АКСҲО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР СЕБИСТОНУ КӮШОНИЁН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 22 июли соли 2024 дар ду садамаи нақлиётӣ дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара ва Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён ду нафар ҷон бохта, чанд тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
22-юми июли соли 2024, тахминан соати 13:10-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи “Тойота Королла”, Саидов Ҷовидон Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи автомобилгарди “Душанбе-Кӯлоб”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, мошинро чаппа кардааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили мошин Мирзоалиева Шаҳло Нуралиевна, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Фархор, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, худи ронанда Саидов Ҷ.Р. ва мусофири дигари мошини мазкур Қосимов Содиқ, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
22-юми июли соли 2024, тахминан соати 12:10, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, Фаридунов Давлатёр Ҷумаевич, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти Панҷи поён ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба пояҳои бетонии қубури обгузар бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири мошин Ятимова Марҷона, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Муттаассифона, даҳҳо тан аз қурбониёни ин садамаҳо кӯдакону наврасонанд.