном дорад ва аз Тоҷикистон аст.
Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскав ҳанӯз рӯзи 24 июни соли 2024 аз анҷоми тафтиши парвандаи шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон Бӯтаев Аскар Алиҷонович, ки ба хомӯш кардани шамъҳо дар як маъбади православӣ дар ҷанубуғарби пойтахти Русия айбдор мешуд, хабар дода буд. Тафтишот бар асоси натиҷаи ташхиси равонии Бутаев ба хулосае омад, ки ӯ ҳангоми хомӯш кардани шамъҳо ба далели бемории равонӣ доштанаш масъули амали худ набуд ва хатараш ба ҷомиаро дарк намекард. Тафтишот хулоса дода буд, ки Аскар Бутаев бояд дар бемористони бемориҳои руҳӣ таҳти табобати маҷбурӣ қарор дода шавад.
Додгоҳи ноҳияи Зюзинои шаҳри Маскав рӯзи 19 июни соли 2024 шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон Бӯтаев Аскар Алиҷоновичро барои хомӯш кардани шамъҳо дар як маъбади православӣ барои ду моҳ, яъне то 18 августи соли 2024 ба ҳабс гирифта буд.
Бино ба фарзияи тафтишот, Аскар Бӯтаев рӯзи 18 июни соли 2024 рӯзона ба маъбади Фёдор Ушаков, воқеъ дар минтақаи Южное Бутово, дар наздикии истгоҳи метрои “Бульвар адмирала Ушакова”, омада, дар дохили маъбад “нисбат ба мазҳаби православӣ беэҳтиромӣ зоҳир карда, бо мақсади таҳқири эҳсосоти динии пайравони мазҳаби православӣ шамъҳоеро, ки диндорон дар ҷараёни маросими динӣ фурӯзон карда буданд, хомӯш кардааст”. Сарраёсати тафтишоти Маскав гуфт, ба болои ин, Бӯтаев баъди хомӯш кардани шамъҳо як зани намозгузорро, ки ба рафтораш эрод гирифта буд, тела додааст.
Дар видеое, ки намозгузорон сабт карда буданд, дида мешуд, ки як ҷавон ҷойнамоз дар даст вориди маъбад шуда, шамъҳоро хомӯш мекунад ва парвое ҳам надорад, ки ӯро дар ин лаҳза дар видео сабт карда истодаанд.
Бино ба иттилои дарёфтии “База”, “Аскар ҳамагӣ чанд рӯз қабл ба Маскав омада, дар як ҳостел дар қарибии маъбади Фёдор Ушаков зиндагӣ мекард”.