Хабарҳои кӯтоҳ

АВБОШӢ ДАР МАҲАЛЛАИ 61-УМ, ДУЗДИИ ҶАВОНЗАН АЗ МАҒОЗА ВА ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ 2 ҶИП

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 23 июли соли 2024

Даст ба авбошӣ задани марди қаблан судшуда

145

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 22-юми июли соли 2024, тахминан соати 01:00, ҳангоми дар ҳудуди маҳаллаи 61-уми ноҳияи Фирдавсӣ қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 44-солаи сокини ноҳияи Қубодиён ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро зери лату кӯб қарор дода, бо корд 3 маротиба дар пойи росташ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани зани 36-сола бо ҷурми дуздӣ

15

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 36-солаи сокини ноҳияи Деваштич ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 18-уми июли соли 2024, тахминан соати 12:30-дақиқа, ба назди мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯрока, воқеъ дар ҶДММ «Бозори Ашроф»-и ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов омада, аз хазинаи мағоза, ки ба зани 66-солаи сокини ҳамин ноҳия тааллуқ дорад, 3 ҳазору 900 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ

1635

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда, моҳи ноябри соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 26-солаи сокини шаҳри Панҷакент даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тойота-Ландкрузер 200»-ро ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки бар ивази маблағи мазкур як манзили истиқоматии масоҳаташ 106,1-метри мураббаъро, ки дар кӯчаи Лучоби шаҳри Душанбе қарор дорад, ҳуҷҷатгузорӣ карда ба ӯ медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 15-уми майи соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз онҳо 1-адад автомашинаи тамғаи “Лексус”-ро ба маблағи 390 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағи автомашинаро пас аз 2 моҳ бармегардонад, аммо номбурда автомашинаи мазкурро ба гарав гузошта, 200 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button