БОЗДОШТИ РЭПСАРОИ ТОҶИК “РАЛИК” ДАР ПАЙИ НАШРИ ВИДЕОИ ТАҲҚИРИ МАНСАБДОРОНИ БАЛАНДПОЯ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 23 июли соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук аз боздошти рэпсарои 25-солаи тоҷик Рамазон Муродов, ки дар байни мухлисони рэп бо тахаллуси “Ралик” маъруф аст, хабар дод. Боздошти “Ралик” дар пайи нашри видеои пурсарусадое дар канали ӯ дар Инстаграм сурат гирифт. “Ралик” дар ин видео бо лаҳни тунд чанде аз мансабдорони баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода ва муовини аввали ӯ Абдураҳмон Аламшозодаро таҳқир карда, ҳамчунин ба раиси “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллозода ва домоди президент Шамсулло Соҳибов таҳдид мекунад, ки “ҳаққи ҳалоли маро баргардонед, флешкае, ки дар дастам дорам, медиҳам, агар не, нашр мекунам”. Ӯ шарҳ надодааст, ки дар ин флешка чӣ мавод дорад?
Сабаби бо чунин лаҳни тунд ба раҳбарони баландпояи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарафтодани “Ралик” низ маълум нест. Вале ӯ як моҳ пеш дар як видео гуфта буд, ки “гапҳои гуфтании зиёд дорам, вале дар Инстаграм ба радиои “Озодӣ” муроҷиат кардам, касе ҷавобам надод”.
Маркази матбуоти милитсияи Душанбе дар хабари расмии боздошти ин рэпсаро ба видеоҳои “пур аз таҳқиру буҳтон нисбат ба кормандони мақомоти давлатӣ” рабт доштани ҳабси ӯро тасдиқ кардааст. Милитсия мегӯяд: “Санаи 23-юми июли соли ҷорӣ, барои дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” нашр намудани наворҳои пур аз таҳқиру буҳтон нисбат ба кормандони мақомоти давлатӣ, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Муродов Рамазон Ҳоҷиевич, санаи таваллудаш 21.12.1998, сокини ш.Душанбе дастгир карда шуд”.
Худи “Ралик” ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсияи Душанбе навиштааст: “Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда аз сабаби истеъмоли воситаҳои нашъадор дар ҳолати ниҳоят сахти мадҳушӣ қарор дошта, наворҳои мазкурро низ дар ҳолати мадҳушӣ сабт ва нашр кардааст”. Милитсия дар иттилоияаш таъкид кардааст, ки “Ралик” “ҳамчун нашъаманд дар қайди Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои наркологӣ қарор дорад”.
Дар иттилоия гуфта шудааст, ки ҳолати мазкур мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дошта, маводи зарурӣ тартиб дода шудааст. Аммо милитсия шарҳ надодааст, ки оё ба зидди рэпсаро бар асоси кадом банди қонун парванда кушодаанд?
Ин бори аввал нест, ки “Ралик” паси панҷара меафтад. Моҳи сентябри соли 2022 милитсияи Душанбе хабар дод, ки санаи 5-уми сентябр, дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур “шаҳрванд Муродов Рамазон Ҳоҷиевич, санаи таваллудаш 21.12.1998, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев дар ҷойи ҷамъиятӣ нисбати кормандони милитсия, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ қарор доштанд, беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи онҳоро паст задааст. Ҳамзамон, номбурда бо амалу рафтори нописандидаи худ ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, ба иҷрои уҳдадориҳои хизматии кормандони мақомоти милитсия шаҳри Душанбе мамониат эҷод намудааст”.
Он вақт “Ралик” бо ҷурми накардан ба амр ва талаботи қонунии кормандони милитсия аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда буд.
Вале Моҳира Муродова, модари Ралик он вақт гуфт, кормандони милитсия либоси мулкӣ дар тан доштанд ва Ралик одамони ношиносро дар даромадгоҳи бино дида, аз онҳо киву чӣ буданашонро пурсуҷӯ кардааст ва дар ин замина бо онҳо вориди баҳс шудааст. Кормандони милитсия ба наздикони рэпсаро гуфтаанд, ки Ралик бо ин баҳсаш ба кори онҳо халал расондааст.
Ралик асосан дар мавзӯъҳои ишқӣ ва мушкилоти ҷавонони тоҷик дар сабки рэп тарона месуруд. Канали ӯ дар Ютуб RaLiK Official беш аз 400 ҳазор обуначӣ дорад ва бархе таронаҳояш, аз ҷумла “Дона Дона” ва “Кабӯтар”, чандмиллионӣ тамошобин ҷамъ овардаанд.
Аммо соли 2023 молики ширкати “Салоҳ Ҳиҷома” чанд рэпсарои маъруфи тоҷик, аз ҷумла Шон МС ва “Ралик”-ро ба Ҳаҷ фиристод ва онҳо, аз ҷумла “Ралик” баъди зиёрати маконҳои муқаддас аз идомаи хондани рэп даст кашиданд.